Андоз Аз Арзиши Иловашуда

Андоз аз арзиши иловашуда — як ҷузъи асосии андози ғайримустақим.

Ба воситаи он як ҳиссаи муайяни арзиши изофае, ки дар ҷараёни истеҳсолу муомилоти мол, иҷрои кор ва хидматрасонӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон пайдо мешавад, ба буҷети давлат гирифта мешавад.

Ҳамзамон ин молҳои содиротӣ низ бо ҳамон меъёри якхелаи андозбандӣ, вале аз арзиши гумрукии моли воридшуда бо дарназардошти ҷамъи он бо маблағи андози аксиз ба буҷети умумидавлатӣ пардохт мешавад. Андози мазкур бори аввал соли 1954 дар Франсия ҷорӣ гардидааст. Айни замон онро қариб 140 кишвари олам (ғайр аз ИМА ва Япония) ҳамчун воситаи ғанӣ гардондани буҷети давлат расман истифода мебаранд. Андоз аз арзиши иловашуда андози фурӯши молу хидматҳои замони шӯравиро иваз кард. Шахсони ҳуқуқӣ ва як қисми соҳибкорони инфиродӣ (бе таъсиси шахси ҳуқуқӣ), ки аз меъёри ҳадди ақали ҳаҷми гардиш аз фурӯши мол ва иҷрои кор зиёдтар фаъолият мекунанд, ин намуди андозро бо тартиботи мушаххас ва сари вақт чун уҳдадорӣ ба буҷет месупоранд. Механизми ба эътибор гирифтани маблағи муайяни андоз воқеияти ҳақиқӣ дорад ва он дар амал истифода мешавад. Меъёри андоз аз арзиши иловашуда ҳоло ба 18% аз арзиши иловашудаи молу хадамот дар истеҳсолоти ватанӣ ва молҳои аз хориҷи кишвар воридшаванда муқаррар гардидааст, ки нисбат ба солҳои пеш (аввал 28%, дертар 20%) мунтазам пасттар шудааст.

Эзоҳ

Адабиёт

  • Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М. А. — Душанбе: ЭР-граф, 2009.

Сарчашма

Tags:

Андози ғайримустақим

🔥 Trending searches on Wiki Тоҷикӣ:

ҚарзДавлати Хоразми БузургСуманак (ғизо)ОҳанМуғулистонНамози ҷамоатСоли 1995Гулчеҳра СулаймонӣСосониёнБемориҳои дилБаҳориётДонишкадаи исломии ТоҷикистонДастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии ТоҷикистонИфторТоҷиконҲиссаҳои нутқБедилMicrosoftҲизби халқии демократии ТоҷикистонҶонишин (дастури забон)Академияи миллии илмҳои ТоҷикистонГриппОганессонУқёнуси ОромСуръатСиғаҳои феълДоктори илмЛайло ФуруҳарОсиёи МарказӣҲуқуқу озодиҳои шахсӣИттиҳоди ШӯравӣБактерияҳоИдрокҲиндустонИсмоили СомонӣХабари феълӣЗоғи алоВазорати адлияи Ҷумҳурии ТоҷикистонДонишгоҳи славянии Русияву ТоҷикистонШоҳаншоҳии КӯшонӣЗабони тоҷикӣШаҳрҳои ТоҷикистонМалайзияЯхдонСоли 1534Забти давлатҳои Осиёи Миёна аз ҷониби РусияБобунаМуҳаммадиқболи СадриддинБаробарҳуқуқии зану мардАттори НишопурӣБаёнотРӯзи ҒалабаМуродифМанғитияБемории қандОсорхонаи мардумшиносии АИ ТоҷикистонИсоЗиндагиномаи ҳазрати МуҳаммадПешоянд ва пасояндҳо (дастури забон)Сохтори мақомоти марказии ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии ТоҷикистонЗаминФоробӣМуҷассамаи Исмоили СомонӣНоҳияҳои ТоҷикистонНавзодАтторФарҳанги забони тоҷикӣМасеҳиятОлмонАбубакри СиддиқРаиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии ТоҷикистонЗайнуддин Маҳмуди ВосифӣВйетнамСиёсати хориҷии ТоҷикистонФарҳанги Тоҷикистон🡆 More