Сиғаи Шартӣ-Хоҳишмандӣ

Феълҳои сиғаи шартӣ-хоҳишмандӣ амалеро ифода мекунанд, ки гӯянда воқеъ гардидани онро раво, имконпазир ва ё вобаста ба шарте медонад.Яке аз шаклҳои асосӣ ва аломати сиғавии феълҳои шартӣ-хоҳишмандӣ аорист буда, вобаста ба он ва сохти ҷузъи асосии феълҳои таркибӣ тобишҳои замонӣ ва маъноӣ ифода меёбанд.Дар феълҳои таркибии сиғаи шартӣ-хоҳишмандӣ феъли ёридиҳандаи будан ҳамеша ба шакли аорист меояд.Дар забони ҳозираи тоҷик ду тарзи баёни маъниҳои сиғаи шартӣ-хоҳишмандӣ маъмул аст.

    1.Тобишҳои маъноии сиға бо худи шаклҳои феълӣ алоқамандона бо сохти ҷумла, робитаҳои наҳвӣ ва оҳанг ифода меёбанд.Калимаҳои махсуси ёридиҳанда кор фармуда намешаванд.

Мисолҳо

  • Тӯйро ба чор кас маъқул карда гузаронем (Раҳим Ҷалил).
  • Имрӯз шумо намеомадед, пагоҳ худам ҷеғ заданӣ будам (Ҷалол Икромӣ).
  • Дар баҳор ҳар кас мехоҳад, ки озодонатар нафас кашад, аз хонаи тангу тор,аз ,байни чор девор барояд (Ҷалол Икромӣ).
    Тобишҳои маъноии шаклҳои сиғаи шартӣ-хоҳишмандӣ, ғайр аз сохти ҷумла ва оҳанг, бо калимаҳои ёридиҳанда, пайвандак ва ҳиссачаҳо равшантар таъкид мешавад.

Мисолҳо

  • Агар дӯғ зада метавониста бошӣ, рафта ба шарикҳои худат ба ҳамкосаҳоят дӯғ зан, ки онҳо мебардоранд (Ҷалол Икромӣ).
  • То модар аз сари девор гаштаву баргашта фарёд накунад,аз пеши усто амакаш дур намешуд (Фазлиддин Муҳаммадиев).
    Калимаҳои модалӣ ва ҳиссачаҳои мон//монед, биё//биёед, бигзор//бигузор, бояд//бояд ки, мебоист, ақаллан, майлаш, кошки//кош, наход, наход ки, канӣ,даркор, чӣ ва монанди инҳо барои ифодаи ҷилоҳои маъноии хоҳишу орзу,таъкиду супориш, зарурат ва лозимот, қатъият ва розигӣ хидмат мекунанд.

Мисолҳо

  • Мон, ки бидонанд: аспбози асил як пояш ба лаби гӯр расад ҳам, аз қатор намебарояд (Фазлиддин Муҳаммадиев)
  • Биёед,ки ана дар ҳамин харак шинаму аз рӯшноии офтоб, аз ҳур-ҳури шамол, аз бӯйи ана ин гулҳо баҳравар шавам, ҷигарам (Раҳим Ҷалил).

Нигаред низ

Адабиёт

  • Грамматикаи забони адабии ҳозираи тоҷик. Қисми 1: Фонетика ва морфология.-Душанбе:Дониш, 1985.-с.205

Tags:

Сиғаи Шартӣ-Хоҳишмандӣ МисолҳоСиғаи Шартӣ-Хоҳишмандӣ МисолҳоСиғаи Шартӣ-Хоҳишмандӣ МисолҳоСиғаи Шартӣ-Хоҳишмандӣ Нигаред низСиғаи Шартӣ-Хоҳишмандӣ АдабиётСиғаи Шартӣ-ХоҳишмандӣАорист

🔥 Trending searches on Wiki Тоҷикӣ:

ЭронҲастишиносӣРӯзи забони давлатии Ҷумҳурии ТоҷикистонНоҳияи БалҷувонҶумҳурии ТоҷикистонСурхчаПорисМеҳргонНосири ХусравФизиологияҚазоқистонАртиши ТоҷикистонДмитрий МенделеевҶиноятҶомеаи иттилоотӣТитаникҒазалИнсонСиёсати хориҷии ТоҷикистонВитрМуғулистонЗабоншиносӣОсорхонаи миллии ТоҷикистонМанғитияҲизби сиёсӣОриёӣАбулқосим Фирдавсӣ. «Шоҳнома» (Дастхат)Алифбои арабӣСаидмурод ДавлатовИсфисор (деҳа, н. Ғафуров)Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии ТоҷикистонБоқӣ РаҳимзодаПарчами ТоҷикистонЗебоишиносӣФеълҳои таркибӣАмонатПули миллӣМисрБаёнотСармоягузорӣ (инвеститсия)Меъёри ҳуқуқРӯзи ҒалабаНизоми ҳуқуқӣВолейболИндонезияРӯзи кайҳоннавардонВерфНоҳияи ЗафарободҚоидаҳои имлои забони тоҷикӣКӯлобҶоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳ РӯдакӣШералӣ МирзоҲиҷоИбораҳои феълӣШиъаИбни СиноБекдорИтолиёДонишгоҳи давлатии тиҷорати ТоҷикистонАудитКайҳоншиносӣИнформатикаБарелйефПайвандакҳои пайвасткунандаМусаввирЭнсиклопедияи Миллии ТоҷикАндоз аз даромади шахсони воқеӣБемориҳои сироятӣИмом БухорӣАсадулло ШукуровШӯриши ВосеъҶашни СадаКумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии ТоҷикистонBБинӣБохтар🡆 More