Ноҳияи Хуросон (форсӣ: ناحیۀ خراسان) — яке аз ноҳияҳои идории вилояти Хатлон аст ва дар ҷануби Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷой дорад.
Маркази ноҳия шаҳраки Обикиик мебошад.
Кишвар | Тоҷикистон |
---|---|
Маркази маъмурӣ | Обикиик |
Таърих ва ҷуғрофиё | |
Вақти минтақавӣ | UTC+05:00 |
Аҳолӣ | |
Аҳолӣ |
|
Ноҳия дар қисми шимолии қаторкӯҳҳои Ғозималик ҷойгир буда, аз тарафи шарқ бо ноҳияҳои Ёвон ва ба номи Абдураҳмони Ҷомӣ, аз тарафи ҷануб бо ноҳияҳои Кӯшониён ва Дӯстӣ, аз ҷониби шимол бо ноҳияи Рӯдакӣ ҳамсарҳад мебошад. Маркази ноҳия шаҳраки Обикиик аз шаҳри Душанбе дар масофаи 45 км ва аз шаҳри Бохтар дар масофаи 40 км ҷойгир аст. Масоҳати ноҳия 896,1 км2 аст.
Мавзеи Ғозималик аз давраҳои қадим дар ҳудуди ҳамин минтақаи Тоҷикистон ном гирифтааст. Аз нуқтаи назари муаррихон, калимаи Ғозималик аз ду қисм иборат аст: Ғозӣ — калимаи арабӣ буда, ба касе нисбат дода мешавад, ки дар роҳи ислом мубориза бурда буд. Маънои калимаи Малик — «Султон», «Шоҳ» мебошад. Аз гуфтаҳо бармеояд, ки Ғозималик ободкунандаи ҳамин диёр буда, таърихан ин диёр ба номи ӯ номгузорӣ шудааст. Дар имрӯза ноҳияи Хуросон ёдгориҳои таърихии мутааллиқ ба асри 1-3-юми пеш аз милод аз давраи Кӯшониён (фарози назди деҳаи Сарбанд, Ҷамоати деҳоти Қизилқалъа) дарёфт гардида, дар он 800 адад нигораҳои таърихӣ аз давраҳои асри сангин мерос монда, дар осорхонаи мактаби № 14-и ноҳия нигоҳ дошта мешаванд. Инчунин ёдгориҳои таърихии мутааллиқ ба асрҳои миёна аз оромгоҳи уламои шариат Таъба Тобеин (аз деҳаи Тобини Ҷамоати деҳоти Ғаллаобод), ки зиёратгоҳи мардуми ноҳия ва берун аз он мебошад, бозёфт гардидааст. Инчунин дар ҳудуди ноҳия ёдгориҳои таърихии Қалъаи Ғозималик ва шаҳрчаи Ҳалқаҷар ҷойгир шудааст.
Соли 1936 ва аз нав 28 апрели соли 1983 ба номи ноҳияи Илич ташкил шуда, аз 12 марти соли 1992 номи ноҳияи Ғозималик ва аз 12 феврали соли 2004 номи ноҳияи Ғозималик ба ноҳияи Хуросон тағйир дода шуд.
Мардуми ноҳияи Хуросон ба забони тоҷикӣ сухан мегӯянд. Бар пояи омори соли 2016, ноҳияи Хуросон 105,6 ҳазор нафар ҷамъият дошт..
Сол | 2021 | 2022 |
Аҳолӣ, ҳазор наф. | 123,6 | 126,3 |
Бар асоси Қонуни тақсимоти кишварӣ, ноҳияи Хуросон 1 шаҳрак ва 4 ҷамоат. дорад:
Ҷамоатҳои ноҳияи Панҷ | |||||||||||
Ҷамоат | Аҳолӣ | ||||||||||
---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|
Обикиик, шаҳрак | 8500 | ||||||||||
Садриддин Айнӣ | 26724 | ||||||||||
Фахробод | 12264 | ||||||||||
Ғаллаобод | 18253 | ||||||||||
Ҳилолӣ | 18426 |
Сарвари ноҳияи Хуросон Раиси Ҳукумати он аст, ки аз ҷониби Раиси Ҷумҳури Тоҷикистон таъйин мегардад. Ниҳоди қонунгузори ноҳия — Маҷлиси намояндагони халқӣ мебошад, ки аз тарафи ҳама мардуми ноҳия ба муддати 5 сол интихоб мешавад.
This article uses material from the Wikipedia Тоҷикӣ article Ноҳияи Хуросон, which is released under the Creative Commons Attribution-ShareAlike 3.0 license ("CC BY-SA 3.0"); additional terms may apply (view authors). Муҳтаво таҳти иҷозатномаи CC BY-SA 4.0 ва ё дигар дастрас аст. Images, videos and audio are available under their respective licenses.
®Wikipedia is a registered trademark of the Wiki Foundation, Inc. Wiki Тоҷикӣ (DUHOCTRUNGQUOC.VN) is an independent company and has no affiliation with Wiki Foundation.