Рустамҷон Воҳидов

Воҳидов Рустамҷон 31 декабри 1955, Шайдон, ноҳияи Ашт, ҶШС Тоҷикистон — ҳунарпеша, коргардон, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон, дотсент, декани факултаи театр, кино ва телевизиони Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода

Рустамҷон Воҳидов
Рустамҷон Воҳидов
Рустамҷон Воҳидов
Таърихи таваллуд 31 декабр 1955(1955-12-31)
Зодгоҳ ноҳияи Ашт

Зиндагинома

Рустамҷон Воҳидов 31-декабри соли 1955 дар шаҳраки Шайдони ноҳияи Ашт дар оилаи деҳқон чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Рустамҷон Воҳидов давомдиҳандаи касби бародар – шодравон Маҳмудҷон Воҳидов гардида, соли 1982 Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзодаро дар риштаи ҳунарпешаи драма ва кино хатм намудааст. Маҳорати актёриро аз устодани ботаҷрибаву бузурги санъати тоҷик ба монанди Назаров Назар Меҳрубонович, Ҳотам Нуров, Абдураҳмонов Аскар, Фаррух Қосимов омӯхтааст. Аз фарзандони ҳунарманд 2 нафар (Парвиз ва Фирдавс) роҳи ҳунарро пеша карда, давомдиҳандаи кори эҷодии падару амак (Маҳмудҷон Воҳидов) ҳастанд. Ба хориҷи кишвар аз ҷумла ба Белгия, Ҳолландия, Полша, Фаронса, Олмон, Эрон (16 маротиба), Ӯзбекистон, Россия ва ғайраҳо сафарҳои зиёди ҳунарӣ анҷом додааст. Фаъолияти эҷодияш соли 1982 аз “Театри давлатии ҷавонон ба номи М. Воҳидов” (то соли 1992) оғоз гардидааст. Рустамҷон Воҳидов ҳамчунин бо нақшҳои тозаву хотирмонаш дар саҳнаҳои “Театри Аҳорун” (аз соли 1992) падидор гардид. Фаъолияти корияш аз соли 2004 инҷониб дар боргоҳи ҳунар – Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода оғоз мегардад. Солҳои 2004-2006 мудири кафедраи нутқ ва ҳаракати саҳна, 2006-2017 мудири қисми таълими донишкада ва аз соли 2017 инҷониб декани факултаи театр, кино ва телевизиони донишкада буда, яке аз кормандони пурмаҳсулу намунавии ин боргоҳи ҳунар маҳсуб меёбад. Соҳиби килки сабзи суханофарин буда, асару мақолаҳои зиёдеро аз фаъолияту таҷрибаҳои андӯхтааш таълиф намудааст.

Нақшҳои саҳнавӣ

Дар зиндагӣ Рустамҷон марди хоксору поксиришт, накӯкор ва дар эҷод серталабу пурмаҳсул, меҳнатдӯст буда, шогирдонашонро ҳамеша ба роҳи дӯстиву рафоқат ва якдиливу созандагӣ ҳидоят менамоянд. Нақшҳои офаридаи Рустамҷон Воҳидов дар театр:

  1. Николай – “Решаҳои капитализм”
  2. Лундабек - “Қоқалӣ ва Лундабек”
  3. Чангарточо - “Чунин гуфт Аҳурамаздо ба Зардушт”
  4. Асалбек - “Асалбеки ҷодугар”
  5. Бобо Салим - “Бобои Барфӣ ва Заррина”
  6. Эраҷ - “Далери ҷасур”
  7. Карим - “Нахутак”
  8. Хирс - “Шер ва харгӯш”
  9. Саид - “Раъно”
  10. Ломов - “Хостгорӣ”
  11. Раҳмонқул - “Торҳои муҳаббат”
  12. Бозоров - “Пеш аз борон”
  13. Ҷавонписар - “Пӯлод чӣ тавр обу тоб ёфтааст?”
  14. Рауф – “Мехчагул”
  15. Толмас – “Толмаси айёр”

ва дигарон.

Филмшиносӣ

Рустамҷон Воҳидов ҳамчунин дар чандин филмҳои ватанӣ нақш офаридааст:

  1. “Маҳдӣ” муаллим Ҳомидов
  2. “Муъҷиза” Ваҳҳоб
  3. “Захми носур” духтур
  4. “Журналист” декан
  5. “Ҷазо” нонпаз
  6. “Ман гунаҳгор” муаллим Шодиев
  7. “Асрори хуфта” духтур Ҷабборов
  8. “Лайка” Неъматулло
  9. “Ҷавонмард” декани факултет

ва ғайраҳо. Истеъдоди коргардонии ӯ дар намоишномаҳои:

  1. “Решаҳои капитализм” А.Зошенко
  2. “Далери ҷасур” Р.Воҳидӣ
  3. “Бобои барфин ва Заррина” Р.Воҳидӣ
  4. “Хуса” Либуше Лопейска ва Анна Крчулова равшан зоҳир шудааст.

