Андозе, ки тибқи низоми содакардашуда пардохта мешавад.
Ин як намуди махсуси андозе ба буҷет мебошад. Супорандагони андози мазкур соҳибкорони инфиродӣ, корхонаҳо, филиал ва намояндагони шахсони ҳуқуқии хориҷӣ мебошанд. Даромади онҳо барои давраи на зиёда аз як соли тақвимӣ ба дарназардошти андозе аз фурӯши чакана аз ҳадди чоркаратаи муқаррарнамудаи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мақсадҳои бақайдгирӣ ба сифати супорандаи андоз аз арзиши иловашуда зиёд намебошад. Объекти андозбандӣ даромади умумии дар давраи ҳисоботӣ бадастомада аст. Меъёри андоз дар ҳаҷми 12 фоизи объекти андозбандӣ муқаррар карда мешавад. Тибқи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳибкорони инфиродӣ ҳуқуқ доранд, ки барои супоридани андоз аз шакли патент истифода намоянд.
This article uses material from the Wikipedia Тоҷикӣ article Андозе, ки тибқи низоми содакардашуда пардохта мешавад, which is released under the Creative Commons Attribution-ShareAlike 3.0 license ("CC BY-SA 3.0"); additional terms may apply (view authors). Муҳтаво таҳти иҷозатномаи CC BY-SA 4.0 ва ё дигар дастрас аст. Images, videos and audio are available under their respective licenses.
®Wikipedia is a registered trademark of the Wiki Foundation, Inc. Wiki Тоҷикӣ (DUHOCTRUNGQUOC.VN) is an independent company and has no affiliation with Wiki Foundation.