Ладо Гудиашвили

Ладо́ (Влади́мир) Дави́дович Гудиашви́ли (гурҷӣ: ლადო (ვლადიმერ) დავითის ძე გუდიაშვილი; 18 март 1896, Тифлис — 20 июл 1980, Тифлис) — рассом ва графики гурҷӣ, Рассоми халқии Иттиҳоди Шӯравӣ (1972).

Ладо Гудиашвили
гурҷӣ: ვლადიმერ დავითის ძე გუდიაშვილი
Суратҳо
Таърихи таваллуд 18 (30) март 1896[…]
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт 20 июл 1980(1980-07-20)[…] (84 сол)
Маҳалли даргузашт
Мамлакат:
Сайт art.gov.ge
Имзо Ладо Гудиашвили
Ладо Гудиашвили Парвандаҳо дар Викианбор

Зиндагинома

Хатмкардаи Мактаби рассомӣ ва ҳайкалтарошии Тифлис (1914). Солҳои 1919-26 дар Порис зиндагӣ кардаст. Ладо Гудиашвили узви доимии ҷамъияти рассомони муҳоҷири «Занбӯрхона» («La Ruehe») буд ва дар он ҷо бо рассомони машҳур Н. С. Гончарова, М. Ф. Ларионов, А. Модиляни, И. Зулола ва дигарон аз наздик шинос шуд. Тамоюли фарҳанги Аврупои Шарқии солҳои 20 асри 20, анъанаҳои санъати тасвирии қадими гурҷӣ ва форсӣ (наққошӣ, деворнигорӣ) ва сабки наққошии рассоми шинохта Н. Пиросмани ба эҷодиёти Ладо Гудиашвили таъсир расонидааст. Мусаввараҳои Ладо Гудиашвили саршор аз эҳсосоти ҳаёти миллӣ буда, дар асоси суруду достонҳои халқӣ («Моҳии сосхалӣ, 1920»), тамсилҳои асотирӣ («Сайругашти Серафита, 1940») офарида шудаанд. Ладо Гудиашвили инчунин муаллифи тасвирҳо, силсиларасмҳои ба Пиросмани бахшидашуда ва асарҳои зиддифашистӣ (1942-43) мебошад; китобҳои бисёр, аз ҷумла «Хиради тахайюлот»-и Султон Сабои Орбелиани, «Достонҳо ва афсонаҳо» (1963)-ро оро додааст. Соли 1946 ӯ маъбади Кашветиро дар Тифлис наққошӣ кард, ки барои ин амал аз узвияти Ҳизби коммунист, АР Тифлис озод, аз Мукофоти давлатии Гурҷистон ва унвони Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ маҳрум карда шуд.

Эзоҳ

Адабиёт

Tags:

20 июл30 мартd:Q1694168Забони гурҷӣРассомСоли 1896Соли 1980Тифлис

🔥 Trending searches on Wiki Тоҷикӣ:

Илмҳои гуманитарӣВаколатномаЛибоси миллии тоҷиконҶумъа ОдинаСохтори мақомоти марказии ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон9 майЧарлз ДарвинҶадвали электронӣКӯҳҳои ТоҷикистонҲуқуқ ба фаъолияти соҳибкорӣБарномаи зиддивирусӣНамози тасбеҳМусиқии ТоҷикистонАнтарктидаДавлати СомониёнМирсаид МиршакарБемории силВоқеаҳои кунунӣВйетнамМеханикаТаърихи Ҷумҳурии ТоҷикистонАбдусалом ДеҳотӣТашхисНаврӯзномаГулназар КелдӣCSSАмрикоСурайё ҚосимоваИбора (мазмунҳо)АнварӣМусоҳибаГурдаШеърҲуқуқи мурофиаи ҷиноятӣАбуҳанифа Нуъмон ибни СобитНоҳияи ДеваштичАввалин Бонки Молиявии ХурдДандонНоҳияи Бобоҷон ҒафуровХунМуродифСодатаринҳоҲуқуқу озодиҳои конститутсионии инсон ва шаҳрвандMediaWikiСурхрӯдаХокНақлиёт дар ТоҷикистонРусияГингивитЭмомалӣ НасриддинзодаХабар (дастури забон)БаҳористонНармбаданҳоКонодоБери-бериАтеросклерозУқёнуси ОромАмрикои ҶанубӣСистемаи шошаю таносулГургНаврӯзАвитаминозФеҳристи масҷидҳои шинохташудаи ҷаҳонАтомУзвҳои пешобБемориҳои асабОрҳан БийиклӣФизиологияMicrosoft WindowsНоҳияи ВосеъApple Inc.Забти давлатҳои Осиёи Миёна аз ҷониби РусияАҳдРаҳим ҶалилДонишгоҳи славянии Русияву ТоҷикистонРагҳои хунХунпешобӣКомиссияи оштии миллӣ🡆 More