Муҳаммад Халилов

Муҳаммад Халилов (1 январи 1909 м.

Боғи шамоли Самарқанд — 30 декабри 1988, Душанбе) — ҳунарпешаи театр, Ҳунарпешаи халқии ҶШС Тоҷикистон (1956).

Муҳаммад Халилов
Таърихи таваллуд: 1 январ 1909(1909-01-01)
Зодгоҳ: Самарқанд
Таърихи даргузашт 30 декабр 1988(1988-12-30) (79 сол)
Маҳалли марг: Душанбе
Касб: ҳунарпешаи театр
Ҷоизаҳо: Ордени Байрақи Сурхи Меҳнат Ордени «Нишони Фахрӣ»

Зиндагинома

Муҳаммад Халилов (1 январи 1909 м. Боғи шамоли шаҳри Самарқанд ба дунё омадааст. Курси дусолаи муаллимтайёркунии Самарқандро хатм кардааст (1929). Муаллими мактаби миёнаи ноҳияи Ургути вилояти Самарқанд, донишҷӯи Инстиути пахтакории ш. Самарқанд ва дар айни замон роҳбари дастаи ҳаваскорони санъат (1930). Соли 1930 ба Тоҷикистон омадааст. Актёри Театри давлатии драмаи мусиқии тоҷик (ҳоло — Театри давлатии академии драмавии ба номи А. Лоҳутӣ(19311969).

Эҷодиёт

Нақшҳои драмавӣ ва мазҳакавиро бозидааст. Симоҳои ҷолибе аз қабили Эшон («Ҳуҷум»-и В.Ян, 1931), Қодир («Дар таги пӯстак»-и М.Юсуфбеков, 1933), Салимбек («Мубориза»-и А.Усмонов, 1933), Аркадий Павлович («Платон Кречет»-и А.Корнейчук, 1936), Порфирио («Алқаср»-и Мдивани, 1938), Петров («Балво»-и Дм. Фурманов ва С.Поливанов, 1939), Темур («Шодмон»), Хӯҷаев («Калтакдорони сурх»-и С.Улуғзода, 1941), Брабансио («Отелло»-и У.Шекспир, 1939, 1948), Ляпкин — Тяпкин («Ревизор»-и Н. В. Гогол, 1946, 1952), Капулетти («Ромео ва Ҷулйетта»-и У.Шекспир, 1947, 1953), Мутаваллӣ («Духтари ноком»-и Ҷ.Икромӣ, 1951), Қудрат («Дохунда»-и Ҷ.Икромӣ, 1954, 1957), Герсог Албани («Шоҳ Лир»-и У.Шекспир, 1957), Рофиев («Тӯфон»-и Ғ. Абдулло, 1957), Ҳодӣ Пиён («Тӯй»-и С. Ғанӣ, 1958), Ҷунайд («Рӯдакӣ»-и С.Улуғзода, 1958), Шайх Насрулло («Мурдаҳо»-и Ҷ.Муҳаммадқулизода, 1963), Барони хасис («Фоҷиаҳои хурд»-и А. С. Пушкин 1966) офаридааст. Дар бисёр филмҳои тоҷик аз ҷумла «Дар заставаи дур» (нақши Ҷалил, 1940), «Дохунда» (нақши Пирамард, 1956), «Байрақи оҳангар» (нақши ҷорчӣ, 1961) иштирок кардааст.

Ба собиқ ҷумҳуриҳои ИҶШС, инчунин ба Афғонистон (1968) сафари ҳунарӣ кардааст. Иштироркчии ду Даҳаи адабиёт ва санъати тоҷик дар Москва (1941, 1957).

Ҷоизаҳо

  • Бо ордени Байрақи Сурхи Меҳнат,
  • Нишони Фахрӣ,
  • медалҳо ва Ифтихорномаҳои фахрии Президиуми Совети Олии Тоҷикистон мукофотонида шудааст.

Фарзандони Муҳаммад Халилов — Неъмат Халилов, Шавкат Халилов ва Суръат Халилов чеҳраҳои шинохта дар соҳаи санъати Тоҷикистон мебошанд.

Эзоҳ

Сарчашма

Tags:

Муҳаммад Халилов ЗиндагиномаМуҳаммад Халилов ЭҷодиётМуҳаммад Халилов ҶоизаҳоМуҳаммад Халилов ЭзоҳМуҳаммад Халилов СарчашмаМуҳаммад Халилов1 январ19091956198830 декабрСамарқандҲунарпешаи халқии ҶШС Тоҷикистон

🔥 Trending searches on Wiki Тоҷикӣ:

Донишкадаи исломии ТоҷикистонДарёҳои ТоҷикистонҲикакУқёнуси ОромИсми хосОриёӣГули хайрӣСохти шумораҳоБонки миллии ТоҷикистонСарвазири Ҷумҳурии ТоҷикистонЗабони форсӣЧашмИттилоотИскандари МақдунӣЭмомалӣ НасриддинзодаГурӯҳи хунӣҲуқуқҳои шаҳрвандДомулло Ҳикматуллоҳи ТоҷикободӣДонишкадаи давлатии омӯзгории Тоҷикистон дар ПанҷакентСафедаҳоИбораҳои исмӣҲаёти ҷинсӣCSSКобулИди РамазонИқлимЭмомалӣ РаҳмонҲиссача (дастури забон)Вилояти Бин ДинШӯриши ВосеъЗарф (мазмунҳо)СуннӣМеҳмон БахтӣТелевизион дар ТоҷикистонКитобхонаи марказии шаҳрии ба номи Абулқосим ЛоҳутӣГулДавлати СаффориёнНидоБобо ҲоҷӣВоҳидҳои забонРутбаҳои ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии ТоҷикистонДандонДонишгоҳи миллии ТоҷикистонВодии ЗарафшонБанди кимиёӣАлифбои русӣПулпитРаиси Ҳукумати ТоҷикистонДулонаҶумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии ТоҷикистонЁддоштҳо (Айнӣ)Суруди миллии ТоҷикистонРаиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии ТоҷикистонНоҳияҳои тобеи ҷумҳурӣСурхрӯдаАфсонаМурғЧилдухтарон (кӯҳ)ШерШом (намоз)Ҳифзи меҳнатДарсИқтисоди ТоҷикистонҶӯрабек НазриевҶашни СадаҶанги ҷаҳонии дувумХаритаСармояСурхаконАъзои ҳисФарҳангҳои тоҷикӣ-форсӣСаратонВарзиш дар ТоҷикистонОсиёи МарказӣСодатаринҳоҶонибеки Акобир🡆 More