Блэкетт, Патрик Мейнард Стюарт

Патрик Мейнард Стюарт Блэкетт, барон Блэкетт (англ. Patrick Maynard Stuart Blackett, Baron Blackett; 18 ноябри 1897, Лондон — 13 июли 1974, Лондон) — физикдони англис.

Барандаи Ҷоизаи Нобел дар соҳаи физика (1948).

Патрик Мейнард Стюарт Блекетт
англ. Patrick Maynard Stuart Blackett, Baron Blackett
Блэкетт, Патрик Мейнард Стюарт
Таърихи таваллуд 18 ноябр 1897(1897-11-18)[…]
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 13 июл 1974(1974-07-13)[…] (76 сол)
Маҳалли даргузашт
Кишвар
Фазои илмӣ физик
Ҷойҳои кор
Алма-матер
Роҳбари илмӣ Эрнест Резерфорд
Ҷоизаҳо
Блэкетт, Патрик Мейнард Стюарт Парвандаҳо дар Викианбор

Зиндагинома

Блекетт баъди хатми коллеҷҳои баҳрии шоҳии Осборн ва Дартмут солҳои Ҷанги якуми ҷаҳонӣ дар вазифаи гардемарин дар киштии «Карнарвон» хидмат карда, соҳиби унвони лейтенант шуд. Соли 1918 ба омӯзиши физика дар Университети Кем­б­риҷ оғоз кард. Аз соли 1921 дар лаб. Кавендиши Университети мазкур — маркази пешқадами омӯзиши радиоактивият ва сохти атом таҳти роҳбарии Э. Резерфорд кор карда, дар камераи Вилсон табиати маҳсулоти ниҳоии таъсири мутақобилаи байни алфа-зарра ва атомҳои нитрогенро омӯхт. Блэкетт нишон дод, ки дар натиҷаи бархӯрди алфазарра ва атоми нитроген ҳастаи гидроген (протон) ва изотопи оксиген ба вуҷуд меояд. Соли 1932 якҷо бо физикдони итолиёӣ Ҷ. Окялини ба омӯзиши нурҳои кайҳонӣ шурӯъ карда, бо ёрии камераи Вилсон ва ду ҳисобкунаки Гейгер изҳои позитронро ошкор кард. Бо ҳамин кашфи позитронро, ки чанд моҳ қабл физикадони амрикоӣ К. Д. Андерсон пешгӯӣ карда буд, собит намуд. Инчунин муқаррар кард, ки позитрон бо электрон ҷуфтҷуфт (ба таври «села») ба амал меоянд. Солҳои 1935-37 дар Кумитаи Тизард кор кардааст. Аз соли 1937 профессори. Университети Манчестер. Солҳои Ҷан­ги дуюми ҷаҳонӣ оид ба такмили бомбаандозӣ, низомҳои радарӣ, аслиҳаи зиддикиштӣ кор кардааст. Аз соли 1953 дар факултети физикаи Империал-коллеҷи илмӣтехнологӣ фаъолият дошт, аз соли 1955 декан он оид ба илм буд. Аз соли 1963 мушовири ҳизби лейбористӣ оид ба илму техника, соли 1965 Президенти Ҷамъияти шоҳии Лондон буд. Блэкетт бо медалҳои шоҳӣ ва Коплии Ҷамъияти шоҳии Лондон ва дигар медалҳо сарфароз гардидааст. Соли 1969 ба унвони пэри якумра — барон Блэккет сазовор гаштааст.

Эзоҳ

Сарчашма


Tags:

13 июл18 ноябр18971974Забони англисӣЛондонҶоизаи Нобел

🔥 Trending searches on Wiki Тоҷикӣ:

Ҳизби халқии демократии ТоҷикистонИнтернет дар ТоҷикистонПиряхБадоеъу-л-вақоеъМирсаид МиршакарҶанги ҷаҳонии дувумАритмияи дилРозия ОзодСохти шумораҳоНамози қасрМаҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии ТоҷикистонТӯйчӣ ЭрҷигитовСиғаҳои феълБарномаи компютерӣҲуқуқи мурофиаи ҷиноятӣГурҷистонАсри санг дар ТоҷикистонНигора ХоловаНавзодЭшони НуриддинҷонНомаКонодоҲуқуқвайронкунии маъмурӣИттифоқи нависандагони ТоҷикистонҚуръонДавлати СомониёнКишоварзӣ дар ТоҷикистонҲуқуқи оилавӣБохтарБулбулАлишер НавоӣВазорати адлияи Ҷумҳурии ТоҷикистонФарзонаи ХуршедБандакҳои хабарӣБалғамЯн ВермеерГумрукАлифбои арабӣБемории панкреатитБоғи миллии ТоҷикистонХаритаДӯстмурод ҲакимовГазнаҶазои маъмурӣҶонишинҳои ишоратӣАндоз аз соҳибони воситаҳои нақлиётАбуҳанифа Нуъмон ибни СобитБомдод (намоз)Забони арабӣАмрикои ҶанубӣСулҳСаноӣАлифбои овонигории байналмилалӣНизоми сиёсӣУмари ХайёмИбораи рехтаАмниятРуслан СаликовШутурҶумъа (намоз)КарбогидратҳоМизоҷ (равоншиносӣ)Подшоҳии юнонии БохтарРӯзи ваҳдати миллӣ (Тоҷикистон)Тоҷикистон дар соли 2021Пойгоҳи додаҳоҚоидаи ҳаракати роҳСадриддин АйнӣКитоби сурхИқболи ЛоҳурӣБедилШабакаи компютерӣМисрАлифбои тоҷикӣ🡆 More