Ҷамшед Исмоилов

Ҷамшед Исмоилов (Исмоилов Ҷамшед Қосимович; 30 августи 1956, Ховалинг, вилояти Кӯлоб, ҶШС Тоҷикистон — 16 августи 2020, Душанбе, Тоҷикистон) — овозхон ва таронасарои тоҷик, Ҳунарпешаи хизматнишондодаи ҶШС Тоҷикистон (1989), Ҳунарпешаи  халқии Тоҷикистон (2018).

Ҷамшед Исмоил
Ҷамшед Исмоилов
Таърихи таваллуд 30 август 1956(1956-08-30)
Зодгоҳ ноҳияи Ховалинг, вилояти Кӯлоб, ҶШС Тоҷикистон
Таърихи даргузашт 16 август 2020(2020-08-16) (63 сол)
Маҳалли даргузашт Душанбе, Тоҷикистон
Кишвар Ҷамшед Исмоилов Тоҷикистон
Пеша(ҳо) овозхон
Ҷоизаҳо Ҳунарпешаи хизматнишондодаи ҶШС Тоҷикистон (1989)
Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон (2018)

Зиндагинома

Ҷамшед Исмоилов фориғуттаҳсили мактаби ҳамагонии шаҳри Кӯлоб (1973), факултаи маданию равшаннамоии Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода (бахши дирижёрӣ, 1977), факултаи филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (1995) буда, фаъолияти корияшро ибтидо дар Кумитаи ҷавонони ш. Душанбе ба ҳайси коргузор (1978—1982) оғоз намудааст. Сипас сарояндаи яккахони ансамбли мақомхонони Комитети давлатии радиошунавонӣ ва телевизиони ҶШС Тоҷикистон (1982—1992), директори гурӯҳҳои ҳунарии кумитаи мазкур (1992-95), муовини вазири фарҳанги ҶТ (1995—2001), директори генералии Иттиҳодияи эҷодию консертии Вазорати фарҳанги ҶТ (аз соли 2003 то 2020) хидмат намудааст.

Эҷодиёт

Ҷамшед Исмоилов баробари сарояндаи соҳибсабк будан инчунин муаллифи зиёда аз 60 суруд буда ва таснифоташ «Хез модар», «Гуфтамат имшаб биёям», «Бародарон», «Биё бародар шавем», «Хоки ватан», «Эй сорбон», «Омадӣ ҷонам ба қурбонат» ва ғ. назди дӯстдорони созу овоз маъруфияти хоса касб кардаанд. Ҷамшед Исмоилов иштирокдори симпозиуму фестивалҳои байналмилали мусиқии мардумони Шарқ (Самарқанд 1983, 1987, 1997) буда, дар ҳайатҳои ҳунарии тоҷик бо барномаҳои консертӣ ба ҷумҳуриҳои собиқ шӯравӣ (1982—1991, Белорусия, Озарбойҷон, Русия, Туркманистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон), мамолики хориҷӣ (Кипр-1984, Афғонистон-1985, Олмон-1989, Белгия-1993,Туркия-1990, Эрон-1996-98, 2006 ва ғайра) сафарҳои ҳунарӣ намудааст. Ҷамшед Исмоилов аз аввалин ташаббускори гузаронидани ҷашнвораҳои мусиқии «Дурдонаҳои Шашмақом» (Душанбе-1996), «Ахтарон» (Душанбе-1997) ва «Суруди сол» (Душанбе-1995) аст. Барои маҳорати баланди иҷроӣ ва тарғиби дастоварҳои фарҳангу ҳунари тоҷик сазовори ифтихорномаҳо гардидаст.

Даргузашт

Ҷамшед Исмоилов 16 августи соли 2020 дар шаҳри Душанбе дар синни 64-солагӣ аз олам даргузашт. Ӯ рӯзҳои охир бо бемории қанд дар беморхонаи «Истиқлол» табобат мегирифт. Маросими дафн худи ҳамон рӯз гузаронида шуд, ки ҷасади ӯро дар оромгоҳи Лучоби шаҳри Душанбе ба хок супурданд.

Эзоҳ

Адабиёт

  • Исмоилов Ҷ. Имрӯзу фардо навояш шунав, Душ., 2001;
  • Базми Ҷамшед, Душ., 2002;
  • Энциклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик, ҷ.3, Душ., 2004.

Tags:

Ҷамшед Исмоилов ЗиндагиномаҶамшед Исмоилов ЭҷодиётҶамшед Исмоилов ДаргузаштҶамшед Исмоилов ЭзоҳҶамшед Исмоилов АдабиётҶамшед Исмоилов16 август1956202030 августВилояти КӯлобДушанбеТоҷикистонХовалингҲунарпешаи халқии ТоҷикистонҲунарпешаи хизматнишондодаи ҶШС ТоҷикистонҶШС Тоҷикистон

🔥 Trending searches on Wiki Тоҷикӣ:

ИллинойсАлифбои кирилликӣИқлимCСурияМултфилмКӯлобБемории вабоҲуқуқи меҳнатӣХунҚаҳрамонии ШеракКуруши КабирВергулДафтарПрезиденти ТоҷикистонСуруди миллии ПокистонСомониёнНоҳияи ЛахшГардиши хунҲазрати ИсоНоҳияи ҶайҳунБемории силАлюминийИсоҚалъаи ҲисорБобоҷон ҒафуровПиряхТуркияИттилоотАбулқосим Фирдавсӣ. «Шоҳнома» (Дастхат)Аҳолии ТоҷикистонЗиндагиномаи ҳазрати МуҳаммадАдабиёти классикӣМисри ҚадимСаразмСадриддин НаҷмиддинҶӯрабек НазриевЛозиқияОсорхонаи мардумшиносии АИ ТоҷикистонБаҳориётҚонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»Идҳои ТоҷикистонБойчечак (маросим)БразилияЭнергетикаи ТоҷикистонУзвҳои таносулНизомулмулки ТӯсӣПокистонСиғаҳои феълҚандТахачСаратонАндоз аз молу мулки ғайриманқулВазорати нақлиёти Ҷумҳурии ТоҷикистонЗардуштАлифбои форсӣЭдвард УайтИстанбулМарк ТвенИбораҳои зарфӣИнтихобот дар ТоҷикистонТошкандМайкл ҶексонНоҳияи РаштСаноати ТоҷикистонШӯриши Маҳмуди ТоробӣАтторОиша бинти АбубакрЗабонҳои ҳиндуаврупоӣВитаминҳоСаноӣАсосҳо (кимиё)Абубакри СиддиқНашри рақамӣ🡆 More