Глосгу

Глосгу (англ. Glasgow , скот Glesga, шотландӣ Glaschu ) — шаҳр дар шимолу ғарби Британиёи Кабир, дар Шотландия, 35 км болотар аз резишгоҳи дарёи Клайд.

Аҳолиаш 610 ҳазор нафар, бо аҳолии атрофи шаҳр 1,8 млн нафар (2014).

Маҳалли аҳолинишин
Глосгу
шотландӣ Glaschu
Глосгу
Парчам Нишон
Парчам Нишон
Кишвар Глосгу [[|]]
Роҳбар Philip Braat[d]
Таърих ва ҷуғрофиё
Масоҳат
  • 3 298 ± 1 км²
Минтақаи замонӣ UTC±00:00[d] ва UTC+1[d]
Аҳолӣ
Аҳолӣ
  • 635 640 тан (2020)
Шиносаҳои ададӣ
Пешшумораи телефон 141
Нишонаи почта G1-G80
Коди мошин SA-SJ
glasgow.gov.uk(англ.)
Глосгу Парвандаҳо дар Викианбор

таърих

Шаҳр аз асри 6 маълум аст. Глосгу дар ибтидо маҳаллаи моҳигирӣ буд. Соли 1115 епископӣ (усқуф) ташкил ёфт Аз соли 1180 шаҳр ва маркази ярмаркаи тиҷоратӣ. Соли 1450 мақоми шаҳри шоҳиро гирифт. Аз соли 1492 Глосгу маҳалли сукунати Усқуфи аъзам гардида, дар охири асри 15 ба маркази бузурги таълимӣ ва динии Шотландия табдил ёфт. Аз асри 17 маркази бузурги тиҷорат (тавассути уқёнусҳо бо мустамликаҳои Британияи Кабир тиҷорат дошт). Баъди инқилоби санъатии асри 19 дар Глосгу саноати ангишт, кимиё, филиззоти сиёҳ, мошинасозии сабук, шишасозӣ, коғазбарорӣ тараққӣ кард. Дар асри 19 аҳолии Глосгу 10 баробар афзуд. Аз охири асри 19 Глосгу яке аз марказҳои муҳимми саноатӣ ва нақлиётии Британияи Кабир мебошад. Глосгу якҷо бо шаҳрҳои наздисоҳилӣ (Дамбартон, Порт-Глазго, Гринок) ва агломератсияи Клайдсайд бузургтарин маркази киштисозии мамлакатро ташкил намуд. Баъди Ҷанги дуввуми ҷаҳонӣ (1939-45) ҳаҷми истеҳсолоти саноатӣ кам гардид. Солҳои 70-80 асри 20 бештари минтақаҳои бандарӣ ва саноатӣ таҷдид карда шуданд.

Саноат

Соҳаҳои саноати электротехника, истеҳсоли нақлиёт, хӯрокворӣ, дӯзандагӣ, табъу нашр, бофандагӣ боқӣ монда, соҳаи ғайриистеҳсолӣ — маориф ва сайёҳӣ рушд кард.

Ёдгорищои таърихӣ

Дар Глосгу аз ёдгориҳои меъморӣ — Калисои ҷомеъ (1118—1508), хонаи иқоматии Праванде Лордшип (1471), иморатҳо дар услуби викторианӣ ва «услуби Глазго» (Мактаби санъат, 1898—1909; Донишгоҳҳо, 1451, 1807) боқӣ мондаанд. Осорхонаҳо: коллексияи Баррелҳо (1752), Келвингроуҳо, Нигористони бадеии Глазго, Нигористони санъати муосир, Маркази меъморӣ ва дизайни Шотландия — «Лайтҳауз», Осорхонаи Хантер, Дахмаи Калисои ҷомеъ, таърихи Глосгу, дин, футболи Шотландия ва ғ. Боғи ботаникӣ, маркази илмӣ ва планетарий, театри Опера ва балети миллии Шотландия, Оркестри миллии шоҳии Шотландия, Оркестри симфонии Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ, Оркестри миллии ҷавонони Шотландия дорад. Ҳамасола фестивали ҷаз, фестивали боғҳо, санъати тасвирӣ ва ғ. баргузор мегарданд. Соли 1990 Глосгу маркази аврупоии санъат, соли 2003 пойтахти аврупоии варзиш ном гирифт. Дар маркази варзиши Ҳэмпден-парки Глосгу дастаҳои машҳури футболи Британияи Кабир «Глазго Рейнҷерс» ва «Селтик» қувваозмоӣ мекунанд.

Эзоҳ

Сарчашма

Tags:

Глосгу таърихГлосгу СаноатГлосгу Ёдгорищои таърихӣГлосгу ЭзоҳГлосгу СарчашмаГлосгуАлифбои овонигории байналмилалӣБританиёи КабирЗабони англисӣШаҳр

🔥 Trending searches on Wiki Тоҷикӣ:

ҶШС ТоҷикистонҚуръонЗумуррадШартномаи меҳнатӣНамози ҷамоатВасоити ахбори оммаҶумҳурии Шӯравии Сотсиалистии ТоҷикистонХолид ибни ВалидБемориҳои ҷигарДонишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати ТоҷикистонБобунаӮзбекистонАхтаршиносӣФарҳанги луғатРӯзи истиқлолиятДавлати СомониёнГенерал-губернатории ТуркистонКалимаҳои туфайлӣТағйирпазирии ирсӣЗубайр ибни АввомYouTubeҚалъаи ҲисорАндоз аз молу мулки ғайриманқулМасдарВикиИспурчБемориҳои асабИстиораДонишгоҳи славянии Русияву ТоҷикистонСифати аслӣОфтобШоҳномаЭкологияВикипедияШерзот АбдуллоевГешталтпсихологияВилояти ФарғонаАҳроми МисрПайвандакҳои тобеъкунандаВазорати фарҳанги Ҷумҳурии ТоҷикистонИндонезияИнтихобот дар ТоҷикистонСозмони ҷаҳонии тандурустӣҲамлаи Русия ба Укроин (2022)РақобатБарелйефСарвазири Ҷумҳурии ТоҷикистонБофтаБаҳористонИттифоқи нависандагони ТоҷикистонҶайпурБемории вабоИмом БухорӣЗарбулмасалТӯби футболДеҳоти Сайф РаҳимҶанги ҷаҳонии дувумЭронГулистонВазорати кишоварзии Ҷумҳурии ТоҷикистонРӯйхати кишварҳо аз рӯи аҳолӣҲиндустонДиэлектрикТаваррумШукрулло ХайрзодаНоҳияҳои тобеи ҷумҳурӣҚандБаҳроми ГӯрАлагоасҶигарСоли НавНаврӯзҶалол ИкромӣКайҳоншиносӣ🡆 More