Мавҷуда Ҳакимова — шоир, нависанда, рӯзноманигор, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (1965).
Таърихи таваллуд: | 5 май 1932 |
---|---|
Зодгоҳ: | Хуҷанд, ҶШС Тоҷикистон |
Таърихи даргузашт: | 1992 |
Маҳалли даргузашт: | Душанбе, Тоҷикистон |
Шаҳрвандӣ: | Тоҷикистон Иттиҳоди Шӯравӣ |
Навъи фаъолият: | нависанда |
Жанр: | шеър, пиеса, қисса |
Забони осор: | забони тоҷикӣ |
Ҷоизаҳо: | {| style="background:transparent" |||||||} ва Ифтихорномаи Президиуми Совети Олии ҶШС Тоҷикистон |
Мавҷуда Ҳакимова 5 майи соли 1932 дар шаҳри Хуҷанд чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Соли 1958 ин духтараки зебои хуҷандӣ барои амалӣ кардани орзуи хеш ҷониби Душанбе роҳ мегирад ва муҳассили факултаи таьриху филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мегардад. Илҳоми эҷод аз овони ҷавонӣ дар ниҳодаш метапиду рӯз то рӯз бештар аланга мегирифт. Дар рӯзномаи «Пионери Тоҷикистон», моҳномаи «Машъал», рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» Аввал ходими адабӣ, баъд муҳаррири рӯзномаи «Пионери Тоҷикистон» ва маҷаллаи «Машъал» (1962—1970), сипас сармуҳаррири рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» (1970—1971) ва моҳномаи бонувон «Занони Тоҷикистон» (1985—1990) (ҳоло маҷаллаи «Фирӯза»), ба ҳайси сармуҳаррир фаъолияти босамар дошт.
Шеърҳои аввалинаш аз ибтидои солҳои панҷоҳуми асри гузашта дар рӯзномаҳои «Ҳақиқати Ленинобод» ва «Пионери Тоҷикистон» чоп шудаанд. Муаллифи маҷмӯаҳои шеърии «Суруди саҳар» (1964), «Илҳом» (1970), «Мошини мошинсавор» (1972), «Ба сӯйи нур» (1976), «Набзи роҳ» (1977), «Тӯйи баҳор» (1980), «Диёри муҳаббат» (1987), «Бӯйи баҳор» (2002) ва ғ. мебошад. Маҷмӯаҳои ашъори ӯ «Мошин дар мошин» (1972), «Қатраи Офтоб» (дар тарҷумаи ӯзбекӣ; Тошканд, 1975), «Наш Нурек» (1975), «Дастони моҳир» (1978), «Баҳори шукуфон» (1980), «Шаршара» (1982) ва «Кто красивый» (1982) барои бачагон офарида шудаанд. Намоишномаҳои «Зистан мехоҳам» (1973), «Сояи гуноҳ» (1975), «Интизорӣ» (1975), «Зафар» (1979), «Ҳабиба» (1980), «Дунёи равшан» (1982), «Лолаҳои сафед» (1984) ва "Панди дарё (2012), «Афсонаи солинавӣ» ба қалами ӯ тааллуқ доранд.
Ҳама ин дастоварду мувафақиятҳои беназир шоираро то синни шастсолагӣ ба даст омаду дар дил нияти амалӣ намудани орзуҳои дигарро дошт. Тараннуми бештари Ватан, модар, ишқ, баҳору зиндагӣ ва олами беғашу афсонавии атфолро дошт. Дар ин чаҳорпорааш меҳру муҳаббати беохир садоқату вафодории худро нисбат ба Ватан арз доштаву ба ғаму шодии мардуми кишвар шарик буданро васф намудаст:
Мавҷуда Ҳакимова дар китоби «Бӯйи баҳор»-и худ чун китобҳои дигараш зебу зиннати табиати афсункор, тараннуми Ватан ва дунёи рангини кӯдаконро басо хуб ба қалам додаст.
Ватанам
This article uses material from the Wikipedia Тоҷикӣ article Мавҷуда Ҳакимова, which is released under the Creative Commons Attribution-ShareAlike 3.0 license ("CC BY-SA 3.0"); additional terms may apply (view authors). Муҳтаво таҳти иҷозатномаи CC BY-SA 4.0 ва ё дигар дастрас аст. Images, videos and audio are available under their respective licenses.
®Wikipedia is a registered trademark of the Wiki Foundation, Inc. Wiki Тоҷикӣ (DUHOCTRUNGQUOC.VN) is an independent company and has no affiliation with Wiki Foundation.