Дэвид Уорк Гриффит

Дэ́вид Лю́элин Уорк Гри́ффит (ҳамчунин Де́йвид Уо́рк Гри́ффит англ. David Llewelyn Wark Griffith; 22 январ 1875, Ла-Грейнҷ, Кентукки — 23 июл 1948, Ҳолливуд, Калифорния) — коргардон ва филмсози амрикоӣ.

Дэвид Уорк Гриффит
англ. David Llewelyn Wark Griffith
Дэвид Уорк Гриффит
Ном ба ҳангоми таваллуд: англ. David Llewelyn Wark Griffith
Таърихи таваллуд: 22 январ 1875(1875-01-22)[…]
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт 23 июл 1948(1948-07-23)[…] (73 сол)
Маҳалли марг:
Шаҳрвандӣ:
Касб: коргардони филм, ҳунарпеша, таҳиякунандаи филм, филмноманавис, тадвингар, таҳиякунандаи иҷроӣ, коргардон
Корнома: 19071931
Ҷоизаҳо:
IMDb: ID 0000428
Дэвид Уорк Гриффит Парвандаҳо дар Викианбор

Зиндагинома

Аз соли 1907 дар киностудияҳои «Эдисон» ва «Байограф» кор карда, нақшҳои лаҳзаӣ мебозид ва сужете барои филмҳо месохт; филмҳои кӯтоҳмуддат ё аз осори классикон филмҳо ба навор мегирифт. Дар Ҳолливуд низ кор кард ва соли 1915 (ҳамроҳ бо Т. Инс ва М. Сенет) сарвари ширкати кинои «Трайэнга» шуд. Соли 1919 ҳамчун таҳиягари мухтор (ҳамроҳи Д. Фэрбенкс, Ч. Чапли ва М. Пикфорд) барои ширкати «Юнайтед артистс», ки худ таъсис дода буд, ба интишори филмҳо шурӯъ кард. Соли 1916 Дэвид Гриффит филми «Таҳаммулнопазирӣ»-ро ба саҳна гузошт, ки дар рушди кинематографияи ҷаҳонӣ марҳалаи тозае оғоз кард. Он ба усулҳои зебошиносию драматургӣ — танзими мутақобил, ки саҳнаҳои замонҳои гуногунро дар раванди рӯ ба рушд бо ҳам меомезад, асос ёфтааст. Филм, бо вуҷуди он ки доираи васеи масоили фалсафию ахлоқиро дар бар мегирифт, дар бозор муваффақ нашуд. Дар нимаи дуввуми солҳои 1910 Дэвид Гриффит ғолибан мелодрамаҳои сентименталӣ ба навор гирифт («Нилуфарҳои шикаста», 1919; «Роҳ ба сӯи Шарқ», 1920 ва ғ.). Дар ибтидои солҳои 1920 аз реализм дур шуд ва самти эҷодияш коҳиш ёфт; филмҳои «Ятимони тӯфон» (1921), «Амрико», «Магар зиндагӣ аҷиб аст?» (ҳар ду — 1924) аз ҷумлаи корҳои чашмраси ӯ мебошанд. Дар ибтидои солҳои 1930 аз фаъолияти кинематографӣ даст кашид. Дэвид Гриффит тарзи асили наворбардориҳои омехтаро ихтироъ намуд (1922), усулҳои асосии нақшофариниро барои ҳунарпешагон тарҳрезӣ кард ва як зумра ҳунарпешагону (Д. ва Л. Гиш, М. Мэрш, М. Пикфорд, Р. Харран, Р. Бартелмес ва дигарон) коргардонҳо (Т. Браунинг, Ҷ. Канвей, В. Флеминг, М. Сеннет, Э. Фон Гитрогейм Р. Уолш ва дигарон)-ро ба камол расонд. Соли 1935 соҳиби ҷоизаи махсуси «Оскар» гардид.

Эзоҳ

Адабиёт

  • Камаров С. Немое кино // История зарубежного кино. М., 1965;
  • Гиш Л. Кино. Гриффит и я. М., 1974;
  • Ямпольский М. Б. Гриффит и поэтическая традиция//Западное искусство век. Классическая искуство и соврименность. М., 1992.

Tags:

22 январ23 июлd:Q51123d:Q990138Забони англисӣКалифорнияКентуккӣСоли 1875Соли 1948Ҳолливуд

🔥 Trending searches on Wiki Тоҷикӣ:

ИспурчҲофизДаромадБодФизиологияШоҳаншоҳии СосонӣСураи ЁсинШоҳаншоҳии КӯшонӣИмперотурии УсмонӣЧистонБедонаМисрАнтонимҳоДавлати ҲайтолиёнИммунитетОсорхонаи миллии ТоҷикистонФунксияҳои тригонометрӣМуҳаммад Закариёи РозӣНаврӯзБеморӣЛорен ЛондонИмлоИонҚуръонБонкХурмоАлифбои тоҷикӣАмонатМурургари вебИбора (дастури забон)НоҳияҶаҳонМармарСифатРамзҳои давлатии Ҷумҳурии ТоҷикистонАбубакри СиддиқСиёсатшиносӣЗарф (дастури забон)Футболи амрикоӣАморати БухороЯкшанбеЧеҳраҳои мондагор (китоб)ЗардуштЗабонВорухЭнергетикаи Тоҷикистон11 августАкадемияи миллии илмҳои ТоҷикистонГриппҲуқуқҳои инсонБемориҳои сироятӣПуркунандаХадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии ТоҷикистонКонвенсияи ҳуқуқи кудакВазири мудофиаи Ҷумҳурии ТоҷикистонИсроилВазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии ТоҷикистонШоҳроҳи АбрешимБонки миллии ТоҷикистонКитоби сурхи Ҷумҳурии ТоҷикистонҒуриёнБекдорҚонунгузорӣУтришБаҳри ХазарМикроскопШӯриши ВосеъФурудгоҳи иинчуон ҳидунгҶашни СадаҲуқуқи гражданӣИқлимТоҷикон (китоб)Феълҳои таркибии номӣНерӯгоҳи барқи обии РоғунДонишкадаи исломии Тоҷикистон🡆 More