Раҷендра Прасад

Раҷендра Прасад (ҳиндӣ: राजेन्द्र प्रसाद 3 декабри соли 1884, Зерадеи, Ҳиндустони Бритониё — 28 феврали соли 1963, Патна, Ҳиндустон) — муборизи ҳиндустонӣ барои истиқлолияти кишвар аз зулми мустамликадории Бритониёи Кабир, ки нахустин президенти Ҳиндустон (1950—1962) буд

Раҷендра Прасад
ҳиндӣ: डाक्टर राजेन्द्र प्रसाद
Раҷендра Прасад
26 январ 1950 — 12 май 1962
Пешгузашта C. Rajagopalachari[d]
Ҷонишин Сарвепалли Радхакришнан
6 июл 1946 — 24 январ 1950
11 декабр 1946 — 24 январ 1950
Пешгузашта Sachchidananda Sinha[d]
Таваллуд 3 декабр 1884(1884-12-03)[…]
Даргузашт 28 феврал 1963(1963-02-28)[…] (78 сол)
Ҳамсар Rajavanshi Devi Prasad[d]
Ҳизб
Таҳсилот
Эътиқод Ҳиндуия
Ҷоизаҳо
Ҷойҳои кор
Раҷендра Прасад Парвандаҳо дар Викианбор

Зиндагинома

Солҳои аввал ва таҳсилот

Раҷендра Прасад дар Зерадеӣ таваллуд шудааст, ки ҳоло дар иёлати Биҳар аст. Аз авлоди табақаи (Каста) — котибон. Падараш филологи риштаи забонҳои санскрит ва форсӣ буд. Падару модараш ӯро дар 12-солагӣ оиладор намудаанд.

Дар синни 18-солагӣ, соли 1915 ба Донишгоҳи Калкутта дохил шуд ва бо дипломи аъло ба унвони устоди ҳуқуқ ноил шуд. Дар муассисаҳои гуногуни таълимӣ ба ҳайси омӯзгор кор кардааст. Пас аз гирифтани дараҷаи соҳаи иқтисод, аз соли 1909 дар Коллеҷи Лангат Сингҳ профессори забони англисӣ буд. Инчунин профессори иқтисод дар Коллеҷи шаҳрии Калкутта кор кардааст. Таҳсилашро бо дараҷаи илмии — доктори илмҳои ҳуқуқ дар Донишгоҳи Аллоҳобод ба итмом расонд.

Ӯ ба фаъолияти адвокатӣ пардохт. Дар соли 1916 дар Суди олии иёлати Биҳар ва Орисса кор мекард.

Фаъолияти сиёсӣ

Вай бори аввал дар соли 1906 дар Конгресси миллии Хиндустон дар Калкутта иштирок кард, соли 1911 аъзо шуд. Дар иҷлосияи Конгресси миллии Хиндустон, ки соли 1916 дар Лакхнау шуда гузашт, вай бо Мохандас Гандӣ ва баъд бо Ҷавоҳирлаъл Неҳру вохурд . Дар соли 1920 қарор дод, ки кори сердаромади ҳуқуқшинос, инчунин вазифаҳои худро дар донишгоҳ барои ёрй расондан ба ҳаракати миллӣ-озодихоҳӣ хотима дихад. Ӯ барои нашрияҳои мухолиф мақолаҳо менавишт ва фаъолона дар саросари кишвар сафар карда, идеяи истиқлолро таблиғ мекард.

Мохи октябри соли 1934 дар иҷлосия Мумбай президенти Конгресси миллии Хиндустон (КМҲ) интихоб шуд. Баъдан ӯ борҳо зиндонӣ шуд, ҳарчанд барои муддати тӯлонӣ набуд. Вай ба комитетҳои ёрӣ ба зарардидагони зилзила дар Биҳар (1934) ва Кветта (1935) рохбарӣ мекард. Баъди қабули соли 1942 Қарори КМҲ «Аз Ҳиндустон дафъ шавед!» (Қарордоди аз Хиндустон баромадан) дастгир карда шуд ва то 15 июни соли 1945. дар зиндон буд.

Баъди ташкил шудани Ҳукумати муваққатии Ҳиндустон — Шӯрои иҷроияи назди генерал-губернатори Ҳиндустон 2 сентябри соли 1946 сардори департаменти озуқаворй ва хоҷагии қишлоқ шуд. Баъдтар се маротиба раиси Анҷумани муассисон ва баъд аз эътибор пайдо кардани Конститутсиям Ҳиндустон, 26 январи соли 1950 аввалин президенти Ҳиндустон интихоб гардид. Вай анъанаи истиқлолияти президентро аз мансубияти ҳизбӣ, ки то имрӯз боқӣ мондааст, баъд аз истеъфояш аз Конгресси миллии Ҳиндустон пас аз президент интихоб шудан асос гузошт.

