Абубакри Караҷӣ

Фахруддин Абубакр Муҳаммад ибни Ҳусайни Караҷӣ (форсӣ: ابوبکر محمد بن حسین کرجی‎, англ. Abū Bakr ibn Muhammad ibn al Husayn al-Karajī (or al-Karkhī), 953—1029) — риёзидон ва обшиноси эронӣ.

Абубакри Караҷӣ
форсӣ: ابوبکر محمد بن حسین کرجی
Абубакри Караҷӣ
Таърихи таваллуд 13 апрел 953
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт тақрибан 1029
Кишвар
Фазои илмӣ риёзиёт, обшиносӣ, ҷабр, нуҷум
Маъруф ба риёзидон, обшинос
Абубакри Караҷӣ Парвандаҳо дар Викианбор

Ҳамдавраи Абурайҳони Берунӣ, Закариёи Розӣ ва Ибни Сино будааст, аммо касе ӯро ба андозаи ин се тан намешиносад. Дастовардҳои илмии ӯ то чанде пеш ношинохта буд, то ин ки дар соли 1853, шарқшиноси олмонӣ Фронтс Вупка бахше аз китоби «Алфахрӣ»-и ӯро ба забони фаронсавӣ ва ҳамроҳ бо таҳлиле мунташир сохт. Фронтс Вупка дар китоби худ собит кард, ки бахши азиме аз корҳои Фибуночӣ аз риёзидонҳои мусулмон ва ба хусус Караҷӣ ахз шудааст.

Караҷӣ дар илми ҳисоб ва ҷабр дорои таҳқиқоту навиштаҳои муҳимме аст. Вай дар поягузории усулӣ дар ҷабр, решаёбии ададҳо ва ҳалли муодилот нақши муҳиммеро дар таърихи илми ҷаҳон дорост. Дар заминаи улуми корбурдӣ ва муҳандисӣ низ Караҷӣ соҳиби назариёти нав ва навиштаҳои арзандае мебошад.

Зиндагинома

Караҷӣ дар садаи чаҳорум ва панҷуми ҳиҷрӣ мезист. Ӯ бар бунён ва асоси риштаҳои риёзӣ чирагӣ ёфт, дар оғози садаи панҷум ба пойтахти илмии ҷаҳони ислом, Бағдод рафт. Ба хубӣ ошкор нест, ки Караҷӣ то чӣ замоне дар Бағдод ба сар мебурдааст. Аммо гӯё пас аз қатли вазири Бағдод (Фахрулмулк), ки пуштибони Караҷӣ ба шумор мерафт, ин шаҳрро ҳаросон раҳо карда ва ба зодгоҳи худ (Караҷ) бозгаштааст (403 ҳиҷрӣ ё пеш аз он).

Дар онҷо бинобар дастури Абуғоним Маъруф Ибни Муҳаммад вазиру дабири вежаи Манучеҳр ибни Қобус ва шоиру адиби фарҳехтаи эронӣ дар бораи «Обҳои дарунии замин ва равиши берун овардани онҳо» гуфтореро менигорад, ки фароянди он пажӯҳиши корбурдӣ ва бузургтарин шоҳкори Караҷӣ аст. Ҳосили он китоб «Анботу-л-миёъи-л-хуфия» аст.

Вафоти ӯ дар соли 420 ҳиҷрӣ мутобиқ ба 1029 мелодӣ (32 сол пеш аз Абурайҳони Берунӣ) рӯй дод.

Осор

Муаллифи рисолаҳои «Китобу-л-кофӣ фӣ-л-ҳисоб», «Китобу-л-ҷабр ва-л-муқобала ва ҳува маъруф би-л-фахрӣ» (номи мухтасараш «Ал-фахрӣ» буда, тақрибан соли 1010 навишта шудааст). Китоби аввал аз 70 боб иборат аст. 43 боби он ба ҳисоб, бобҳои 44 — 53 ба ҳандаса, бобҳои 54 — 70 ба алҷабр бахшида шудаанд. Абубакри Караҷӣ рисолаҳои Абукомили Мисрӣ, Абулвафои Бузҷонӣ, Муҳаммади Хоразмӣ ва «Арифметика»-и Диофантро мукаммал омӯхта, дар «Ал-фахрӣ» илми риёзии замонаашро такмил додааст. Қисми тарҷумаи фаронсавии ин рисола дар Порис маҳфуз аст. Аз Абубакри Караҷӣ ғайр аз асарҳои дар боло номбаршуда осори гаронбаҳое боқӣ мондааст, ки «Мухтасар фи-л-ҳисоб ва-л-масоҳат», «Ҳисоб-ул-ҳинд» ва ғайра аз қабили онҳоянд. Рисолаҳои Абубакри Караҷӣ дар таърихи инкишофи илми риёзии Шарқ роли муҳим бозидаанд ва ба тараққии риёзӣ дар Аврупо таъсири ҷиддӣ расонданд.

Эзоҳ

Пайвандҳо

Tags:

Абубакри Караҷӣ ЗиндагиномаАбубакри Караҷӣ ОсорАбубакри Караҷӣ ЭзоҳАбубакри Караҷӣ ПайвандҳоАбубакри Караҷӣ9531029Забони англисӣЗабони форсӣОбшиносРиёзидон

🔥 Trending searches on Wiki Тоҷикӣ:

Рӯзномаи «Оила»Юрий ГагаринАспГули хайрӣЗахираҳои меҳнатӣСуннӣСифати нисбӣУмари ХайёмМисрИсфараCSSГардиши хунШоирони халқии ТоҷикистонАҳдРӯзи ҷаҳонии коргарТоҳириёнДонишкадаи исломии ТоҷикистонЗабти давлатҳои Осиёи Миёна аз ҷониби РусияТаърихи ТоҷикистонҚоидаи ҳаракати роҳҲизби халқии демократии ТоҷикистонҶадидияРӯбоҳОинномаСутунмуҳраБемориҳои ҷигарМусоҳибаМасеҳиятҶонишинҳои нафсӣҶанги СардСармояТуркияОлами набототи ТоҷикистонЧистонФеҳристи паррандагони Китоби сурхи ТоҷикистонИсломРӯзи Президенти Ҷумҳурии ТоҷикистонКитобхонаи миллии ТоҷикистонТахачАдабиёти кӯдакРӯзи кайҳоннавардонФаромурз ибни ХудододАнтарктидаШеърАндози заминҚандШиъаҚонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»Вавилон-МобайлКумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии ТоҷикистонСаноӣНизоми бонкии ТоҷикистонСурияНармбаданҳоСоли НавВазорати маориф ва илми Ҷумҳурии ТоҷикистонСамарқандВотиконҒуриёнНоҳияи ВосеъДонишгоҳи ОксфордМизоҷ (равоншиносӣ)Ҳизбҳои сиёсии ТоҷикистонВатанСозмони Милали МуттаҳидАнтонимҳоСохти феълҳоМаориф дар ТоҷикистонЧингизхонЗабони русӣИтолиёДилрабо МансурӣДавлатМоликиятФизикаИқтисоди Тоҷикистон🡆 More