Ҳаммоса Кӯҳистонӣ

Ҳаммоса Кӯҳистонӣ (англ.

Аз табори тоҷикони Афғонистон. Аввалин мусулмондухтарест, ки дар озмуни зебогии Ингилистон ғолиб омадааст ва ин боиси инъикоскунандаи ҷамъиятӣ-сиёсӣ гардида буд.

Ҳаммоса
Ҳаммоса Кӯҳистонӣ
Ҳаммоса Кӯҳистонӣ
Ном ба ҳангоми таваллуд:  ﺣﻤﺎﺳﻪ ﮐﻮﻫﺴﺘﺎﻧﯽ 
Таърихи таваллуд: 19 декабр 1987(1987-12-19) (36 сол)
Зодгоҳ: Тошканд, ҶШС Ӯзбекистон, ИҶШС
Шаҳрвандӣ: Ҳаммоса Кӯҳистонӣ England
Касб: мудел, ширкаткунандаи ҷашнвораи маликаи зебоӣ
Корнома: 2005 то ҳол
Ҷоизаҳо:

"Бонуи Ингилистон" 2005

"Бонуи дунё" 2005
Ҳаммоса Кӯҳистонӣ Парвандаҳо дар Викианбор

Зиндагинома

Ҳаммоса Кӯҳистонӣ 19 декабри соли 1987 дар шаҳри Тошканд, дар оилаи тоҷикони муқимӣ ба дунё омадааст. Волидонаш Хушҳол ва Лайло аз Афғонистон гурехта, дар ҶШС Ӯзбекистон зиндагӣ мекарданд. Баъдан онҳо ба ватанашон, ба Кобул баргаштанд. Аммо ҳукмронии толибон дар Афғонистон, соли 1996 боиси мушакпарониҳо гардид, ки Ҳаммоса он солҳо 10 сола буд. Баъд аз ҳукмронии толибон дар Афғонистон оилаи онҳо маҷбур шуд, ки боз ватанашонро тарк намоянд. Аввал онҳо ба Ӯзбекистон, баъд ба Укроин, сипас ба Дубай ва охиран ба Бритониё кӯч бастанд. Дар Бритониё падари Ҳаммоса корхонаи фурӯш ва бурда расонидани хӯрокро кушод, модараш тарҷумон шуда корро оғоз карданд. Ҳаммоса хамеша орзуи фотомодел шуданро мекард. Ҳоло вай шаҳрванди Бритониё буда дар агентии Asian fashion house фаолият мекунад. Қади Ҳаммоса 173 см буда сиёҳмӯй ва чашмонсиёҳ аст. Вай дар мактаби Лэмптон, дар Лондон таҳсил мекунад.

Фаолият

Моҳи сентябри соли 2005 дар шаҳри Ливерпул озмуни навбатии зебогии «Бонуи Ингилистон» (англ. Miss England) баргузор гардид, ки дар он 40 нафар духтарон иштирок намуданд. Дар натиҷаи озмуни дуруза Ҳаммоса Кӯҳистонӣ ғолиб дониста шуд ва 3 сентябри соли 2005 вай дар саҳнаи театри Liverpool Olympia соҳиби тоҷи ин озмун гардид. Ҳангоми ҷоизасупорӣ вай либоси абрешими, ки модараш дӯхта буд ба тан кард. Чун ғолиби озмуни миллии Бритониё, Ҳаммоса ҳуқуқи иштирок дар «Бонуи дунё»-ро ба даст овард. Ҳаммоса Кӯҳистонӣ аввалин мусулмондухтарест, ки ҷоизаи озмуни зебогии «Бонуи Инглистон»-ро ба даст овард. Он вақт матбуот дарҷ кард, ки дар баробари Ҳаммоса Кӯҳистонӣ, чунин ҷоизаро боз ба як мусулмондухтаре бо номи Sarah Mendley, ки Бонуи шаҳри Ноттингем дониста шуда буд, супоридаанд.

Таззодҳои пайваста ба ин руйдод, дар санаи 7 июли соли 2005, ду моҳ пеш аз ин, ҳамлаҳои терорчиён дар Лондон рух дода буданд.

Ҳаммоса дар озмуни «Бонуи дунё» соли 2005 дар шаҳри Саня, дар Чин ширкат намуда, яке аз беҳтаринҳо ба ҳисоб мерафт, аммо вай дар финал иштирок накард.

Ҳаммоса Кӯҳистонӣ бо шаш забон: дарӣ, форсӣ, русӣ, англисӣ, тоҷикӣ ва ӯзбекӣ сухан мегӯяд.

Маҷаллаи амрикои оид ба муд "Teen Vogue" дар муқоваи худ, дар нашри моҳи майи соли 2006, мақола оид ба Ҳаммоса Кӯҳистонӣ ва расмашро чоп карда буд.

Расми Ҳаммоса Кӯҳистониро шабакаи Getty Images ҳамчун симои Tali'Zorah дар Mass Effect series of video games истифода бурдаанд.

Нигаред

Пайвандҳо

Tags:

Ҳаммоса Кӯҳистонӣ ЗиндагиномаҲаммоса Кӯҳистонӣ ФаолиятҲаммоса Кӯҳистонӣ НигаредҲаммоса Кӯҳистонӣ ПайвандҳоҲаммоса Кӯҳистонӣ19 декабрАнглисиЗабони форсӣИнгилистонИҶШСМудел (шахс)Соли 1987Тоҷикон

🔥 Trending searches on Wiki Тоҷикӣ:

Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии ТоҷикистонМаънои аслӣ ва маҷозии калимаҳоРутбаҳои ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии ТоҷикистонАдабиёти классикӣТоҷикон (китоб)ШерЗарфи мақсадОвози тоҷикРӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии ТоҷикистонУзвҳои таносули мардонаПешоянд ва пасояндҳо (дастури забон)ДушанбеНомаАмир ОлимхонСироҷиддини ФозилҲизбҳои сиёсии ТоҷикистонҲабиб ЮсуфӣКатибаи БесутунҲисорМоҳӣСафедаҳоГардолудшавӣФунксияҳои тригонометрӣИродаНигора ХоловаНоҳияи ДанғараНизоми бонкии ТоҷикистонБонкМусиқии ТоҷикистонИқлимФалсафаи исломӣАбуҳанифа Нуъмон ибни СобитФаронсаЗарф (мазмунҳо)АвитаминозСаттор ТурсунВоситаи ахбори оммаИсмҳои воқеӣ ва мафҳумЭмомалӣ РаҳмонВазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии ТоҷикистонКодексАдабиётКонститутсияи ҶШС ТоҷикистонНофКалимаҳои забони тоҷикӣ аз ҷиҳати сохтСаъдӣПавел ДуровҲиндустонКумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии ТоҷикистонОшобаЗарфи тарзи иҷрои амалҶонишинҳои манфӣДастури забонРӯдакӣЭнергетикаи ТоҷикистонПрезиденти ТоҷикистонБаҳористонҶумҳурии Шӯравии ХитойХунКалила ва ДимнаАморати БухороДонишномаБарномаи таълимӣСоҳиб ТабаровАҳолии ЗаминБемориҳои чашмАкбар ТурсунМелиоратсияКамолуддин БиноӣСомонАлифбои арабӣМикологияИсмҳои мураккабДавлати ҳуқуқбунёдҲокимияти давлатӣНосири ХусравРамазон Раҳимзода🡆 More