Аналгетик

Аналге́тик (аз юн.-қад.

Аналгетик
Диклофенак ва Citodon

Таснифот

Моддаҳои давоии тарзи таъсир ва сохти химиявиашон гуногунро дар бар мегиранд. Аналгетикҳо наркозӣ ва ғайринаркозӣ мешаванд. Ба аналгетикҳои наркозӣ морфин, омнопон, промедол, фентанил ва ғ. мансубанд. Онҳо ҳисси дард, аз ҷумла дарди шадидеро, ки ҳангоми зарбулат, сӯхтагӣ, сактаи дил ва ғ. пайдо мешавад, рафъ мекунанд. Аналгетикҳои наркозӣ ба интиқоли импулсҳои дард дар қисмҳои гуногуни ҳароммағз ва майна монеъ мешаванд. Ин гурӯҳи доруҳо таассуроти нохуш (тарсу ваҳм, ҳаяҷон, рӯҳафтодагӣ)-и марбут ба дардро рафъ карда, ҳисси ҳаловати ҷисмонӣ ва рӯҳӣ (ба истилоҳ эйфория) ба вуҷуд меоваранд. Дар сурати чандин бор ворид намудани миқдори муайяни аналгетикҳои наркозӣ организм ба он одат мекунад ва таъсири дардбарӣ суст мегардад. Дар натиҷаи истифодаи тӯлонии аналгетикҳо шахс мумкин аст нашъаманд шавад. Аз ин рӯ, аналгетикҳои наркозӣ зери назорати қатъӣ буда, истеъмоли онҳо маҳдуд аст. Бе таъйиноти духтур истифода бурдани онҳо ҷиноят маҳсуб мешавад. Ба аналгетикҳои ғайринаркозӣ доруҳои синтезии сохти химиявиашон гуногун (кислотаи атсетилсалитсилат, амидопирин, аналгин, бутадион, парасетамол ва ғайра) мансубанд. Таъсири онҳо нисбат ба аналгетикҳои наркозӣ суст буда, асосан зимни дарде, ки дар натиҷаи газаки узву бофтаҳои гуногун (дарди дандон, дарди газаки бандҳо, мушакҳои скелет, неврит ва ғайра) пайдо мешаванд, самарабахш аст. Чунин доруҳо табшикан ҳам мебошанд, аксарияти онҳо хосияти зидди газак ҳам доранд.

Таъсири манфӣ

Дар натиҷаи бе маслиҳати духтур муддати зиёд истеъмол кардани аналгин, амидопирин ва бутадион ҷараёни хунофарӣ халал меёбад. Мунтазам ва худсарона истифода бурдани доруҳои кислотаи салитсилат (мас., кислотаи атсетилсалитсилат ва салитсилати натрий) луобпардаи меъдаро ба ангезиш оварда, боиси хунравии он мегардад, мӯҷиби ғуввоси гӯш, заъфи сомеа, вазнин ҷараён гирифтани баъзе бемориҳо (мас., зиқи нафас ва ғайра) мешавад. Баъзе доруҳои дигар низ, ки ба гурӯҳи аналгетикҳо мансуб нестанд, метавонанд дардро рафъ кунанд. Чунончи, ҳисси дарде, ки бо ташаннуҷи мушакҳои суфтаи узвҳои дарунӣ алоқаманд аст, аз таъсири атропин, доруҳои шобезак (белладонна), папаверин, но-шпа ва ғ. кам мешавад. Барои рафъи дарде, ки дар натиҷаи ташаннуҷи рагҳо пайдо шудааст, доруҳои васеъкунандаи рагҳо бештар манфиат мебахшанд. Аз ҷумла дарди аз зиқи дил пайдошударо бо доруҳое, ки гардиши хунро дар дил беҳтар мегардонанд (нитроглитсерин) паст карда, дарди сарро, ки ба ғалаёни хун вобаста аст, бо доруҳои фишоршикан рафъ месозанд. Дар аснои дарди шикаме, ки аз сабаби ғуншавии бод дар рӯда пайдо шудааст, доруҳои бод-рон (мас., оби шибит ва ғайра) ё карболен (доруе, ки бодро ба худ мекашад) манфиат меоранд. Бе таъйиноти духтур ва то аниқ муайян намудани сабаби ҳисси дард истеъмол кардани аналгетикҳо мумкин нест.

Эзоҳ

Пайвандҳо

Сарчашма


Шаблон:Pharmacology-stub

Tags:

Аналгетик ТаснифотАналгетик Таъсири манфӣАналгетик ЭзоҳАналгетик ПайвандҳоАналгетик СарчашмаАналгетикДоруҳои кимиёӣЗабони юнони қадим

🔥 Trending searches on Wiki Тоҷикӣ:

Аҳолии ТоҷикистонАфсонаМусиқии ТоҷикистонСалоҳияти ПрезидентХилофати АббосиёнМор­фология (мазмунҳо)ФаронсаЗабони форсӣФарҳангҳои тоҷикӣ-форсӣВикипедияmxvycДавлати ФаластинСтандарти байналмилалии рақамгузории китобБофтаАспи тоҷикӣДастури забонМуҳиддин АминзодаМӯъмин ҚаноатЗардолуАвруосиёКитоби сурхОинномаТаърихи ТоҷикистонИдҳои ТоҷикистонЗарафшондарёОлами набототМаҷаллаи «Мероси ниёгон»Ҷонишинҳои ишоратӣМучалШартномаи коллективӣЗанбӯри асалАбулмаъолӣ Насруллоҳи МуншӣБПНМУзвҳои пешобОзарбойҷонDokuWikiШариатАртиши СурхБадоеъу-л-вақоеъРӯзи кайҳоннавардонТоҷикистон дар соли 2021Давлати СомониёнБухороМисри ҚадимДарёҳои ТоҷикистонШушМеваАтмосфераи ЗаминВилям ШекспирЗабонҳои ҷаҳонСаидқул ТурдиевХонии ҚӯқандТоҷикистонДинОсиёи МарказӣМелиоратсияАттори НишопурӣСиёсатҚонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»Хилофати УмавиёнҲуқуқу озодиҳои конститутсионии инсон ва шаҳрвандВазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии ТоҷикистонИттифоқи нависандагони ТоҷикистонМоҳӣФеъл (дастури забон)ТабиатРӯдакӣМироҷиддин ҲакимовАкбар МирзоевДонишкадаи тарбияи ҷисмонии ТоҷикистонНомгӯйи паррандагони Китоби сурхи ТоҷикистонРаҳим ҶалилҲисорНавзод🡆 More