Фалсафа (юн.-қад.
Дар доираи масъалаҳои муҳимтарини фалсафа - мабдаъ асоси бунёди олам (ҷавҳар), табиати арзишҳои инсонӣ (моҳияти ҳаёти инсонӣ), хусусияти методологии фалсафа - бунёди қоидаҳои умумитарини тадқиқоти олам умуман ва ҷараёнҳою ҳодисаҳои алоҳидаи ӯ қарор мегиранд.
Фалсафа чун тарзи махсуси инъикоси муносибат ба воқеият, аз замони пайдоишаш масъалаи «ҳастӣ чист»-ро ба миён гузошта ҷавоб меҷуст. Дар ҳамин ҷараён шаклҳои таърихии фалсафасозӣ – материализм ва идеализм ташаккул меёбанд.
Муноқишаи материалистон ва идеалистон дар атрофи таносуби моддиёту маънавиёт, ҳастию шуур, «мақсаднокию» фаъолияти одамон, ҳавасмандию талаботи объективӣ ва шуурнокӣ шурӯъ мегирифт. Дар ҳамин ҷараён мафҳуми масъалаи асосии фалсафа ҳамчун муносибати шуур ба ҳастӣ ва рӯҳ ба табиат муайян мегардад. Ин масъала ду тараф дорад: ҷиҳати аввалинаш – материя аввал аст ё шуур? (онтологӣ), ҷиҳати дуюмаш – маърифатшавандагии олам (гносеологӣ). Вобаста ба ҳалли ҳамин масъала файласуфон ба ду ҷараён ҷудо мешаванд – материализм ва идеализм.
Материализм моддиёт (материя)-ро аввалину шуурро дуюмин ва оламро маърифатпазир меҳисобанд.
Идеализм шуурро аввалину материяро дуюмин меҳисобад, инчунин маърифатпазирии оламро рад менамояд – ин ақида лоадрия (агностисизм) ном гирифтааст. Фалсафа чун ҷаҳонбинӣ донишҳои мушаххаси илмӣ, фарзия ва санадҳоро таҳлил ва муқоиса намуда, онҳоро ба низом медароварад ва манзараи мукаммали оламро таҷассум менамояд.
Вазифаҳои фалсафа: - ташреҳу тавзеҳи мафҳумҳои кулл, ҷамъбасти назарии комёбиҳои таҷрибаи инсон;
- назарияи умумӣ – низоми кулли тарзу воситаҳои ба даст овардани дониши илмӣ мебошад. Ф. Бэкон методологгияи фалсафиро тимсоли чароғе меномад, ки ба роҳи торики мусофир равшанӣ медиҳад. Худи ӯ барои сохтани ҳамин тавр методе кӯшиш мекард, ки ҳамчун «органони» (олоти) маърифат ҳокимии инсонро аз болои табиат таъмин намояд. Қувваи таъсири фалсафа ба илм вобаста ба сатҳи маърифати худи илм ва рушду такомули муҳити иҷтимоии ӯ мебошад.
12 августи соли 1882 ситорашиносони фаронса Пол ва Проспер Ҳенрӣ астероидро ба шарафи фалсафа номашро (227) Фалсафа номиданд.
This article uses material from the Wikipedia Тоҷикӣ article Фалсафа, which is released under the Creative Commons Attribution-ShareAlike 3.0 license ("CC BY-SA 3.0"); additional terms may apply (view authors). Муҳтаво таҳти иҷозатномаи CC BY-SA 4.0 ва ё дигар дастрас аст. Images, videos and audio are available under their respective licenses.
®Wikipedia is a registered trademark of the Wiki Foundation, Inc. Wiki Тоҷикӣ (DUHOCTRUNGQUOC.VN) is an independent company and has no affiliation with Wiki Foundation.