Хатнасур — маросими суннатии мусулмонон мебошад, ки ба муносибати хатнаи писарбачаи ноболиғ сурат мегирад ва якҷоя бо маъракаву шодмонӣ барпо мешавад.
Рӯзи сур волидайн ба соҳибҷашн сару либоси фохир пӯшонида, дастаи навозангдагонро даъват мекарданд ва онҳо бо дафу нақора, сурнаю карнай ячанд соат ба мардуми ба зиѐфат ҷамъомада шодию нишот мебахшиданд. Дар оилаҳои мусулмонони Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон тӯйи хатнасур то ҳоло гузаронида мешавад. Мувофиқи шариати дини ислом, писабачаро то ба балоғат расидан бояд хатна намуд, ба ибораи халқӣ, дасти писарро «ҳалол» мекунанд ва ӯ минбаъд ба қатори мардҳо «шомил» мешавад. Баъзе муҳаққиқон хатнасурро маросими гузариш шумурдаанд. Аз даврони қадим хатнасур дар байни тоҷикон мақоми хосса дошта, ҳамчун як рӯйдоди иҷтимоӣ ба шумор мерафт. Волидайни писар ба маърака қаблан тайёрӣ дида, хешону наздикон ва меҳмононро даъват менамоянд. Рӯзи тӯй волидайн ба соҳибҷашн либоси наву зебо мепӯшонанд. Ба меҳмонон зиёфат дода мешавад, дар ин ҳангом дастаи мутрибон бо нақораву доира ва сурнаю карнай якчанд лаҳза ҳунарнамоӣ мекунанд. Гоҳе дастаи ҳофизон даъват шуда, рақсу сурудхонӣ барпо менамоянд. Дар гузашта дар ҳошияи хатнасур мусобиқаҳои варзишии бузкашӣ, куштигирӣ ва зарбузӣ (як навъи камонварӣ) ташкил мешудаанд. Пас аз хотимаи зиёфат ва рақсу мусиқӣ маросими хатна сурат мегирад, ки дар он, одатан, хешони наздики хонадон иштирок мекунанд. Амали хатна карданро устои хатнагар анҷом медиҳад, ки ӯ низ қаблан даъват шудааст. Ба хатна кардан бештар устоҳои сартарош ихтисос доранд. Усто бо худ поку ё теғ, найча, пахтаи сӯхта ва дигар лавозимотро оварда, бо ёрии наздикони хонадон амали хатнаро анҷом медиҳад. Ҳамин ки амали хатна поён ёфт, хешутабор ба писари хатнашуда пулу туҳфаҳо медиҳанд, то ки ӯ хурсанд шавад ва дардро ҳис накунад. Тибқи бовару эътиқоди тоҷикон, кӯдакони хатнашударо то чил рӯз танҳо намегузоранд ва дар баъзе мавридҳо дар хонаи хоби ӯ китоби муқаддаси Қуръонро мегузоранд ва ё дар баъзе маҳалҳо зери болишти ӯ сирпиёзу қаламфур мениҳанд, то ки махлуқони фавқуттабиӣ ба писарбача зиён нарасонанд..
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» 8 июни соли 2007. Қонуни мазкур бо тақозои рушди ҷомеа анъана ва ҷашну маросимҳоро танзим намуда, ба ҳифзи арзишҳои асили фарҳанги миллӣ ва эҳтиром ба суннатҳои мардумӣ барои баланд бардоштани сатҳи иҷтимоию иқтисодии ҳаёти шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон равона гардидааст. Баъд аз 10 соли амали қонуни номбурда баъди муҳокимаи умумихалқӣ дар ҷомеа, мақомоти олии қонунгузори ҷумҳурӣ Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 23 августи соли 2017) ва Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 28 августи соли 2017) Қарор Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул намудаанд.
Моддаи 9 дар таҳрири зерин ифода карда шавад: «Моддаи 9. Хатнасур
This article uses material from the Wikipedia Тоҷикӣ article Хатнасур, which is released under the Creative Commons Attribution-ShareAlike 3.0 license ("CC BY-SA 3.0"); additional terms may apply (view authors). Муҳтаво таҳти иҷозатномаи CC BY-SA 4.0 ва ё дигар дастрас аст. Images, videos and audio are available under their respective licenses.
®Wikipedia is a registered trademark of the Wiki Foundation, Inc. Wiki Тоҷикӣ (DUHOCTRUNGQUOC.VN) is an independent company and has no affiliation with Wiki Foundation.