Ободгон

Ободгон — яке аз ҷашнҳои эронӣ аст, ки дар ситоиш ва ниёиши озодбону Аноҳид, ки эзиди обҳои равон мебошад, баргузор мешудааст.

Ободгон

Замони баргузории ин ҷашн дар Обонрӯз аз Обон баробар бо рӯзи даҳҳуми Обон будааст. Обон - номи дигари Аноҳита//Аноҳито эзидбонуи обҳои рӯи замин ва нигаҳбони покӣ ва беолоишӣ дар ҷаҳони ҳастӣ мебошад. Аноҳито дар устураҳои эронӣ яке аз тобноктарин чеҳраҳо ва яке аз коромадтарин нақшон аст.

Аҳура Маздо дар бораи Аноҳито чунин гуфтааст:

“ӯро ба неруйи худ ҳастӣ бахшидам, то хона, русто, шаҳр, кишварро бисозам. Пуштибон панҳбахш ва нигаҳбон бошам”.

— Обоняшт. Бунадҳои 3-6 дар Авасто, Кеҳтарин сурудаҳо ва матнҳои эронӣ. Гузориш ва пажуҳиши Ҷ. Дустхоҳ. - Теҳрон, Ҷ.4. -297 с.

Мутобиқи маълумоти устураҳои эронӣ дар ин рӯз Зав подшоҳи Эрон бар Афросиёб пирӯзӣ ёфт ва ӯро аз сарзамини хеш ронд, як хурсандии дигар дар ин рӯз он аст, ки пас аз панҷ ё ҳафт соли хушкӣ, борон омадааст. Дар ҷашни ободгон порсиён ба вижа занон дар канори дарё ё рудхонаҳо фариштаи обро ниёиш мекарданд. Эрониёни куҳан обро пок (муқаддас) мешуморданд. Ҳеҷгоҳ обро олуда намекарданд. обро, ки вижагии сегона (ранг, бӯй, мазза) аст, агар он дигаргун мешуд барои ошомидан ва шустушу ба кор намебурданд. Зардуштиён низ дар ин рӯз ҳаммонанди соири ҷашнҳо ба одорёнҳо (оташкадаҳо) мерафтанд ва пас аз он барои гармӣ доштани мақоми фаришта Обҳо ба канори ҷуйҳо ва қанотҳо рафта бо хондани ниёиши Обзур (бахше аз Авасто, ки ба Об ва Обон вобаста аст) бо дастёрии муъбад мехонданд. Аҳурамаздоро ситоиш карда, дархости фаровонии об ва нигоҳдори он карда, пас аз он ба шодӣ мепардохтанд. Бархе касон замони ин ҷашнро дар чаҳоруми обон медонанд, ки ба назари устодони эроншинос нодуруст аст.

Пайнавишт

  • Обоняшт. Бунадҳои 3-6 дар Авасто, Кеҳтарин сурудаҳо ва матнҳои эронӣ. Гузориш ва пажуҳиши Ҷ. Дустхоҳ. - Теҳрон, Ҷ.4. -297 с.
  • Тоҳирӣ Р. Анаҳито ва эзидбонуи дигар дар устураҳо ва бовариҳои эрониён. - Фаруҳар. - 125 с.

Tags:

Аноҳид

🔥 Trending searches on Wiki Тоҷикӣ:

ФотосинтезСозмони ҳамкории ШанхайМаҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии ТоҷикистонАмрикои ҶанубӣТаърихи пахтакории ТоҷикистонПозитивизмНамози тасбеҳФарҳанги забони тоҷикӣЛолаПротеинҳо дар реҷаи ғизоСуманакРамазон (моҳ)Гази табиӣШабакаи иҷтимоӣБемории силЭкологияОрганизмХонии ҚӯқандГулафзо СавриддиноваЗаминшиносӣЯғноб (дарё)СарезРӯзаДевори Бузурги ЧинРаҳим ҶалилАспYouTubeАндозҳои гумрукӣТуркияМуҳаммад Закариёи РозӣВирусҳоЭмомалӣ РаҳмонЗабоншиносӣАлишер Абдуллоев (варзишгар)Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии ТоҷикистонИди РамазонҲиҷозБертолд БрехтПорисОриёӣШабакаи компютерӣФеҳристи паррандагони Китоби сурхи ТоҷикистонАфандӣБедилМуҳаммадшариф ГулханӣСоли 1863HTMLОмударёВазорати мудофиаи Ҷумҳурии ТоҷикистонДавлатманд ХоловВазоратҳои Ҷумҳурии ТоҷикистонДаҳана (деҳа, н. Кӯлоб)Фахриддин НасриддиновЭкосистемаРене ДекартАдолатФеҳристи мамнуъгоҳҳои ТоҷикистонШоҳномаМаҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии ТоҷикистонАндоз аз молу мулки ғайриманқулТахачСаноӣАдади транccендентӣИбораҳои сифатӣТиҷорати электронӣТелевизиони Тоҷикистон (Шабакаи 1)ФаронсаАхлоқСулфурМантиқШукрона (филм)БиҳиштШоҳаншоҳии КӯшонӣТобистонЗабони арабӣЗабони лотинӣАтлантаЛӯбиё🡆 More