Дарё Ганг

Ганг, Ганга (ҳиндуӣ – дарё) — бузургтарин дарёи Осиёи Ҷанубӣ дар Ҳиндустон ва Бангладеш.

Ганг (дарё)
Дарё Ганг
  Координатаҳо
Мавқеъ
Кишвар Ҳиндустон
Ганг (дарё)
дар Викианбор

Дарозиаш 2700 км, масоҳати ҳавзааш 1120 ҳазор км2. Аз кӯҳҳои Ҳимолой дар баландии қариб 5000 м сар шуда, ба халиҷи Банголаи уқёнуси Ҳинд мерезад. Якҷо бо дарёи Браҳмапутра делтаи ниҳоят васеи Банголаро (беш аз 100 ҳазор км2 ) ташкил медиҳад. Болообаш аз дараҳои танги кӯҳӣ, қисми миёна ва поёнобаш аз ҳамвории Ҳинду Ганг ҷорӣ мешавад; бари маҷрои миёнааш 400–600 м, поёнобаш – 2 км. Дарёбодаш кӯлу ботлоқзорҳо дорад. Манбааш барфу пирях ва борон. Ганг яке аз серобтарин дарёҳои ҷаҳон аст. Давраи серобиаш аввалҳои май то нимаи сентябр. Дар мавсими обхезӣ сатҳи оби Ганг то 10–15 м баланд шуда, майдонҳои васеъ, бахусус дар минтақаи делта, зери об мемонанд. Сарфи миёнаи об дар резишгоҳ (бо Браҳмапутра) 35–38 ҳазор м3/с, дар як сол 1200 км2/с. Оби Ганг лой буда, дар як сол қариб 350 млн т ҷинсҳои кӯҳиро шуста меорад. Аз резишгоҳ то доманаи кӯҳҳои Ҳимолой (то шаҳри Ҳардвар) 1450 км-и Ганг киштигард аст. Шохобҳои калони Ганг аз рост – Ҷамна, Сон, Дамодар; дар чап – Гомати, Гҳагҳра, Гандак, Коси, Махонанда. Оби Ганг ва шохобҳои он барои обёрӣ васеъ истифода мешаванд. Дар Ганг наҳрҳои Гангаи Боло ва Поён, Ҷамнаи Боло ва Поён, Ғарбӣ ва Шарқӣ, Агра, Сарда ва ғ. сохта шудаанд. Дар соҳилҳои Ганг ва шохобҳои он шаҳрҳои Аллоҳобод, Банорас (Варанаси), Патна, дар ҳавзаи Ганг шаҳрҳои Агра, Деҳлӣ, Калкутта ва ғ. воқеанд. Ҳиндуҳо Гангро дарёи муқаддас мешуморанд. Дар соҳилҳои Ганг якчанд маркази муҳимми динӣ – Ҳардвард ва Ришикеш (дар мавзеи аз кӯҳ ба ҳамворӣ баромадани Ганг), Банорас (Варанаси) ва Аллоҳобод (дар маҷрои поёнӣ), Сагар (дар резишгоҳи Ганг ба уқёнус) ҷойгиранд, ки зиёратгоҳи мардуманд. Оби Гангро шифобахш ва поксозандаи гуноҳҳо мешуморанд. Бинобар ин ойинҳои ғусл ва пароканда намудани хокистари фавтидагон дар Ганг маъмул гардидаанд. Сӯзондани ҷасад дар соҳили Ганг орзуи ҳар як ҳинду аст, зеро тибқи боварҳо (эътиқод) гӯё дафн дар оби он шахси эътиқодмандро ба мақсади деринаи раҳоӣ – динӣ наздик менамояд. Бо оби Ганг мавзеъ ва ашёи нопокро мешӯянд, оби онро ба дигар ҳавзҳо рехта, ба онҳо сифати муқаддасӣ ва рӯҳафзоӣ мебахшанд

Эзоҳ

Сарчашма

Tags:

БанглодешОсиёи ҶанубӣҲиндустон

🔥 Trending searches on Wiki Тоҷикӣ:

Олами набототи ТоҷикистонНАТОҚонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид»Китоби МуқаддасВазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии ТоҷикистонНоҳияи АйнӣРӯзномаи «Оила»Забони тоҷикӣТобистонҶумҳурии Африқои ҶанубӣУқёнуси ОромЧарлз ДарвинОсиёи МарказӣКитобхонаи марказии шаҳрии ба номи Абулқосим ЛоҳутӣСурхчаИсмоили СомонӣПиряхУқёнуси АтласСайф Раҳимзоди АфардӣКумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии ТоҷикистонМучалНизоми сиёсӣВазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии ТоҷикистонМор­фология (мазмунҳо)Генерал-губернатории ТуркистонШоҳаншоҳии СосонӣҶумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии ТоҷикистонБемориҳои дилЛайлӣ ва МаҷнунФотосинтезНақлиёт дар ТоҷикистонЮсуф ва ЗулайхоТирамоҳКонодоЗабони арабӣСурайё ҚосимоваВазорати маориф ва илми Ҷумҳурии ТоҷикистонМаҳбалПайвандак (дастури забон)Аҳдномаи никоҳДар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд (тафсир)Чилахон ХоловДушанбеҒуриёнВилояти Мухтори Кӯҳистони БадахшонАлишер НавоӣСифати аслӣЗабоншиносӣДастурамалНомаЗардуштХунпешобӣҲол (забоншиносӣ)Сиғаҳои феълСоли НавШуурКомиссияи оштии миллӣҲамсадоБадруддин ҲилолӣSomon.tjТабВазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии ТоҷикистонБемориҳои асабОриёӣБанди кимиёӣАфриқоСадриддин АйнӣАндоз аз соҳибони воситаҳои нақлиётСарбадоронУбайд РаҷабНақби ИстиқлолApple Inc.Рисолаи дилкушоВазири фарҳанги Ҷумҳурии ТоҷикистонМаркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии ТоҷикистонЛимӯСаноати Тоҷикистон🡆 More