Ёсир Арафот (ар.
ар. ياسر عرفات | |
| |
3-умин Раиси Комитети иҷроияи Ташкилоти озодибахши Фаластин | |
3 феврали 1969 — 11 ноябри 2004 | |
Пешгузашта | Яҳё Ҳаммуд |
Ҷонишин | Маҳмуд Аббос |
5 июли 1994 — 11 ноябри 2004 | |
Пешгузашта | вазифа таъсис ёфт |
Ҷонишин | Маҳмуд Аббос |
Таваллуд | 24 август 1929 |
Даргузашт | 11 ноябр 2004[…] (75 сол) |
Мадфан | Мақбараи Ёсир Арафот, Рамалла |
Ном ҳангоми таваллуд | ар. محمد ياسر عبد الرحمن عبد الرؤوف عرفات |
Ҳамсар | Suha Arafat[d] |
Ҳизб | |
Таҳсилот | |
Эътиқод | суннӣ |
Соядаст | |
Ҷоизаҳо | |
Рутба | фармондеҳи кулл[d] |
Набардҳо | |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Солҳои 1948 — 56 дар факти инженерии Донишгоҳи Қоҳира хондааст. Иштирокдори ҷанги арабу Исроил дар соли 1948. Соли 1952 дар Миср Лигаи донишҷӯёни фаластиниро таъсис дод. Ҳангоми бӯҳрони Суэс (1956) командири отряди фаластинии тахрибӣ буд. Яке аз поягузорон (1959) ва роҳбари доимии ҳаракати фаластинии ФАТҲ, ки ҳадафаш муборизаи мусаллаҳона бар зидди Исроил барои бунёди давлати мустақили Фаластин аст. Аз фев. 1969 раиси Комитети иҷроияи Ташкилоти озодибахши Фаластин (ТОФ). Соли 1974 ғояи ташкили давлати Фаластинро дар ҳудуди ишғолкардаи Исроил аз соҳили ғарбии дарёи Урдун ва ҳамзамон барқарории сулҳ миёни Фаластину Исроил ба миён гузошт, ки аз тарафи бисёр давлатҳои ҷаҳон эътироф гардид. Апрели 1989 Президенти давлати Фаластин эълон гардид. 4 майи 1994 бо Исроил дар бораи барқарор намудани мухторияти Фаластин дар сектори Ғаззаҳ ва қисмати ғарбии дарёи Урдун созишнома ба имзо расонд. Аз соли 1996 роҳбари Маъмурияти миллии Фаластин. Дорандаи Мукофоти сулҳи Нобел (1994).
This article uses material from the Wikipedia Тоҷикӣ article Ёсир Арафот, which is released under the Creative Commons Attribution-ShareAlike 3.0 license ("CC BY-SA 3.0"); additional terms may apply (view authors). Муҳтаво таҳти иҷозатномаи CC BY-SA 4.0 ва ё дигар дастрас аст. Images, videos and audio are available under their respective licenses.
®Wikipedia is a registered trademark of the Wiki Foundation, Inc. Wiki Тоҷикӣ (DUHOCTRUNGQUOC.VN) is an independent company and has no affiliation with Wiki Foundation.