Содирхон Ҳофиз

Содирхон Ҳофиз (Насабаш (фамилияаш) Бобошарифов; 1847, Хуҷанд — 1931, ҳамон ҷо) — ҳофизи барҷаста, мусиқидон ва оҳангсози тоҷик (овозаш тенори лирикӣ).

Содирхон Ҳофиз
Содирхон Бобошарифов (Ҳофиз)
Таърихи таваллуд 1847(1847)
Зодгоҳ Хуҷанд
Таърихи даргузашт 1931(1931)
Маҳалли даргузашт Хуҷанд
Пеша(ҳо) оҳангсоз, ҳофиз

Зиндагинома

Содирхон аз Бузургхонтӯра санъати дуторнавозию сурудхонӣ, аз шоир Кошиф танбӯрнавозиро омӯхтааст. Бо мурури замон маҳорати сарояндагии Содирхон сайқал ёфта, дар 32-солагӣ чун ҳофиз ва иҷрокунандаи сурудҳои классикии тоҷик шуҳратманд гардид. Овози Содирхон баланди хушоҳанг ва диапазонаш васеъ, тембраш лирикӣ буд. Мавриди сароидан ӯ аз оҳангҳои кашишдор якбора ба овозҳои кӯтоҳ (аз регистри овози паст ба баланд ва ё баръакс) гузашта метавонист. Дар маъракаҳо иштирок мекард. Содирхон овози «шикамӣ» (ба қавли ҳамзамононаш) дошта, озодона авҷҳои «Зебопарӣ», «Муҳайяр», «Авҷи турк» ва ғ.-ро иҷро мекард. Ӯ бар матни ашъори шоирони классик суруд мехонд.

Мероси Содирхон

Содирхон муаллифи якчанд асарҳои вокалист: «Дилхароши Содирхон» «Уфари Содирхон», «Ушшоқи Содирхон», «Уфари сабти Содирхон», «Сабти Ушшоқи Содирхон» ва ғ. Барномаи Содирхон рангин ва хеле ғанӣ буда, суруду мақомҳои гуногунро дар бар мегирифт. Аз ҷумла суруду мақомҳои «Ушшоқ», «Уфар», «Гулёр», «Дихарош», «Талқин», «Чоргоҳи муноҷот», «Муноҷот», «Сегоҳи ду», «Сегоҳи се», «Савти Уфар», «Гиря», «Чоргоҳ», «Мирзодавлат» ва ғ.-ро бо маҳорати баланду салиқаи хоси сарояндагӣ иҷро мекард. Солҳои Ҳокимияти Шӯроҳо Содирхон дар идораю муассисаҳои мусиқӣ кор карда, ба ҷавонон нозукиҳои санъати мусиқиро меомӯзонд. Солҳои 1903, 1905, 1908, 1910 аз тарафи ҳайати экспедитсияи махсуси Ширкати громоронии Рига, солҳои 1908—1909 аз тарафи Илҳоми Самоворча (Тошканд), соли 1909 тавассути фирмаи англисии «Пишуший Амур», соли 1913 дар Қӯқанд тавассути фирмаи «Гоффман» 24 асари вокалӣ дар 12 грампластинка бо овози ӯ сабт шудааст. Соли 1946 дар Тоҷикистон «Асарҳои мунтахаби Содирхон» ба табъ расид. Содирхон дар Афғонистон, Туркия, Эрон, Ироқ ва ғ. шуҳрат дошт.

Некдошти ҳофиз

Соли 1962 омӯзишгоҳи мусиқии шаҳри Хуҷанд номи яке аз устодони номии мусиқии классики тоҷик Содирхони Ҳофизро гирифт. Бо қарори мушовараи Вазорати фарҳанг ва иттилооти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 январи соли 1996 омӯзишгоҳи мусиқӣ ба омӯзишгоҳи санъат ва соли 2004 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Коллеҷи санъати ба номи Содирхони Ҳофиз табдил дода шуд.

Эзоҳ

Tags:

Содирхон Ҳофиз ЗиндагиномаСодирхон Ҳофиз Мероси СодирхонСодирхон Ҳофиз Некдошти ҳофизСодирхон Ҳофиз ЭзоҳСодирхон Ҳофиз

🔥 Trending searches on Wiki Тоҷикӣ:

ИммунитетСафедаҳоҚуръонБинӣАнтон ЧеховСиёсатПешояндСаномӣҲуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрвандMicrosoft WordАнгурВазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии ТоҷикистонАврупоҲисорКатарина ВиттЭшони НуриддинҷонИттиҳодияи АврупоБемориҳои чашмАбушакури БалхӣВитаминҳоНоҳияи РаштЗабони лотинӣИнтихоби табиӣАндозСӯхтагӣВНМОМуҳаббати румонтикӣВйетнамСарезHTMLҶонишинҳои ишоратӣБоТабиатҚонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»Фурудгоҳи Байн‌алмиллалии КансайМаҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии ТоҷикистонДонишкадаи давлатии омӯзгории Тоҷикистон дар ПанҷакентАрабистони СаудӣСифатДевори Бузурги ЧинВавилон-МобайлТелескопи ҲабблАлифбои арабӣЭронГоҳшумории ҳиҷрӣУмари ХайёмНерӯгоҳи барқи обии НоракТиҷорати электронӣВилояти ЛуҳанскГумрукМусулмонНигора ХоловаДавлатШоҳаншоҳии КушонӣИттиҳоди АврупоВазири фарҳанги Ҷумҳурии ТоҷикистонҲабиб ЮсуфӣТрансформаторАмаурй ЭпанинондасШаҳрҳои ОлмонЧилахон ХоловАлександр МостовоиНаврӯзАбунаср Тоҳири ХонақоҳӣКотибони якуми Ҳизби коммунистии ҶШС ТоҷикистонМалтаБедилВилоятҳои ТоҷикистонСитораДавлати исломии Ироқу ШомКитобРубоиёти ХайёмПудинаЗарфи маконФарҳангФалсафаи муосирГастрит🡆 More