Геловани, Михаил Георгиевич

Михаи́л Гео́ргиевич Гелова́ни (6 январи 1893, Кутаиси, Гурҷистон – 21 декабри 1956, Маскав) — ҳунарпешаи гурҷитабори шӯравӣ.

Артисти халқии ИҶШС (1950).

Геловани, Михаил Георгиевич
Геловани, Михаил Георгиевич
Таърихи таваллуд: 6 январ 1893(1893-01-06)
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт 21 декабр 1956(1956-12-21) (63 сол)
Маҳалли марг:
Шаҳрвандӣ:
Касб: ҳунарпеша, коргардони филм, ҳунарпешаи театр, ҳунарпешаи синамо, коргардони театр, chorist
Корнома: аз 1913
Ҷоизаҳо:
IMDb: ID 0312499
Геловани, Михаил Георгиевич Парвандаҳо дар Викианбор

Фаъолияти эыодь

Фаъолияти эҷодиашро дар Батуми оғоз намуда, баъд дар театрҳои Боку, Кутаиси кор кардааст. Пас аз Инқилоби Октябр аз мактаби ҳунарпешагии Театр-студияи коргардон Михаил Геловани Ҷабарии Тифлис гузашт (1919–20). Нимаи дуввуми солҳои 20 садаи XX ба коргардонии филмҳо рӯ овард. Аз соли 1927 коргардону басаҳнагузорандаи студияи филмбардории «Армен-кино», баъд ҳунарпешаи Театри ба номи Ш. Руставелии Тифлис (1936–39), Театри бадеии академии Маскав ба номи М. Горкий (1942–48), театр-студияи актёри кино (1954–56) буд. Ба нақшҳои иҷрокардаи Михаил Геловани мушоҳидакории дақиқ хос аст: Васка Пепел («Дар қаър»-и М. Горкий), Котсия («Дӯшинаҳо»-и Ш.Н. Дадиани), Тариэл Мкловадзе (пйесаи ҳамноми Э. Ф. Ниношвили) ва ғ. Михаил Геловани нахустин иҷрокунандаи нақши И. В. Сталин дар театр (1937, «Аз шарора»-и Дадиани; «Марди мусаллаҳ»-и Н. Погодин) ва дар кино – «Шафақи бузург» (1938; Мукофоти давлатии ИҶШС,1941), «Ленин дар соли 1918» (1939; «Мудофиаи Саритсин» (1942; Мукофоти давлатии ИҶШС, 1942), «Қасам» (1946; Мукофоти давлатии ИҶШС, 1947), «Сарнагуншавии Берлин» (1950; Мукофоти давлатии ИҶШС, 1950) мебошад. Дар кино дигар нақшҳои ҷолиб низ бозидааст: Бахва Пулава («Се ҳаёт», 1925), шоир («Хабарда», 1931), Ломидзе («То дидан», 1935), Крилэ («Водии заррин», 1937) ва ғ. Михаил Геловани режиссёри филмҳои «Ҷавонии музаффар» (1929) ва «Қафқозии асил» (1939) аст. Бо ордени Байрақи Сурхи Меҳнат сарфароз гардидааст.

Эзоҳ

Адабиёт

  • Театральная энциклопедия. Т. 1 М., 1961;
  • Большая советская энциклопедия. 3 изд. Т. 6. М., 1971;
  • Энциклопедияи советии тоҷик. Ҷ. 2. Д., 1980.

Сарчашма

Tags:

Геловани, Михаил Георгиевич Фаъолияти эыодьГеловани, Михаил Георгиевич ЭзоҳГеловани, Михаил Георгиевич АдабиётГеловани, Михаил Георгиевич СарчашмаГеловани, Михаил Георгиевич1893195621 декабр6 январГурҷистонКутаисиМаскав

🔥 Trending searches on Wiki Тоҷикӣ:

ОлучаБахши ИсломАломатҳои роҳ дар ТоҷикистонИсми хосДавиданКароматуллоҳи МирзоИсмБарӯйхатгирии аҳолӣАмрикоХати тоҷикӣДуздӣҲизбҳои сиёсии ТоҷикистонРӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии ТоҷикистонАтеросклерозҶомеаи иттилоотӣНидоҲокимияти сиёсӣҒуриёнХабар (дастури забон)Системаи шошаю таносулБавосирГандумСотим УлуғзодаӮзбекистонКамол НасруллоФарҳанги забони тоҷикӣГули садбаргВитаминҳоҶумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии ТоҷикистонКонодоСифати нисбӣВилоятҳои ТоҷикистонСафияи НосирЧингизхонУқёнуси АтласГулистон (асар)Воқеаҳои кунунӣХуҷандАбдулҳамид СамадҲайзИқтисоди ҷаҳонӣБарномаи компютерӣОксигенМеъёри ҳуқуқАлифбои овонигории байналмилалӣВазнМаорифпарварӣАртиши СурхНигора ХоловаГурҷистонСанъатДулонаВоситаи ахбори оммаДастури забонЧеҳраҳои мондагор (китоб)Мазмуни таълимГӯрғулӣ (ҳамоса)ДавлатБешаи палангонCSSДавлати СелевкиёнСурияДавра (кимиё)ОдинаИқтисоди ТоҷикистонИбора (мазмунҳо)ТемурмаликВазъияти фавқулодаЗабони индонезиёӣБонки миллии ТоҷикистонКумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии ТоҷикистонВазоратҳои Ҷумҳурии ТоҷикистонСаноати ТоҷикистонЗабони шуғнонӣАфриқоГазна🡆 More