Интихобот Дар Тоҷикистон

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Президент ва Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи миллӣ интихоб мешаванд.

Президенти Тоҷикистон ба муҳлати ҳафт сол аз тарафи мардум интихоб мегардад ва дар асоси ҳуқуқи интихоботии умумӣ, баробар, мустақим ва бо овоздиҳии пинҳонӣ интихоб карда мешавад.

Маҷлиси Олӣ аз ду маҷлис - Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон иборат аст (Маҷлиси ду палатагӣ баъд аз ворид гардидани тағйироту иловаҳои раъйпурсии уммумихалқии соли 1999 ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда шудааст). Мӯҳлати ваколати Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон 5 сол аст. Ташкил ва фаъолияти Маҷлиси Олиро қонуни конститутсионӣ танзим мекунад.Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 63 вакил иборат аст, ки онҳо дар асоси ҳуқуқи интихоботии умумӣ, баробар, мустақим ва бо овоздиҳии пинҳонӣ интихоб карда мешавад. Маҷлиси намояндагон доимоамалкунанда ва касбӣ мебошад.

Аз чор се ҳиссаи аъзоёни Маҷлиси миллӣ ба таври ғайримустақим аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои онҳо, шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он, ноҳияҳои тобеи Ҷумҳурӣ бо овоздиҳии пинҳони интихоб мешаванд (ҷамъ - 25 вакил). Аз чор як ҳиссаи аъзоёни Маҷлиси миллиро (8 вакилро), Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин мекунад. Ҳайати Маҷлиси миллӣ - 33 вакили маҷлисро дарбар мегирад.

Дар Тоҷикистон Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон (ҲХДТ) аз соли 1994 дар якчанд интихоботҳои умумихалқии парлумонӣ аксари овозҳои интихобкунандагонро соҳиб шуда дар сари қудрат мебошад.

Донистаниҳо

Нигаред

Эзоҳ

Tags:

Маҷлиси ОлӣПрезидентҲуқуқи интихоботии умумӣ

🔥 Trending searches on Wiki Тоҷикӣ:

Бонки миллии ТоҷикистонВазорати мудофиаи Ҷумҳурии ТоҷикистонДевори Бузурги ЧинҚаҳрамони ТоҷикистонОлами ҳайвоноти ТоҷикистонМубтадоПайвандакҳои тобеъкунандаГаагаМултфилмНоҳияҲуқуқи меҳнатӣДонишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии ТоҷикистонДавлати СалҷуқиёнҲуқуқи гражданӣАттори НишопурӣНизомулмулки ТӯсӣАбдурраҳмони ҶомӣАмонатРӯйхати кишварҳо аз рӯи масоҳатИсмоили СомонӣТаваррумИроқЭволютсияМирсаид МиршакарГурдаПиряхи ФедченкоВоситаи ахбори оммаАҳмад ЗоҳирҶанги БадрИмом БухорӣСаидҷаъфар УсмонзодаБемориҳои ҷигарСистемаи шошаю таносулCАмрикои ҶанубӣМайкл ҶексонҲуқуқи коститутсионии Ҷумҳурии ТоҷикистонҶалолуддини БалхӣВНМОМисри ҚадимСомониёнРақсШерзот АбдуллоевРоботОсорхонаи миллии ТоҷикистонСармоягузорӣ (инвеститсия)Ҳизби сиёсӣДиэлектрикКишоварзӣ дар ТоҷикистонНоҳияи МасчоВикиСуманак (ғизо)Гардиши сармояФутуҳоти МаккаРӯзи кайҳоннавардонАмалиёти гумрукӣТақсимоти маъмурии ТоҷикистонШаҳрАкадемияи миллии илмҳои ТоҷикистонҚобусномаСиёҳалафСурхчаПешояндМигел де СервантесАрманистонВйетнамИстаравшанУкроинОфтобҲикояҳои хурд-хурдБаҳорКонодоНоҳияи Абдураҳмони ҶомӣАморати БухороЭкологияАср (намоз)🡆 More