Лозиқия

Лозиқия (ар.

Аҳолияш 410 ҳазор нафар (2019). Дар соҳили б. Миёназамин воқеъ аст (бузургтарин бандари кишвар). Тавассути шоҳроҳҳо ба шаҳрҳои Ҳалаб, Хумс, Тароблис (Лубнон) ва тавассути роҳи ооҳан ба шаҳрҳои Ҳалабу Димашқ пайваст мешавад. Фурудгоҳи бйналмилалии ба номи Босил Асад дорад.

Маҳалли аҳолинишин
Лозиқия
ар. اللاذقية
Лозиқия
Нишон
Нишон
Кишвар Лозиқия [[|]]
Таърих ва ҷуғрофиё
Масоҳат
  • 58 км²
Баландии марказ 0 м
Аҳолӣ
Аҳолӣ
  • 700 000 тан (2009)
Шиносаҳои ададӣ
Пешшумораи телефон 041
elatakia.sy
Лозиқия Парвандаҳо дар Викианбор

Таърих

Шаҳр, ба гумони ғолиб, аз ҷониби Селевки аввали Никатор (тақрибан 358—281 ё 280 то мелод) дар маконе бо номи Рамита бунёд шудааст. Дар аввал яке аз бузургтарин марказҳои тиҷорӣ дар Сурияи Шимолӣ буд. Солҳои 494 ва 555 бар асари зилзилаи сахт хароб гашта, дубора эҳё шуд. Соли 638 ба ҳайати Хилофати Араб пайваст. Соли 968 сипоҳиёни Руми Шарқӣ (Бизонис), соли 1084 туркҳои салҷуқӣ ва соли 1097 салибиён шаҳрро тасхир карданд. Соли 1260 ба ҳайати графи Тароблис (яке аз чор графи таъсисдодаи салибиён дар Шарқ) ворид шуд. Соли 1287 аз ҷониби султони мамлукҳои Миср Мансур Қаловун фатҳ шуд. Аз аввали асри 16 дар ҳайати империяи Усмонӣ. Соли 1920 сипоҳиёни фаронсавӣ шаҳрро ишғол ва аз соли 1923 пойтахти давлати Алавиёни қаймумати Фаронса бар Сурия буд. Шаби 6 ва 7-уми октябри соли 1973 дар наздикии Лозиқия задухурди низомии неруҳои баҳрии Исроилу Сурия ба амал омад.

Ёдгориҳои таърихӣ ва фарҳангӣ

Лозиқия аз шаҳрҳои куҳнаи Сурия буда, ёдгориҳои давраҳои гуногун боқӣ мондааст. Шаҳр ба қисми болоӣ бо кӯчаҳои танг ва поинӣ бо кӯчаҳои васеъ иборат аст: Калисои Марями Муқаддас аз аҳди Бизонист ва Николаи Муқаддас, манора (асри 14), масҷиди ал-Кабир (асри 13) ва ал-Ҷадид (асри 18). Дар атрофи Лозиқия ҳамчунин харобаҳои шаҳри Угорит ва Қалъаи Салоҳиддин (асри 10) боқӣ мондаанд.

Илм ва маориф

Дар шаҳр Маркази таҳқиқоти баҳрӣ (1980), маҷмааи варзиш (1987), Д-гоҳи Октябр (1971), осорхона, корхонаҳои таҳияи ғизо, коркарди тамоку, чарм, пахта ва тавлиди абрешим фаъолият доранд.

Эзоҳ

Адабиёт

  • Густерин П. В. Города Арабского Востока. — М.: Восток—Запад, 2007. — 352 с. — (Энциклопедический справочник). — 2000 экз. — ISBN 978-5-478-00729-4.

Tags:

Лозиқия ТаърихЛозиқия Ёдгориҳои таърихӣ ва фарҳангӣЛозиқия Илм ва маорифЛозиқия ЭзоҳЛозиқия АдабиётЛозиқияЗабони арабӣСурия

🔥 Trending searches on Wiki Тоҷикӣ:

Таърихи ТабарӣИбораи рехтаСаҳифаи аслӣМаънои аслӣ ва маҷозии калимаҳоДевонШукурҷон ЗуҳуровЗабондонӣУқёнуси ОромТахачХокАфканишотТоҷикистонЯндексВитаминҳоҲокимияти давлатӣГенерал-губернатории ТуркистонТоҷикон (китоб)ЗабонХабар (дастури забон)МуродифАҳолӣШоҳномаМиланМеъёри ҳуқуқДонишкадаи исломии ТоҷикистонАмниятАхлоқ1969Тиҷорати электронӣМоҳӣКамол (гиёҳ)БедилЗабони лотинӣВазифаи ҳифзи табиатНоҳияҳои ДушанбеКамоли ХуҷандӣУмари ХайёмМушу гурбаСомонҲодӣ КенҷаевФотеҳ НиёзӣҶумҳурии Мардумии ЧинАвруосиёХуфтанИбора (дастури забон)ИдрокВаксинаДавлати СаффориёнЭшони АлломаТобистонФирдавсӣҲусайн Воизи КошифӣРӯдакӣШайбониёнЗайнуддин Маҳмуди ВосифӣТоҷикистон дар соли 2021Таърихи Ҷумҳурии ТоҷикистонТаърихи ТоҷикистонҲуқуқҶонишинҳои манфӣКишоварзӣ дар ТоҷикистонФарҳангҳои тоҷикӣ-форсӣАдабиёти бадеӣСӯҳонОсиёНоҳияҳои ТоҷикистонАълочии маорифи ТоҷикистонНизоми сиёсӣБонки миллии ТоҷикистонСосониёнШеърПайвандак (дастури забон)БайнаннаҳрайнБеморӣБомдод (намоз)Мактабҳои усули навТерроризм🡆 More