Парда Ҳабиб

Парда Ҳабиб — рӯзноманигор, шоир, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (2008)

Парда Ҳабиб
Парда Ҳабиб
Таърихи таваллуд 23 августи 1962
Зодгоҳ ноҳияи Рӯдакӣ
Пеша шоир

Зиндагинома

Парда Ҳабиб 23 августи соли 1962 дар деҳаи Маҳмадшоҳи Поёни деҳшӯрои Сарикиштии ноҳияи Рӯдакӣ таваллуд ёфтааст. Нахуст мактаби ибтидоии ба номи Розия Озод, сипас мактаби миёнаи №43 зодгоҳашро ба итмом расондааст. Солҳои 1979-1986 дар факултаи филологияи Донишкадаи давлатии педагогии Душанбе таҳсил карда,солҳои 1983-1985 сарбози Қувваҳои Мусаллаҳи Шӯравӣ будааст. Фаъолияти меҳнатиро соли 1979 ба ҳайси ходими адабии маҷаллаи «Машъал» оғоз намудааст. Соли 1986 дар ноҳияи Рӯдакӣ ба фаъолияти омӯзгорӣ пардохтааст. Аз соли 1987 рӯзноманигори Радиои Тоҷикистон, солҳои 1996-2008 хабарнигор, шореҳи сиёсӣ, мудири шуъба ва муовини аввали сармуҳаррири «Садои мардум», соли 2007 сармуҳаррири нашрияи «Набзи Тоҷикматлубот» будааст. Аз соли 2008 муовини сармуҳаррири ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат» мебошад. Ширкатвари курс-конфаронси адибони ҷавони Тоҷикистон (1982, 1986), адибони ҷавони Осиёи Миёна ва Озарбойҷон (1989). Аз соли 1998 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст

Эҷодиёт

Китоби аввалинаш «Қаламчаи ток» соли 1990 ба табъ расидааст. Минбаъда ашъораш дар китобҳои «Шеъри оштӣ» (1999), «Пораи вақт» (2001), «Риштаи нур» (2005), «Сояи сафед» (2012) ба дасти хонандагон расидаанд. Силсилаи ашъори шоирони рус В. Жигулин ва Л. Шипахина, адибони белорус, туркман ва ӯзбекро ба тоҷикӣ гардондааст. Роҷеъ ба ашъори Гулназар, Низом Қосим, Сайёди Ғаффор ва масоили шеъри муосири тоҷик пажӯҳиш анҷом додааст.Маҳсули фаъолияти рӯзноманигории ӯ дар китобҳои «Судя», «Устод», «Фурӯғи субҳ», «Хотираҳои сабзи падар», «Зиндагиномаи Эшони Домулло Ҳабиб», «Хирад» ва ғ. интишор ёфтаанд. Барои китоби шеърҳои «Риштаи нур» соли 2009 сазовори Ҷоизаи ба номи Мирзо Турсунзода гардидааст.

Ҷоизаҳо

  • Ҷоизаи ба номи Мирзо Турсунзода (2009);
  • Медали «Хидмати шоиста» (2014);
  • Аълочии маориф ва матбуоти Тоҷикистон.

Сарчашма

Tags:

Парда Ҳабиб ЗиндагиномаПарда Ҳабиб ЭҷодиётПарда Ҳабиб ҶоизаҳоПарда Ҳабиб СарчашмаПарда ҲабибИттифоқи нависандагони ТоҷикистонРӯзноманигорШоир

🔥 Trending searches on Wiki Тоҷикӣ:

ОбхезӣТиҷорати интернетӣGoogleАҳроми МисрФейсбукДавлати СомониёнТақсимоти маъмурии ТоҷикистонЧингизхонАндоз аз молу мулки ғайриманқулАввалин Бонки Молиявии ХурдРубоиёти ХайёмСотим УлуғзодаВазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии ТоҷикистонИскандари МақдунӣБемории вабоШартномаи коллективӣҲуқуқи меҳнатӣЗарфи миқдору дараҷаВарзишАврупоАморати БухороҶанги ҷаҳонии дувумЗарфи маконАҳолии ТоҷикистонАпрелШутурБадоеъу-л-вақоеъҚазоқистонОморҲуқуқи мурофиаи ҷиноятӣАндози иҷтимоӣВазорати маориф ва илми Ҷумҳурии ТоҷикистонҲафт муъҷизаи оламАмнияти миллӣРӯбоҳБозиҳои дидактикӣВоситаи ахбори оммаУкроинMicrosoft WindowsФалсафаКамхунӣАбулмаъолӣ Насруллоҳи МуншӣЮрий ГагаринИсроилЗабонҳои ҷаҳонДраматургияи тоҷикҲиссача (дастури забон)Қувваҳои мусаллаҳи ТоҷикистонДавлати СалҷуқиёнСуғдФисоғурисВолейболЗиндагиномаи ҳазрати МуҳаммадАбдулқодирхоҷаи СавдоИнтихоби табиӣСаттор ТурсунАълочии маорифи ТоҷикистонАтмосфераАртиши СурхЗарафшондарёАбдулҳақ БетобРӯзи парчами давлатии ТоҷикистонҲуқуқвайронкунии маъмурӣИродаҶумлаи амрӣ872Вилояти ХатлонВавилон-МобайлМиланҲокимияти иҷроияПешояндШвейсарияВазифаи ҳифзи табиатФарҳанги тафсирии забони тоҷикӣҶаҳони ҒарбКонвенсияи ҳуқуқи кудакУзвҳои пешобМуҳаммад🡆 More