Осор

  1. “Маҳмуди сухангӯ” - Дастури таълимӣ-методӣ. (1989с.)
  2. “Ороиши рӯй” - Дастури таълимӣ-методӣ. (1991c.)
  3. “Маҳмудҷон Воҳидов дар нақши Аҳмади Дониш” – Мақола. (2001с.)
  4. “Даме бо Маҳмуд” - Дастури таълимӣ-методӣ. (2005с.)
  5. “Актёр-сароянда” - Дастури таълимӣ-методӣ. (2007с.)
  6. “Маснавии маънавии Мавлавӣ ва театр” – Мақола. (2007с.)
  7. “Сурати зишту сирати пок” – Мақола. (2007с.)
  8. “Панҷ образи барҷаста дар филми бадеии “Рустам ва Суҳроб” – и Б.Кимёгаров” – Мақола. (2008)
  9. “Маҳмуд дар нақши Рӯдаки” – Мақола. (2008с.)
  10. “Муборизи роҳи сулҳ” – Мақола. (2009с.)
  11. “Ситораи шабистони Бухоро” – Мақола. (2009с.)
  12. “Дар паноҳи рӯҳи Рӯдаки” – Мақола. (2010с.)
  13. “Коргардон кист?” – Мақола. (2011с.)
  14. “Офаридаҳои Ато Муҳаммадҷонов” – Мақола. (2012с.)
  15. “Ҷовидон дар саҳни дилҳо” - Дастури таълимӣ-методӣ. (2013с.)
  16. “Коргардон-омӯзгор” – Китоби дарсӣ-таълимӣ. (2013с.)
  17. “Тағйири чеҳра” – Китоби дарсӣ-таълимӣ. (2013с.)
  18. “Ғолиби майдони саҳна” – Монография. (2013с.)
  19. “Луғати мухтасари русӣ-тоҷикӣ, истилоҳоти театрӣ” - Дастури таълимӣ-методӣ. (2015с.)
  20. “Нутқи саҳна” – Китоби дарсӣ-таълимӣ. (2015с.)
  21. “Асрори зебоӣ” - Дастури таълимӣ-методӣ. (2016с.)
  22. “Гули худрӯйи хушранги кӯҳистон” – Монография. (2016с.)
  23. “Услуби К. С. Станиславский дар хониши бадеӣ” – Мақола. (2017с.)
  24. “Хусусиятҳои хоси санъати ровигӣ аз ҳунарпешаи театр” – Мақола. (2017)
  25. “Шералӣ шери саҳна” – Мақола. (2017с,)
  26. “Сайре дар олами кино” – Китоби дарсӣ-таълимӣ. (2017с.)
  27. “Ман бо духтаре вохӯрдам” – Мақола. (2018с.)
  28. “Олами ҳунари Сайрам” – Мақола. (2018с.)

Нигаред низ

Театри давлатии ҷавонон ба номи М. Воҳидов

Адабиёт

Сомонаи донишкада Бойгонӣ шудааст 25 сентябри 2019  сол.

Пайвандҳо

Tags:

Рустамҷон Воҳидов ЗиндагиномаРустамҷон Воҳидов Нақшҳои саҳнавӣРустамҷон Воҳидов ФилмшиносӣРустамҷон Воҳидов ОсорРустамҷон Воҳидов Нигаред низРустамҷон Воҳидов АдабиётРустамҷон Воҳидов ПайвандҳоРустамҷон Воҳидов195531 декабрДонишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо ТурсунзодаДотсентКоргардонНоҳияи АштФакултаи театр, кино ва телевизионШайдонҲунарпешаҲунарпешаи шоистаи ТоҷикистонҶШС Тоҷикистон

🔥 Trending searches on Wiki Тоҷикӣ:

Китоби сурхКуруши КабирШукрулло ХайрзодаДавлати ФаластинХаритаЭронВарзиши сабукПарчами ТоҷикистонШиъаБешаи палангонМартҶанги Бузурги ВатанӣБонки миллии ТоҷикистонҲайати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 2013)МухотабФеълҳои бевосита ва бавоситаҶопонОфтобУмари ХайёмМахфират ҲамроқуловаНоҳияи ҒафуровСоли 786ЗиндагӣИбни ЯминНомгӯйи паррандагони Китоби сурхи ТоҷикистонШӯриши ВосеъРӯйхати кишварҳо аз рӯи аҳолӣСураи ФотирКамхунӣСироҷиддин МуҳриддинҶанги шаҳрвандии ТоҷикистонБарзу АбдураззоқовҒалтаки индуктивӣДавлати ҳуқуқбунёдАбдуррауфи ФитратМуҳаммадИнтихобот дар ТоҷикистонДевори Бузурги ЧинМасеҳиятФеълҳои монда ва гузарандаТитаникБухороРӯзи истиқлоли Ҷумҳурии ТоҷикистонФутболи амрикоӣОкруги ХуҷандВазоратҳои Ҷумҳурии ТоҷикистонЗоғи алоШушҲизби демократи ТоҷикистонНоҳияи ФархорУзвҳои таносули занонаСозмони ҳамкории ШанхайМаҳмудҷон ВоҳидовИбораҳои зарфӣHello, world!Васоити ахбори оммаСубҳи ҷавонии моҶадвали электронӣДастури забонЗабони тоҷикӣНавзодҲазрати ИсоИттифоқи нависандагони ТоҷикистонУбайди ЗоконӣБачадонДонишгоҳи давлатии тиббии ТоҷикистонИсмоили СомонӣМудофиаи гражданӣИҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии ТоҷикистонШумораҳои аслӣОиша бинти АбубакрКитобМаҷмаи Умумии Созмони Милали МуттаҳидГриппНоҳияи ХовалингХолмуроди Сиддиқ🡆 More