Гардан

Гардан (форсӣ: گَردَن‎) — он қисми бадан, ки сарро бо тан мепайвандад.

Гардан
Гардан

Асоси гардан сутунмуҳра — муҳраи гардан аст. Дар гардан ибтидои узвҳои нафас (ҳанҷара, хирной), ҳозима (гулӯ, ғадудҳои оби даҳон, як қисми сурхрӯда), рагҳои хун ва лимфа, ғадуди сипаршакл ва ғадудҳои наздисипаршакл, инчунин, асабҳо ҷой гирифтаанд. Ҳароммағз низ аз муҳраҳои гардан сар мешавад. Аз нуқси инкишофи гардан бештар каҷгарданӣ дучор меояд. Осебҳои пӯшидаи гардан дар натиҷаи садамаҳо, афтодан аз баландӣ, овехтан ба дор ва ғ. рух менамоянд. Дар ин гуна мавридҳо бофтаҳои нарм лат хӯрда, тағоякҳои ҳанҷара ва трахея, устухонҳои зери забон, муҳраҳои гардан мешикананд. Осебҳои кушодаи гардан бо нишонаҳои иллати рагҳои калон, ҳанҷара, сурхрӯда, ғадуди сипаршакл, асабҳои ҷумҷумаю мағзи сар ва ғ. падид меоянд. Ба бемориҳои илтиҳобии гардан лимфаденит, флегмона, пучак, ҳафтпӯст, саромос, ки бисёр вақт ба сарсом (менингит) ва уфунат (сепсис) мепечад, мансуб мебошанд. Лимфаденит ва флегмона бинобар мавҷудияти манбаи сироят дар дандонҳои пӯсида, ҳангоми ангина, фарингит, ларингит, амрози илтиҳобии ғадуди оби даҳон, пӯсти рӯву сар, бемориҳои сироятии кӯдакон, захми сурхрӯда, ҳанҷара, гулӯ ва ғ. низ ба вуҷуд меоянд. Иллатҳои гардан бо доруҳои гуногун ва амалиёти ҷарроҳӣ табобат карда мешаванд.

Эзоҳ

Адабиёт

  • Абдураҳмонов Ф. А. Анатомияи одам. Ҷ. 1-2. Д., 1995-98;
  • Абдураҳмонов Ф. А. Краткий атлас анатомии человека. Д., 2000.

Сарчашма

Tags:

БаданЗабони форсӣСар

🔥 Trending searches on Wiki Тоҷикӣ:

Марлен ДитрихБомдод (намоз)Буҷети давлатӣHTMLИсми хосАвстралияТиҷорати интернетӣКумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии ТоҷикистонАминокислотаҳоФарҷ (узв)ШариатГумрукАдвокатКарлос ТевесКлодуалдоҲукумати Ҷумҳурии ТоҷикистонАденомаШаҳодатМушаки компютерШумораВазорати адлияи Ҷумҳурии ТоҷикистонҲокимияти давлатӣКитоби МуқаддасАврупои ҒарбӣБемории қандСоли 1578Матлубахон СатториёнКилиан МбаппеМаҳмудбек ШойимқуловҲуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрвандЛихтенштейнБемориҳои рӯҳӣСаратонШириншо ШотемурМуҳаббати румонтикӣВазири фарҳанги Ҷумҳурии ТоҷикистонКореяи ҶанубӣЗакотЭмомалӣ РаҳмонАзонҚоқуСомонЧеҳраҳои мондагор (китоб)Пӯсидагии дандонФалсафаАломатҳои роҳ дар ТоҷикистонВилояти МурманскГардиши хунНоҳияи РаштАнқараТошхӯҷа АсирӣСалмони ФорсӣДилЗокир НайкМисри ҚадимВоҳидҳои забонШветсияМолдоваВолодимир ЗеленскийСиёсатшиносӣИндонезияБемориҳои чашмҲофизНасрониёнИммунитетТобеъшавии Осиёи Миёна ба империяи РусияҲуқуқи конститутсионии Ҷумҳурии ТоҷикистонПуркунандаДонишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии ТоҷикистонНоҳияи ВахшАбуҳамзаи ХуросонӣСироҷиддини ФозилФарҳанги ТоҷикистонШиъаЭшони АлломаКонститутсияи Ҷумҳурии ТоҷикистонМавлоно Носирӣ🡆 More