Гвадалаҳара

Гвадалаҳара, Гуадалаҷара (исп. Guadalajara (итт.)) — шаҳр дар маркази Мексика, маркази маъмурии иёлати Халиско.

Маҳалли аҳолинишин
Гвадалаҳара
Гвадалаҳара
Парчам Нишон
Парчам Нишон
Кишвар Гвадалаҳара [[|]]
Роҳбар Pablo Lemus[d]
Таърих ва ҷуғрофиё
Таъсис 1542
Масоҳат
  • 151,4 км²
Баландии марказ 1 566 ± 1 м ва 1 598 м
Минтақаи замонӣ CDT[d]
Аҳолӣ
Аҳолӣ
  • 1 460 148 тан (2010)
Забони расмӣ испониёӣ
Шиносаҳои ададӣ
Пешшумораи телефон 33
Нишонаи почта 44100–44990 ва 44700
guadalajara.gob.mx(исп.)
Гвадалаҳара Парвандаҳо дар Викианбор

Дар водии дарёи Рио-Гранде-де-Сантяго, дар баландии 1524 м аз с. б. воқеъ гардидааст. Масоҳаташ 151 км². Аҳолиаш 1,5 млн нафар (2014, бо аҳолии атрофаш 4,5 млн нафар). Соли 1530 бунёд ёфтааст, мавқеашро ду бор иваз кардааст. Аз соли 1542 дар ҷойи имрӯзааш, дар водии Атемахак воқеъ аст. Аз соли 1560 пойтахти музофоти мустамликаи испании Галисаи Нав. Соли 1810 М. Идалго дар Г. ҳукумати инқилобӣ таъсис намуд, вале соли 1811 аз тарафи испаниҳо барҳам дода шуд. Баъди соли 1945 саноат дар Г. тараққӣ кард. Г. маркази муҳимми савдо ва саноати мамлакат аст. Маркази технологияи нав (корхонаҳои ширкатҳо ва иттиҳодияҳои General Electric, IBM, Intel, Hitachi, Hewlett Packard, Siemens, Flextronics фаъолият доранд). Саноати автомобилҳо, истеҳсоли компютерҳо, кимиё, мебел, бофандагӣ, дӯзандагӣ, чарму пойафзор, хӯрокворӣ, аз ҳунарҳои датӣ, истеҳсоли маснуоти шишагӣ, сафолӣ, заргарӣ, кулоҳи мексикоии самбреро рушд кардааст. Маркази роҳҳои автомобилгард ва р.о. Фурудгоҳи байналмилалии Дон Мигел Идалго (17 км ҷанубтари шаҳр) ва фурудгоҳи маҳаллии Костиля, ду хатти трамвайи баландсуръат дорад. Дар Г. осори меъмории давраи мустамликадории Испания боқӣ мондаанд: масҷиди ҷомеи Бибӣ Марям Успения (1558—1618), қасрҳои губернатор (1774) ва адлия (1588), калисоҳои Ла Мерсед (1650), Модархудои Муқаддас дел-Кармен, Арансасу (1752), Сан- Франсиско. Осорхонаҳои палеонтологӣ, кишваршиносӣ, суробҳои мумӣ, меъмории ғарби Мексика, осорхона-устохонаи рассом Х. К. Ороско, театри Деголядо, оркестри симфонӣ, Донишгоҳи Гвадалахара, боғи ҳайвонот дорад. Дар музофоти Г. дараи Барранка де Облатос (дараи «роҳибон»), шаршараи Кола де Кабалйо («думи асп»), базиликаи Сапонан, маркази ҳунарҳои кулолии Тлакепаке ҷойгиранд. Дар наздикии Г. шаҳраки Текила — ватани машруботи машҳури мексикагӣ «текила» воқеъ аст.

Эзоҳ

Сарчашма


Tags:

GuadalajaraPronunciation.oggАкс:GuadalajaraPronunciation.oggЗабони испанӣМексикаШаҳр

🔥 Trending searches on Wiki Тоҷикӣ:

Дмитрий МенделеевХати мехӣТоҷикистон дар соли 2021ОинномаБемории силНамозУран (элемент)АнқараМаскавЧилахон ХоловАмниятЗабони тоҷикӣҲодӣ КенҷаевҲуқуқМасоҳатНосири ХусравВожаҷӯНусратулло МахсумЮрий ГагаринМаориф дар ТоҷикистонНонТобеъшавии Осиёи Миёна ба империяи РусияАнварӣШариатИлмСомониёнМоҳиҳоАбуҳомид Муҳаммади ҒазолӣГули бобунаРуслан СаликовАбдулҳақ БетобСӯхторАъзои ҷумлаСарезГоҳшумории ҳиҷрӣНоҳияи ДеваштичФотосинтезДостонТабъизШоҳаншоҳии АшконӣНақби ШаҳристонКамхунӣВараҷаБандина (тиб)Мирсаид МиршакарФутболХаритаМукофотҳои давлатии Ҷумҳурии ТоҷикистонБухороШафтолу (мева)Қоҳир РасулзодаМушаки компютерТӯйчӣ ЭрҷигитовЭмомалӣ НасриддинзодаДрама (ҷинси адабиёт)Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид»ДулонаХати АвестоШумораКитобЛимӯҶамъияти дорои масъулияти маҳдудИқболи ЛоҳурӣШириншо ШотемурШоҳномаКамолуддин БиноӣХобФейсбукЁдгориҳои табиатҚазоқистонФеҳристи президентҳои ФаронсаҲахоманишиёнТемурКишварЧаканИсфараАминокислотаҳо🡆 More