Бӯгинакҷорӯб

Бӯгинакҷорӯб, говҷорӯб, деҳқонҷорӯб (лот.

Бӯгинакҷорӯб
Бӯгинакҷорӯб
Табақабандии илмӣ
Номи байнулмилалии илмӣ
Artemisia annua L., 1753
Мутародифот
  • Artemisia chamomilla C.Winkl.

Пояи рости сершох (30 — 100 см), барги паршакл, гули майдаи зард, гултӯдаи сабадшакл дорад. Июл — сент. гул карда, авг. — окт. тухм мебандад. Дар Тоҷикистон ҳамчун алафи бегона дар боғу киштзор, заминҳои партов, канори роҳу наздикии истиқоматгоҳҳо, дашту марғзор мерӯяд. Бо мақсади давоӣ баргҳои навруста (баҳорон) ва баргу поя (тирамоҳ)-и бӯгинакҷорӯбро кор мефармоянд. Растаниро баъди ғундоштан дар ҷои сояи шамолрас хушкондан лозим аст.

Табибони халқӣ сабадаки гули дар асал қиёмшудаи бӯгинакҷорӯбро чун давои рафъи заъфи дил тавсия медиҳанд. Бо шираи баргу пояи наврустаи он амрози пӯст (хоришак, шукуфа)-ро табобат мекунанд. Аз барги хушки бӯгинакҷорӯб барои муолиҷаи шукуфа марҳами 10-фоиза таҳия карда мешавад. Ҷӯшоби баргу пояи он (як чумча алафро дар як истакон об 10 дақиқа меҷӯшонанд, баъд полида пеш аз хӯрок як чумчача менӯшанд) давои хуби иштиҳоовар аст. Муқаррар шудааст, ки шираи бӯгинакҷорӯб инкишофи микробҳои бемории сӯхтагиро бозмедорад, қобилияти сироятангезии онҳоро барҳам медиҳад. Дар амалияи тибби муосир аз бӯгинакҷорӯб барои табобати зиқи нафас доруи «Диметулен» тайёр карда мешавад.

Эзоҳ

Адабиёт

  • Ковалёва Н. Г., Лечение растениями, М., 1972;
  • Турова А. Д., Лекарственные растения СССР и их приминение, М., 1974;
  • Гаммерман А. Ф., Гром И. И., Дикорастущие лекарственные растения СССР, М., 1976;
  • Ходжиматов М., Дикорастущие лекарственные растения Таджикистана, Д., 1989.

Tags:

Забони лотинӣ

🔥 Trending searches on Wiki Тоҷикӣ:

Ибораҳои зарфӣҲизби наҳзати исломии ТоҷикистонБиосфераЭлокПешояндҚазоқистонМубтадоЗарафшондарёШуурГардиши сармояШумораҳои тахминӣМаҷмаи Умумии Созмони Милали МуттаҳидБемориҳои рӯҳӣСаҳеҳи БухорӣБадруддин ҲилолӣФеъл ( дастури забон)Нерӯгоҳи барқи обии РоғунҲуқуқи коститутсионии Ҷумҳурии ТоҷикистонШӯрои АврупоСуманакТасрифи феълҳоСайид Абдуллоҳи НурӣПиряхи ФедченкоИсмоили СомонӣСурхчаИдеологияХотираи берунии компютерСураи ФотирБактерияҳоАдабиётКонститутсияи Ҷумҳурии ТоҷикистонНоҳияи ЛахшШом (намоз)СосониёнСадриддин НаҷмиддинУзвҳои таносулАлюминийВергулАхлоқи НосирӣБарзу АбдураззоқовЧехияВазорати кишоварзии Ҷумҳурии ТоҷикистонАбурайҳони БерунӣВйетнамМартКитоби сурхФеълҳои монда ва гузарандаСловакияТахачСубҳи ҷавонии моҶумҳурии Шӯравии Сотсиалистии ТоҷикистонСоли 1534Вазири мудофиаи Ҷумҳурии ТоҷикистонАсадулло ҒуломовЮсуфшо ЁқубовАтторҶӯрабек НазриевБандак (забоншиносӣ)Девори Бузурги ЧинМасеҳиятИбораҳои исмӣРӯзи ваҳдати миллӣ (Тоҷикистон)Фарҳанги луғатКумитаи байналмиллалии Салиби СурхМуҳаммад Раҳимбий (Амир)СӯхтагӣВаҳйҶонишинҳои ишоратӣ11 августЧеҳраҳои мондагор (китоб)Маҷлиси Олии Ҷумҳурии ТоҷикистонМатбааҲиндустонОбЗабонҳои ҳиндуаврупоӣНоҳияи Рашт🡆 More