Адаптатсия

Адаптатсия (аз лотинӣ adaptation – мутобиқат, созгорӣ) — қобилияти ба шароити муҳит мутобиқ гаштани мавҷудот.

Дар натиҷаи адаптатсия мавҷудот ҳангоми тағйир ёфтани шароити сукунат аз маҳвшавӣ эмин мемонад. Дар ҷараёни таҳаввулот аксар аломату хусусиятҳое, ки дар як шароит ба вуҷуд меоянд, дар шароити нав нодаркор ва ҳатто зарарнок мешаванд. Таҳаввулоти дивергентӣ ва конвергентӣ навъҳои адаптатсия мебошанд. Ҳангоми таҳаввулоти дивергентӣ аз як сарнасли умумӣ мавҷудоти ҷойи сукунаташон гуногун инкишоф меёбанд. Масалан, ҳамаи ҳайвоноти ширхӯри ҳамроҳакдор, ки дар шароити гуногун зиндагӣ мекунанд (гавазну заргӯш дар рӯи замин, маймуну санҷоб дар дарахт, кит дар об ва ғайра), аз ҷонварони панҷадори ҳашаротхӯр ба вуҷуд омадаанд. Бо вуҷуди ин, дар натиҷаи адаптатсия миқдор ва шакли дандонҳо, дарозӣ ва миқдори устухонҳои дасту по, зичӣ ва ранги мӯйи онҳо тағйир ёфтаанд. Дар аснои таҳаввулоти конвергентӣ намуди зоҳирии баъзе ҳайвоноте, ки пайдоишашон гуногун аст, бинобар якхела будани шароити зиндагӣ монанд мешавад. Масалан, пойҳои кӯрмуш ва калламуши халтадор дар натиҷаи адаптатсия барои заминканӣ мувофиқ гаштаанд, ҳол он ки ғизои кӯрмуш ҳашарот буда, ғизои калламуши халтадор ҷонвари хоянда аст. Организмҳо аз нигоҳи физиологӣ низ ба шароити сукунат мутобиқ мешаванд. Масалан, дар натиҷаи адаптатсия баъзе ҳайвонот ба хоби зимистона мераванд, парандаҳо ба мамлакатҳои гарм мекӯчанд ва ғайра.

Эзоҳ

Сарчашма

Tags:

Лотинӣ

🔥 Trending searches on Wiki Тоҷикӣ:

СифатНоҳияи КӯшониёнАбдулҳақ БетобСуманакДанияНишони давлатии Ҷумҳурии ТоҷикистонҲуқуқДавлати ҳуқуқбунёдҶаҳонУнсурулмаолии КайковусЭдвард УайтГумрукМикробиологияБаҳри ХазарТуғрал АҳрорӣТемурмаликБемориҳои рӯҳӣҲизби коммунистии БухороКӯлобОдамҲиҷоПокистонФеълҳои бевосита ва бавоситаБомдод (намоз)Таърихи адабиёти тоҷикАломатҳои астрономӣНерӯгоҳи барқи обии «Хоруғ»Хоқонии ТуркГурӯҳи хунӣШоҳномаСурияДонишгоҳи давлатии ХуҷандМаънои аслӣ ва маҷозии калимаҳоМегаполисШӯриши Маҳмуди ТоробӣДавлати ФаластинТоҷикон (китоб)Гулистон (асар)КаъбаФеҳристи паррандагони Китоби сурхи ТоҷикистонОрдени КанадаПиряхВотиконПиряхи ФедченкоФурудгоҳи иончнг нонионгМуродифХаритаКумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии ТоҷикистонҶӯрабек НазриевЭкосистемаҲайати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 2013)DВаҳйШоҳаншоҳии СосонӣДонишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии ТоҷикистонТабФутуҳоти МаккаСӯхтагӣРусияНосири ХусравБарзу АбдураззоқовИмороти Муттаҳидаи АрабӣМаҳмадулло ЛутфуллоевҶанги БадрТаваррумКалтакалосМаҷмӯъи маҳсулоти дохилӣҚазоқистонСоли НавВазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии ТоҷикистонНомҳои Худо дар исломҶонишинҳои саволӣТеатри ЛоҳутӣБозиҳои олимпии зимистона🡆 More