Ҳотам Аъзамқулов

Ҳотам Аъзамқулович Аъзамқулов (04.12.1936) — доктори илмҳои иқтисод (1970), профессор (1971).

Ҳотам Аъзамқулов
Ҳотам Аъзамқулович Аъзамқулов
Таърихи таваллуд 4 декабр 1936(1936-12-04)
Зодгоҳ Истаравшан, ҶШС Тоҷикистон ИҶШС
Таърихи даргузашт номаълум
Кишвар Ҳотам Аъзамқулов Тоҷикистон
Фазои илмӣ иқтисодиёт
Ҷойҳои кор Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон
Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои иқтисод
Унвонҳои илмӣ профессор
Алма-матер Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин
Ҷоизаҳо «Аълочии маорифи халқи ҶТ»

Зиндагинома

Ҳотам Аъзамқулович Аъзамқулов Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленинро (1960) хатм намудааст. Дар вазифаҳои муаллими калон, дотсент, профессори кафедра, котиби кумитаи партиявии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин ва декании факултаи иқтисод ва идораи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) солҳои 1968-1969 ба уҳда доштанд. Раиси колхоз, мудири Маркази таълимӣ –фосилавиии Донишкадаи андоз ва ҳуқуқ, проректори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон кор кардааст. Яке аз муассисони нахустин шӯрои илмӣ оид ба ихтисоси иқтисоди сиёсӣ ва муаллифони курси лексияҳо барои иқтисоди сиёсӣ бо забони тоҷикӣ мебошанд. Вакили Шӯрои халқии шаҳри Душанбе, ноҳияи Роҳи Оҳан ва шаҳри Истаравшан интихоб шудааст. Нафақахур, раиси Ассотсиатсияи «Боғи калон» (шаҳри Истаравшан) мебошад. Ба 20 нафар номзадҳо ва 2 нафар докторони илмро роҳбарӣ намудааст. Муаллифи зиёда аз 100 асари илмӣ мебошанд.
Бо медалҳо ва ифтихорномаҳои ШО ҶШС Тоҷикистон, нишони «Аълочии маорифи халқи ҶТ» мукофотонида шудааст. Оид ба тарзи сотсиалистии истеҳсолот дар Тоҷикистон, роҳҳои пешбурди иқтисоди мамолики қафомонда, инқилоби илмӣ-техникӣ, тараққиёти иқтисоди ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна ва ғайра қариб сад кори илмӣ ба табъ расондааст.

Осор

  • Ғалабаи тарзи сотсиалистии истеҳсолот дар Тоҷикистон. – Д., 1964;
  • Ликвидация технико-экономической отсталости народов советского Востока. – Д., 1969;
  • Таълимоти ленинӣ дар бораи роҳи ғайрикапиталистии тараққиёти мамлакатҳои қафомонда дар замони ҳозира. – Д., 1970;
  • Теория и практика перехода народов ранее отсталых стран к социализму и коммунизму: Дисс…доктора эконом. наук. – Л., 1970;
  • Курси лексияҳо аз иқтисоди сиёсӣ. Васоити таълимӣ. – Д., 1974;
  • Экономика Таджикистана – неотъемлемая часть народно-хозяйственного комплекса стран Советов. – Д., 1974;
  • Курси лексияҳо аз иқтисоди сиёсӣ. – Д., 1975;
  • Некоторые политико-экономические проблемы формирования территориально-производственных комплексов и выравнивания уровней развития союзных республик. – Свердловск, 1978;
  • Революцияи илмӣ-техникии замони ҳозира ва барпо кардани базаи моддӣ-техникии коммунизм. – Д., 1979.


Пайвандҳо

Эзоҳ


Tags:

Ҳотам Аъзамқулов ЗиндагиномаҲотам Аъзамқулов ОсорҲотам Аъзамқулов ПайвандҳоҲотам Аъзамқулов ЭзоҳҲотам Аъзамқулов

🔥 Trending searches on Wiki Тоҷикӣ:

Ноҳияи Ҷалолиддин БалхӣРаиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии ТоҷикистонСиёсатшиносӣБобунаТемурМартНармбаданҳоКитобИдеологияИттилоотСайёҳӣ дар ТоҷикистонБиосенозҶанги УҳудГенҒазалМуродифЗайнуддин Маҳмуди ВосифӣВолоияти КонститутсияҶадвали электронӣНоҳияи ЗафарободВилояти Мухтори Кӯҳистони БадахшонВосеъЮнонВолейболАминоспиртҳоСаломатӣШоҳаншоҳии АшконӣИди ҚурбонХунҲиссаҳои нутқМуҳаммадиқболи СадриддинРӯзи ҷаҳонии занонВазорати мудофиаи Ҷумҳурии ТоҷикистонРашид ОлимовҶонишинҳои таъйинӣНидоШушРоботДавлати СомониёнСурияҶонишинҳои ишоратӣТаровеҳМаймунИстаравшанФурудгоҳи Байн‌алмиллалии Баюн Гуангчжоу (собиқ)Амир ОлимхонАфина (шаҳр)НоҳияХати томилӣБарномаи таълимӣҚобусномаМарк ТвенАрастуДавлати ФаластинИмлоҲаёти ҷинсӣАмрикои ҶанубӣТахачЗаминРӯзи кайҳоннавардонГулшан (ансамбли эстрадӣ)Хилофати АрабБозорҲайати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 2013)МучалОсиёЧарлз ДарвинВилояти Бадахшон (Афғонистон)Рӯзномаи деворӣИндонезияDAМуҳаммад Закариёи РозӣМудофиаи гражданӣНоҳияи ХовалингИсмҳои танҳо ва ҷамъМикробиологияМуҳаммад Раҳимбий (Амир)🡆 More