Дар байни солҳои 1958—1960 вай дар вазифаи президент ба Ҷопон, Шри Ланка, ИҶШС, Малайзия ва Индонезия сафари давлатӣ кард. Дар рафти сафари соли 1960 дар ИҶШС ба унвони доктори фахрии илмҳои таърихи Донишгоҳи давлатии Маскав мукофотонида шуд .

Ду маротиба дар солҳои 1952 ва 1957 пайдарҳам аз ҷониби шӯрои инхобкунандагон Президенти Ҳиндустон интихоб шудааст.

Соли 1962 г. истеъфо дод ва соли дигар вафот кард.

Мукофот ва унвонҳо

Барои фаъолияташ бо мукофоти олии давлатии шаҳрвадии Ҳиндустон — Бхарат Ратна мукофотонида шудааст.

Рӯйдодҳои ҷолиб

  • Раҷендра Прасад ягона президенти Ҳиндустон аст, ки беш аз 5 сол ҳукмронӣ кардааст.
  • Раҷендра Прасад инчунин нависанда буд, ба ҷуз тарҷумаи ҳоли худ, ӯ якчанд китоб навиштааст.
  • Раҷендра Прасад яке аз ҷонибдори ашаддии Ҳиндуия буд, аммо вай нисбат ба дигар динҳои Ҳиндустон хеле таҳаммулпазир буд. Дуруст аст, ки бар хилофи ҳамроҳонаш Гандӣ ва Неҳру, Прасад ҳатто дар байни ҷонибдори ашаддии Ҳиндуия эҳтироми зиёд дошт.

Адабиёт

  • Раджендра Прасад (Люди и события) // Новое время. — М., 1960. — № 26. — С. 15.

Эзоҳ

Tags:

Раҷендра Прасад ЗиндагиномаРаҷендра Прасад Мукофот ва унвонҳоРаҷендра Прасад Рӯйдодҳои ҷолибРаҷендра Прасад АдабиётРаҷендра Прасад ЭзоҳРаҷендра Прасад28 феврал3 декабрБритониёи КабирЗабони ҳиндӣПатнаСоли 1884Соли 1963ҲиндустонҲиндустони Бритониё

🔥 Trending searches on Wiki Тоҷикӣ:

Ҳазрати ИсоСоли 1701Мудофиаи гражданӣТуркманистонҶамъияти дорои масъулияти маҳдудСанъатНазорати гумрукӣИдеализмҲуқуқу озодиҳои конститутсионии инсон ва шаҳрвандЗардуштиёнВосеъБозрасии давлатии автомобилӣИстаравшанШоҳаншоҳии СосонӣРаиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии ТоҷикистонСифати нисбӣУмари ХайёмҲоҷӣ Сайидолими КаздонӣТВ СинамоҶиноятАдлияи маъмурӣНидоНизоми сиёсии ТоҷикистонТазкирату-л-авлиёСитологияҒунчаҳои захмӣУзвҳои пешобПеруНикоҳФизикаҚирғизистонҲуқуқҳои инсонЭшони НуриддинҷонРаводидФарҳанги ТоҷикистонҶумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии ТоҷикистонФутболНусратулло МахсумВикиманияГлитсеринНазмБуддоияУқёнуси ҲиндВаксинаҚоидаи ҳаракати роҳҲуқуқАломатҳои роҳ дар ТоҷикистонЧилучорчашмаКислотаи дезоксирибонуклеатНоҳияҳои тобеи ҷумҳурӣҚасидаИнтернет дар ТоҷикистонКамхунӣДандонпизишкДонишгоҳи миллии ТоҷикистонҲуқуқшиносӣТаълимИнтихобот дар ТоҷикистонАнтисептикаҚонунИродаЗабонЙодМуҳаррики дарунсӯзЯҳудиятЗабони порсии миёнаМуқаннаъҶигарВладимир ПутинОинномаНасируддини ТӯсӣИсломКарбогидратҳоМаликушшуаро БаҳорБозиҳои олимпӣВазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии ТоҷикистонНАТОТоҷикон (китоб)Исм (дастури забон)🡆 More