Кошон

Кошон (порсӣ: كاشان ) — шаҳрест маркази шаҳристони Кошони устони Исфаҳони Эрон, дар доманаи риштакӯҳҳои Кӯҳрӯд ва гузаргоҳи роҳи мошингарди Теҳрон — Язд ҷойгир аст.

Шаҳр
Кошон
كاشان
Кошон
Кишвар Эрон
Устон Исфаҳон
Шаҳристон Кошон
Таърих ва ҷуғрофиё
Масоҳат
  • 21 км²
Баландии марказ 942 м
Аҳолӣ
Аҳолӣ 248 789 тан (2006)
Забони расмӣ форсӣ
Шиносаҳои ададӣ
Пешшумораи телефон 0361
kashan.ir(форсӣ)
Кошон Парвандаҳо дар Викианбор

Таърих

Мувофиқи тахминҳои муҳаққиқони бостоншинос, маскун шудани одамон дар ин ҷо ба 6 ҳазор сол то м. рост меояд. Кошон аз даврони бостон то имрӯз ба номҳои Кай Оштон, Омбурудукус, Катсифунат, Косон, Косиён, Кошиён, Қошон, Қосон, Коҳфашон, Чиҳилҳисорон ва ғайра шуҳрат дошт. Ба бовари баъзе муҳаққиқони даврони исломӣ, сохтмони Кошон бо дастури Зубайдахотун, ҳамсари Ҳорунаррашид халифаи аббосӣ анҷом шудааст. Дар садаи XI бо фармони Маликшоҳи Салҷуқӣ шаҳр тавсеа ёфт. Дар миёнаҳои садаи XI Кошон аз ҳисоби истеҳсоли қолин шуҳрат пайдо кард. Дар оғози садаи XVI ва нимаи аввали садаи XVIII яке аз пойтахтҳои сулолаи Сафавиҳо буд. Соли 1778 дар натиҷаи заминларзаи шадид хароб гашт ва баъдан таъмиру тармим шуд.

Ёдгориҳои таърихӣ

Дар Кошон як қатор ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ боқӣ мондаанд: маъбади давраи Сосониён, Масҷиди ҷомеъ (1073; манора), манораи Зайнуддин (асри 12), масҷиди Майдон (1263—1264), оромгоҳи имомзода Ҳабиб ибни Мусо (1269-72) бо дахмаи шоҳ Аббоси 1 (1629), ҳаммом ва бозори гунбаздори Ҳоҷӣ Ҳусайнхон (асрҳои 16-17), масҷид ва мадрасаи Оғобузург (охири садаи XVIII ва аввали садаи XIX), биноҳои ба сабки порсии анъанавӣ сохташуда (қасри Аббос, охири садаи XVIII; қасрҳои Таботабоӣ, 1840, Амирӣ, миёнаҳои садаи XIX ва ғайра). Дар наздикии Кошон боқимондаҳои маҳаллаи таърихии Сиялк (7500 сол) дар теппаи Сиялк воқеъ аст.

Иқтисод

Иқтисоди Кошон асосан ба соҳаҳои кишоварзӣ, саноати нассоҷӣ, кулолгарӣ, маҳсулоти косибӣ, қолинбофӣ ва маснуоти заргарӣ такя мекунад.

Ашхоси маъруф

Риёзидон ва мунаҷҷими машҳур Ғиёсуддин Ҷамшеди Кошонӣ, адибон Бобоафзали Кошонӣ ва Суҳроби Сипеҳрӣ дар ҳамин шаҳр ба дунё омадаанд.

Адабиёт

  • فرهنگ شهرها و استانهای ایران، پژوهش و نگارش ایرج افشار سیستانی. تهران، ١٣٩١


Шаҳрҳои устони Исфаҳон
Ардистон | Исфаҳон | Ноин | Наҷафобод | Натанз | Муборака | Симерум | Фаридуншаҳр | Фаловарҷон | Кошон |Хур | Хумийнӣшаҳр | Хонсор | Чодигон | Шаҳризо

Tags:

Кошон ТаърихКошон Ёдгориҳои таърихӣКошон ИқтисодКошон Ашхоси маъруфКошон АдабиётКошонЗабони порсӣ

🔥 Trending searches on Wiki Тоҷикӣ:

Абдулҳамид СамадАбдусалом ДеҳотӣЗабони инглисӣЭнергияХилофати УмавиёнАфсонаТуркияАз Ориён то СомониёнТиҷорати электронӣҶанги шаҳрвандии ТоҷикистонЗардуштҶопонСуҳробИнтихоби табиӣСурияБайтНизоми сиёсии ТоҷикистонРӯзи ҷаҳонии коргарОшобаАудитМаҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии ТоҷикистонСафияи НосирМирзо ТурсунзодаАмир ОлимхонБандакҳои хабарӣМубтадоВарзишҶадидияЛубнон29 апрелСарбадоронӮзбекҳои ТоҷикистонВилоятҳои ӮзбекистонШамсиддини ШоҳинҶонишинҳои ишоратӣДонишкадаи давлатии омӯзгории Тоҷикистон дар ПанҷакентКишоварзӣ дар ТоҷикистонВоқеаҳои кунунӣВитаминҳоИстилоҳБосмачиҳоАдабиёти классикӣЗабонМеҳрнигори РустамИбни СиноАъзои ҷумлаЛибоси миллии тоҷиконСарезВикиманияҚобусномаӮзбекистонФатҳулло АҳмадовХати АвестоКитоби сурхБобоҷон ҒафуровИбораҳои феълӣҚонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»ВергулАлифбои тоҷикӣАбурайҳони БерунӣАввалин бонки молиявии хурдЗарфи монандӣКитоби сурхи Ҷумҳурии ТоҷикистонАкадемияи миллии илмҳои ТоҷикистонҶонваронApple Inc.ОвошиносӣНомгӯйи паррандагони Китоби сурхи ТоҷикистонХати оромӣРӯзи модарЗарбулмасалПурсишномаСадонокҳоНоҳияи Хуросон1 май🡆 More