Архангелск: шаҳр дар Русия

Архангелск (русӣ: Архангельск) — шаҳр, маркази маъмурии вилояти Архангелски Федетратсияи Русия.

Маҳалли аҳолинишин
Архангелск
русӣ: Архангельск
Архангелск: Таърих, Иқтисод, Илму фарҳанг
Нишон[d]
Нишон[d]
Кишвар Архангелск: Таърих, Иқтисод, Илму фарҳанг [[|]]
Роҳбар Igor Godzish[d]
Таърих ва ҷуғрофиё
Таъсис 1584
Аввалин номбарӣ 1584
Масоҳат
  • 294,42 км²
Баландии марказ 3 м
Минтақаи замонӣ UTC+03:00
Аҳолӣ
Аҳолӣ
Шиносаҳои ададӣ
Пешшумораи телефон 8182
Нишонаи почта 163000–163072
arhcity.ru
Архангелск: Таърих, Иқтисод, Илму фарҳанг Парвандаҳо дар Викианбор

Яке аз калонтарин бандарҳои баҳрӣ ва дарёӣ, муҳимтарин узели нақлиётии қисмати шимоли ғарбии мамлакат. Дар ҳар ду соҳили рӯди Двинаи Шимолӣ ҷойгир аст. Соли 1584 бунёд ёфта, Новохолмогорӣ ном дошт. Аз соли 1613 шаҳри Архангелск. Аҳолиаш — 298 617 тан (2023).

Таърих

Архангелск аввалин бандари баҳрии давлати Рус буд. То авв. садаи 18 маркази асосии тиҷорат бо давлатҳои Аврупо ҳисоб меёфт. Соли 1762 ҳуқуқи тиҷоратии Архангелск бо Санкт-Петербург баробар эълон шуд. Дар садаи 20 Архангелск яке аз марказҳои асосии азхудкунии Арктика гардид. Иқтисоди Архангелск асосан бар ду соҳа — баҳрӣ ва саноати ҷангал асос ёфтааст. Соли 1693 бо фармони Петри 1 ин ҷо корхонаи киштисозӣ ва таъмири он, инчунин адмиралтейство — маркази истеҳсоли киштиҳои ҳарбии баҳрӣ бунёд ёфта буд.

Иқтисод

Архангелск маркази калонтарини саноати чӯбу тахта ва содироти он аст. Дар шаҳр 7700 корхонаҳои саноатии калону миёна ва хурд ба қайд гирифта шудаанд. Комбинатҳои селлюлозаю коғаз, дарахтбурию чӯбгарӣ, заводҳои мошинсозии саноати ҷангал дорад. Истеҳсоли масолеҳи бинокорӣ, хӯрокворӣ, пойафзор, трикотаж, ашёи ҳунармандӣ низ ривоҷ ёфтааст.

Илму фарҳанг

Дар Архангелск Донишгоҳи давлатии Поморйе, Донишгоҳи давлатии техникии Архангелск, Донишгоҳи давлатии тиббии Шимол, шӯъбаҳои Академияи давлатии баҳрӣ ва мактабҳои олии Москваю Санкт-Петербург, кӯҳантарин Омӯзишгоҳи баҳрнавардии Русия (таъсисаш 1771) фаъолият доранд. Архангелск се театр, филармония, ду қасри маданият, марказҳои фарҳангӣ, китобхонаҳо, Осорхонаи вилоятии кишваршиносӣ (таъсисаш 1859), Осорхонаи баҳрии Шимол, Осорхонаи санъати тасвирию бадеӣ, Осорхонаи санъати меъмории чӯбини Шимоли Рус дорад.

Осори таърихиаш: меҳмонсарои (Гостиный двор, 1668 — 84, меъмор Д. М. Старсев) қадимии мусалсал, ки қад-қади соҳил дар дарозии 7,5 км бино шудааст (аввалин иншооти сангини Шимол), маъбади Троитса (Салоса, 1745)) ва ғ.

Эзоҳ

Адабиёт

Tags:

Архангелск ТаърихАрхангелск ИқтисодАрхангелск Илму фарҳангАрхангелск ЭзоҳАрхангелск АдабиётАрхангелскВилояти АрхангелскЗабони русӣФедератсияи РусияШаҳр

🔥 Trending searches on Wiki Тоҷикӣ:

Хати АвестоШушЗарфи замонСифатРоғунСӯҳонҚалъаи ҲисорАрастуНерӯгоҳи барқи обии РоғунИнсонЗардуштиёнПудинаФеҳристи президентҳои ФаронсаМир Сайид Алии ҲамадонӣДавлати ҲайтолиёнҚандАмрикоБонкЭронТоҷикистонМаҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии ТоҷикистонНомаИқтисоди ТоҷикистонҶумлаи амрӣҲизбҳои сиёсии ТоҷикистонАрабистони СаудӣШафтолу (мева)Хонии ҚӯқандБемориҳои асабНоҳияҳои тобеи ҷумҳурӣМиланТоҳириёнХобВаҳдатМироҷиддин ҲакимовСанҷидҶиноятАдабиёти бадеӣОбхезӣГурҷистонАритмияи дилТабъизЗамин (мазмунҳо)Нусратулло МахсумҲабиб ЮсуфӣҲикояҳои хурд-хурдHTML872Конститутсияи Ҷумҳурии ТоҷикистонИлмНизомномаҶонишинҳои нафсӣИтолиёНақлиёт дар ТоҷикистонПадарШумораТақсимоти маъмурии ТоҷикистонРӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии ТоҷикистонОрҳан БийиклӣПуркунандаЗайнуддин Маҳмуди ВосифӣСаффориёнБритониёи КабирЗарф (дастури забон)Ибора (дастури забон)Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии ТоҷикистонДушанбеПасояндМуродифИродаАрманистонФарҳанги тафсирии забони тоҷикӣСадриддин АйнӣСаъдӣМиллионери зоғанишинВазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии ТоҷикистонКамолуддин Биноӣ🡆 More