Осиёи Ҷанубу Шарқӣ (ОҶШ) — минтақае мебошад, ки қаламрави континенталӣ ва ҷазираҳои байни Ҷопон, Чин, Ҳиндустон ва Австралияро дар бар мегирад.
Ҳамчунин нимҷазираҳои Ҳиндухитой (Ҳиндучин) ва галлаҷазираҳои Малайро дар бар мегирад; қисми минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором.
Осиёи Ҷанубу Шарқӣ 11 кишварро фаро мегирад : асосан дар қитъа Вйетнам, Тайланд, Миёнмор, Камбоҷа, Лаос (он, ба баҳр роҳи баромад надорад), ва ҷазираҳо - Индонезия, Филиппин, Сингапур, Тимори Шарқӣ ва Бруней ва қаламрави Малайзия мутаносибан ба қисмҳои континенталӣ ва ҷазиравӣ тақсим шудааст.
Аз ҷиҳати ҷуғрофӣ, Осиёи Ҷанубу Шарқӣ инчунин минтақаҳои ҷанубии Чин, минтақаҳои шарқии Бангладеш ва минтақаҳои шарқии Ҳиндустон "(ҳафт хоҳар)", ки дар шарқи дарёи Брахмапутра ҷойгиранд.
Малайзия сарҳади ҷанубии нимҷазираи Малакка ва қисми шимолии ҷазираи Борнеоро ишғол мекунад. Вйетнам, Камбоҷа ва Лаос инчунин, давлатҳои Ҳиндухитой (Ҳиндучин) номида мешаванд ва давлатҳои ҷазиравӣ бо номи умумӣ Нусантара маълуманд. Минтақа 3,2 ҳазор км аз шимол ба ҷануб ва 5,6 ҳазор км аз ғарб ба шарқ тӯл мекашад. Дар он тақрибан садто халқҳо зиндагӣ мекунанд, ки тақрибан 8% аҳолии ҷаҳонро ташкил медиҳанд, мазҳабҳои гуногун эътироф мекунанд ва бо забонҳои гуногун гап мезананд . Бо назардошти шабеҳии шароити табиӣ-ҷуғрофӣ ва табиӣ, ҳамон як маҷмӯи иқтисодӣ ва фарҳангӣ-идеолужӣ дар Осиёи Ҷанубу Шарқӣ ба вуҷуд омадааст, ки дар даврони Хитои қадим асос шудааст, барои гуфтугузор дар бораи як ҷомеаи ягонаи фарҳангии минтақа ва номидани он бо истилоҳи коллективии "Кун Лун" замина фароҳам овардааст . Кишварҳо дар минтақа ҳамкории байниҳамдигарии минтақавиро тавассути Ассотсиатсияи кишварҳои Осиёи Ҷанубу Шарқӣ (АСЕАН ) ба роҳ мондаанд, ки он ҳамаи давлатҳоро фаро мегирад, ба ғайри Тимори Шарқӣ .
Дар қаламрав 599 миллион нафар зиндагӣ мекунанд, ки 8% аҳолии ҷаҳон аст. Вақтҳои охир сатҳи афзоиши табиии аҳолӣ коҳиш ёфт, аммо арзиши мутлақи он ҳанӯз ҳам бузург аст. Хусусан маҳалли сераҳолӣ ҷазираи Ява аст, ки ҷазираи сераҳолӣ дар рӯи замин мебошад.
This article uses material from the Wikipedia Тоҷикӣ article Осиёи Ҷанубу Шарқӣ, which is released under the Creative Commons Attribution-ShareAlike 3.0 license ("CC BY-SA 3.0"); additional terms may apply (view authors). Муҳтаво таҳти иҷозатномаи CC BY-SA 4.0 ва ё дигар дастрас аст. Images, videos and audio are available under their respective licenses.
®Wikipedia is a registered trademark of the Wiki Foundation, Inc. Wiki Тоҷикӣ (DUHOCTRUNGQUOC.VN) is an independent company and has no affiliation with Wiki Foundation.