Мансури I

Мансури I ибни Нӯҳ (961 Бухоро – 976, ҳамон ҷо) — шашумин амири сомонӣ, писари амир Нӯҳ ибни Насри Сомонӣ

Мансури I
Мансури I
Даргузашт 13 июн 976(0976-06-13)
Дудмон Сомониён
Падар Нӯҳ ибни Насри II
Фарзандон Нӯҳи II ибни Мансур
Эътиқод ислом
Мансури I Парвандаҳо дар Викианбор

Зиндагинома

Аморати Мансури I ибни Нӯҳ (961-976) бо ҷанги сипоҳи сомонӣ бо Алптегин ва пирӯзии Алптегин оғоз шуд. Алптегин дар соли 961 Ғазнинро тасарруф кард ва аморати мустақилеро бино ниҳод. Сомониён танҳо пас аз марги Алптегин (963) тавонистанд Ғазнинро ба тобеияти худ дароваранд. Набудани боварӣ ба дастгоҳи марказӣ ва зиддиятҳои дохилии дарборӣ вазъи Сомониёнро хеле душвор гардонида буд. Аз ҷумла сипаҳсолори нави Сомониён дар Хуросон Абумансур Муҳаммад ибни Абдураззоқи тусӣ чун эҳсос кард, ки ҳукумати ӯ чандон тӯл намекашад, даст ба ғорати хазина ва аҳолӣ зад. Дар аҳди Мансур инчунин вазъи Систон низ ба сабаби шӯришҳои пай дар пай ноором гардид. Дар давраи аморати Мансур ҷангҳои пай дар пай бо сулолаҳои Зайёриҳо ва Бувайҳиён харҷи иловагиро тақозо мекард. Аз ҷумла соли 967 миёни сипоҳи сомонӣ ва бувайҳӣ барои ба даст овардани Кирмон задухӯрди низомӣ сурат гирифта, бо шикасти Сомониён ба анҷом расид ва Кирмон ба итоати Бувайҳиён даромад. Ниҳоят бо кӯшишҳои вазири сомонӣ Абӯҷаъфари Утбӣ ва вазири Оли Бӯя Соҳиб ибни Аббод соли 972 миёни Сомониён ва Бувайҳиён соли сулҳ баста шуд. Ин сулҳ Сомониёнро дар самти ғарбии қаламрави худ осуда гардонид.

Нигаред

Эзоҳ

Tags:

961976АмирБухороНӯҳ ибни Насри IIСомониён

🔥 Trending searches on Wiki Тоҷикӣ:

Нақлиёт дар ТоҷикистонҲиндуияПорт-о-ПренсРамазон РаҳимзодаЧилахон ХоловБобоҷон ҒафуровТоҷикон (китоб)Ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрвандЛитваБарномаи компютерӣАминҳоИнқилоби ОктябрКитоби МуқаддасБемориҳои чашмҶазоҶанги ҷаҳонии якум4 декабрСимпсонҳоМавҷуда ҲакимоваЗарфи замонИсми ҷинсАвестоОриёӣНерӯгоҳи барқи обии НоракПешоянд ва пасояндҳо (дастури забон)Сайёҳӣ дар ТоҷикистонУзвҳои таносули занонаДубайВазорати мудофиаи Ҷумҳурии ТоҷикистонMicrosoft WordВазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии ТоҷикистонАдабиёти тоҷикМаҳбалНоттингемширТошкандАбуюсуфи ВобканӣАбунаср Тоҳири ХонақоҳӣАбушакури БалхӣНикколу МокиовеллӣМавританияСаномӣГардиши моддаҳо дар табиатСармоягузорӣНизоми ИсфаҳонӣСиёсатшиносӣВарзиши сабукФеҳристи мамнуъгоҳҳои Тоҷикистон18 июнЭволютсияАбуҳомид Муҳаммади ҒазолӣНерӯгоҳи барқи обии РоғунИсми хосВилояти ХерсонТаровеҳАрманистонҚоҳир РасулзодаСоли 2001Матлубахон СатториёнМалтаВазорати фарҳанги Ҷумҳурии ТоҷикистонФинляндияБаҳористонВарзишСутунмуҳраАгентии омори назди Президенти Ҷумҳурии ТоҷикистонНоҳияи АштДилФарҳанги забони тоҷикӣОлмонҲукумати Ҷумҳурии ТоҷикистонГандумТабиатРоҳи оҳани ТоҷикистонСаидмурод ДавлатовРаҳмон НабиевСитораЭмомалӣ Раҳмон🡆 More