Бадавӣ, Шайхалӣ

Бадавӣ, Шайхалӣ (таваллуд 1867 – даргузашт номаълум) — хушнависи маъруфи мисрӣ.

Бадавӣ, Шайхалӣ

Зиндагинома

Дар Қоҳира таваллуд шудааст. Пас аз хатми ҳифзи Қуръон, итмоми таҳсилоти ибтидоӣ ва ёдгирии наҳв, тафсир, ҳадис, фиқҳ назди шайх Дусавқи Арабӣ ва шайх Қандил, аз олимони динии Қоҳира ва шайх Муҳаммади Зағлул, машҳур ба Росам, ба машқи хат пардохт. Сипас аз Муҳаммад Афандӣ Мунисзода, бузургтарин устоди хат дар Миср, иҷозатнома гирифт ва чанде баъд ба ҷиргаи хаттотони пешоҳанги Миср пайваст. Соли 1894/95 дар Мадрасаи амирияи Обидин ба унвони устоди хат ба кор қабул шуд ва эҳтимолан то соли 1940 (ба далели канорагирӣ ё даргузашт номе аз ӯ дар миён нест) дар мадрасаҳои бисёре ба кори худ идома дод. Аз Бадавӣ осори бисёре ба ҷой мондааст, аз ҷумла: Қуръони карим, ки барои Ҳусайнпошо китобат кардааст; ҷузвиёте, ки барои яке аз ғуломони озодшудаи Исмоилпошо – подшоҳи Миср нусхабардорӣ кардааст; мусҳафи шариф, ки баъдҳо ба Масҷиди Набавӣ ҳадя шудааст; ҷузваҳое аз Қуръон, ки барои яке аз сарватмандони мисрӣ китобат кардааст; хатҳое ба хатти сулси ҷалӣ, ки бар рӯйи дарҳои вуруди масҷидҳо ва ҷомеаҳои Миср навиштааст; лавҳаи номҳои хиёбонҳо, шаҳрҳо ва кӯчаҳои Қоҳира, ки теъдоди зиёде аз онҳо ба хатти ӯ мавҷуд аст; ояи каримаи «Ва ҷаъално мин ал-моъи кулла шайъин ҳаййи» ба шакли доира бар рӯйи чашмае, ки Фуоди якум дар Мино барои ҳоҷиён бино кардааст.

Эзоҳ

Адабиёт

  • کامل بابا. روح الخط العربی. بیروت ۱۹۸۳؛
  • طاهر کردی. تاریخ الخط العربی و ادابه. الریاض، ۱۹۸۲؛
  • دانشنامۀ جهان اسلام. جلد ۲، تهران. ۱۳۷۵.

Tags:

МисрХушнавис

🔥 Trending searches on Wiki Тоҷикӣ:

Разиюддин Алии ЛолоБонкАбуҳомид Муҳаммади ҒазолӣҶонишин (дастури забон)Фурудгоҳи Байн‌алмиллалии КансайҲиссаҳои нутқНорма ШеарерАдабиёти тоҷикҲамлаи Русия ба Укроин (2022)Хати паҳлавӣАбуҳамзаи ХуросонӣКатарина ВиттФурӯпошии ИҶШСАврупоМаҷмӯъи маҳсулоти дохилӣСоли 1574Шӯриши ВосеъФарҳанги забони тоҷикӣВикипедияИдеологияАввалин Бонки Молиявии ХурдТерроризмҲуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрвандМихаил БулгаковҲалле БеррӣШиъаГули садбаргОзарбойҷонВарзиши сабукМишел БастусРагҳои хунЗарфи сабабИқболи ЛоҳурӣҲизби сиёсӣКарлос ДяртеҶонишинҳои ишоратӣМаҳмудбек ШойимқуловАкадемияи миллии илмҳои ТоҷикистонБелгияТрансформаторЗиндагиномаи ҳазрати МуҳаммадАмрикои ЛотинӣНоҳияи РаштMediaWikiСомонКарлос ТевесНишони давлатии Ҷумҳурии ТоҷикистонСиғаҳои феълҲиндустонБедилКумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии ТоҷикистонМаҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии ТоҷикистонЗарфи мақсадАбдуллои СултонОсиёДиди (футболбоз)Ҳолатҳое, ки ҷазоро вазнин мекунандСоли 1992СиёсатшиносӣСаъдӣАллоҳСоли 1993Вилояти ЛенинградРежими сиёсӣАзонMicrosoft WindowsҶумҳурии Шӯравии Сотсиалистии ТоҷикистонКалимаТиҷорати интернетӣҶалолуддини БалхӣМайкл БэйҶонибеки МуродҚаҳрамони ТоҷикистонМалтаҚонеъии ТӯсӣПайдоиши ҳаётҲизбҳои сиёсии ТоҷикистонВисоли Шерозӣ🡆 More