Ҳариванш Рай Баччан

Ҳариванш Рай Баччан (27 ноябри 1907, Аллоҳобод — 18 январи 2003) — шоир ва тарҷумони Ҳиндустон, падари ҳунарманди машҳури кинои Ҳиндустон Амитабҳ Баччан.

Ҳариванш Рай Баччан
ҳиндӣ: हरिवंश राय बच्चन
Ҳариванш Рай Баччан
Таърихи таваллуд: 27 ноябр 1907(1907-11-27)
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: 18 январ 2003(2003-01-18) (95 сол)
Маҳалли даргузашт:
Шаҳрвандӣ (табаият):
Навъи фаъолият: шоир
Забони осор: ҳиндӣ
Ҷоизаҳо:
Имзо: имзо
Ҳариванш Рай Баччан Парвандаҳо дар Викианбор

Зиндагинома

Ба забони ҳиндӣ эҷод мекард. Дар донишгоҳҳои Аллоҳобод ва Банорас таҳсил кардааст. Унвони доктори илмҳои-ро дар Донишгоҳи Кембриҷ (Англия) гирифтааст (1954). Дар 16-солагӣ ба шеъргӯӣ оғоз кард, вале аз навиштаҳояш қаноатманд набуд. Солҳои 30 садаи 20 якчанд ҳикоя навишта (ҳикояи нахустинаш — «Чашмони дил», нашраш 1931) боз ба шеър рӯй овард. Маҷмӯаи нахустини шеърҳояш «Гарданбанди ту» (1932). Баъдан с-ҳои гуногун маҷмӯаҳои дигари ашъораш, аз қабили «Ин тарафу он тарафи селоб», «Шеърҳои дӯстдоштаи Баччан», «Ашъори беҳтарини ман» ва ғ. ба табъ расидаанд. Баччан дар Ҳиндустон чун тарҷумони рубоиёти Умари Хайём (аз англисӣ — аз рӯйи тарҷумаҳои Э. Фитсҷералд) машҳур гаштааст. Соли 1933 Баччан дар муддати як ҳафта 75 рубоии Хайёмро аз англисӣ (тарҷумаи Э. Фитсҷералд) ба ҳиндӣ тарҷума карда, бо номи «Шаробхонаи Хайём» дастраси хонандагон намуд. Ҳар як рубоии ба ҳиндӣ тарҷумакардаи Баччан аз ҳашт мисраъ иборат аст, вале ӯ таъкид намудааст, ки инҳо на 8 мисраъ, балки 4 мисраи дарозанд. Тарҷумаҳои Баччан дар Ҳиндустон машҳур гардиданд ва гаштаву баргашта нашр мешаванд. Баччан дар таъсири рубоиёти Хайём мактаби рубоинависӣ бунёд кардааст. Дар ин замина ҷараёни адабие ба миён омадааст, ки онро «Шаробизм» («Ҳалавад») мегӯянд. Инчунин ба қалами Баччан маҷмӯаҳое бо номи «Шаробхона» («Мадҳушала»), «Духтари шароб» («Мадҳубала»), «Кӯзаи шароб» («Мадҳукалаш») ва ғ. тааллуқ доранд, ки дар таъсири рубоиёти Хайём эҷод гардидаанд. Дар Ҳиндустон инчунин марсияи Баччан — «Ноябри соли 1984» (моҳи марги фоҷиавии Индира Ганди) машҳур аст. Баччан-ро дар Ҳиндустон чун бунёдгузори забони муосири ҳиндӣ мешиносанд.

Ҷоизаҳо

Бо ҷоизаи Академияи адабиёти Ҳиндустон, инчунин ҷоизаҳои «Падма Бҳушан», «Нилуфар» сарфароз гардидааст.

Эзоҳ

Адабиёт

  • Раҷабов Ҳ. Ин аст Ҳиндустон. Д., 2007;
  • Сенкевич А. Н. Хариванш Рай Баччан. М., 1979.

Tags:

Ҳариванш Рай Баччан ЗиндагиномаҲариванш Рай Баччан ҶоизаҳоҲариванш Рай Баччан ЭзоҳҲариванш Рай Баччан АдабиётҲариванш Рай Баччан18 январ1907200327 ноябрАмитабҳ БаччанШоирҲиндустон

🔥 Trending searches on Wiki Тоҷикӣ:

Шӯриши СпитаменМавзеъҳои табии ТоҷикистонРамазон РаҳимзодаФарҳанги забони тоҷикӣТуғрал АҳрорӣҚаҳрамони ТоҷикистонБаёнотСозмони Милали МуттаҳидСабзавотДавлати Суғди қадимҚонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»Мирсаид МиршакарИди ҚурбонЧингизхонҶопонҲабиб ЮсуфӣХабар (дастури забон)Узвҳои таносули занонаДонишгоҳи давлатии тиббии ТоҷикистонСамарқандСистемаи шошаю таносулСоли 1863АтторАфғонистонБарги зулфАфриқоДавлати ягонаШабакаи иҷтимоӣТурсун ӮлҷабоевҲизбҳои сиёсии ТоҷикистонГулБемориҳои ирсӣAstra CСарбадоронТоҳириёнОмударёҲуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрвандВомбаргK-popМеъморӣКасбукорЧкалов (ноҳияи Бозор-Қӯрғон)ҚуръонСоли 1978Рӯзи кайҳоннавардонТиҷорати интернетӣБиогеосенозСадриддин АйнӣАҳмади ДонишРаиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии ТоҷикистонСуманак (ғизо)Маориф дар ТоҷикистонЛатифаДавлати СалҷуқиёнГвардияи миллии Ҷумҳурии ТоҷикистонСоли кабисаКалимаБуҷети давлатӣАмрикои ҶанубӣДонишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати ТоҷикистонАдади транccендентӣАмрикои ЛотинӣИтолиёЗаминларзаЗарф (дастури забон)Ҷаҳони арабТавротАрабистони СаудӣМоҳиҳоДонишгоҳи давлатии ХуҷандАлишер Абдуллоев (варзишгар)Ноҳияи НурободҲуқуқҳои инсонФотосинтезАсри сангЗабонҳои эронӣСоли 2004🡆 More