Майсара Дилдорова

Майсара Дилдорова - (2 августи соли 1944, шаҳри Хоруғ, ВМКБ), - сароянда ва ҳунарпешаи тоҷик.

Ҳунарпешаи халқии СССР(1985). Фаъолияти ҳунариашро дар дастаи ҳаваскорони санъати мактаби миёнаи ба номи С. М. Кирови шаҳри Хоруғ оғоз намудааст (1955). Аз соли 1960 сароянда ва ҳунарпешаи Театри мусиқӣ – мазҳакавии бо номи Рӯдакии шаҳри Хоруғ. Аз услуби миллии мактаби сарояндагии мардуми Бадахшон баҳра бардоштааст. Истеъдоди сарояндагии ӯ махсусан дар иҷрои сурудҳои лирикӣ зоҳир гардид. Барномааш бой ва гуногунмавзӯъ буда, сурудҳои тоҷикӣ, ӯзбекӣ, қирғизӣ, қазоқӣ, озарӣ, русӣ, арабӣ, афғонӣ, ҳиндӣ, эрониро дар бар мегирад. Беҳтарин сурудҳои Д: «Бахти ман дар Тоҷикистони ман аст» (оҳанги Қ. Яҳёев, шеъри М. Ҳайдаршо), «Иди зафар» (оҳанги З. Шаҳидӣ, шеъри М. Миршакар), «Хоруғи зебо» (оҳанги Ф. Солиев, шеъри М. Ҳайдаршо), «Милая Мама» (суруди русӣ, оҳанги Ляшко), «Байрам Галур» (суруди халқии озарӣ), «Ситораҳо», «Моҳи Шуғнон» (оҳанги К. Шоискандаров, шеърҳои М. Ҳайдаршо) ва ғ. мебошанд. Д. инчунин дар саҳнаи Театри мазҳакаи мусиқии Хоруғ як қатор ролҳои асосиро бозида, нақшҳои таъсирбахшу ҳаётӣ офарида, сифатҳои наҷиби онҳоро намоиш додааст: Гулқурбон («Тошбек ва Гулқурбон»-и М. Миршаккар), Гурдофарид («Рустам ва Суҳроб»-и Ғ. Абдулло), Гулбаҳор («Бой ва хидматгор»-и Ҳ. Ҳакимзода), Ситора («Бахти шумо бахти ман аст»-и М. Миршакар), Латофат («Тӯй»-и С. Ғанӣ) ва ғ. Бо ордени «Нишони Фахрӣ» сарфароз гардидааст.

Tags:

19852 августСоли 1944Ҳунарпешаи халқии СССР

🔥 Trending searches on Wiki Тоҷикӣ:

СифатДостонҶШС ТоҷикистонСаймумин ЯтимовМухотабҲайзРӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии ТоҷикистонИстихораОбхезӣМантиқСиғаи амрӣСоли 2024ҚазоқистонХонии ҚӯқандАлгебраВаҳдатФейсбукҶумлаи амрӣИнтихобот дар ТоҷикистонЗабони ӯзбекӣБандакҳои хабарӣАсри санг дар ТоҷикистонҶанги шаҳрвандии ТоҷикистонЛоиқ ШералӣТарбияи ҳуқуқӣВарзиш дар ТоҷикистонҶумҳурии Мардумии ЧинНоҳияҳои тобеи ҷумҳурӣГенерал-губернатории ТуркистонЗабти давлатҳои Осиёи Миёна аз ҷониби РусияҲамлаи Муғул ба Осиёи МарказӣКонвенсияи ҳуқуқи кудакНасрониёнОинномаҶадвали электронӣШоирНоҳияҳои ТоҷикистонMicrosoft WindowsРӯзи истиқлоли Ҷумҳурии ТоҷикистонКонститутсияи Ҷумҳурии ТоҷикистонВазорати фарҳанги Ҷумҳурии ТоҷикистонБандина (тиб)ФисоғурисВожаҷӯНавдаМоҳиҳоБемориҳои сироятӣСадонокҳоБозор СобирЗанбӯруғБемории қандАдабиётЗебунниcоСулҳҲуқуқҳои инсонАломатҳои китобатҲиҷоБайт (шеър)БразилияОбанбори СарбандДеваштичДонишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди ТоҷикистонНавоварӣТуркияКитобхонаи миллии ТоҷикистонҶумъа (намоз)СиёсатВазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии ТоҷикистонАдабиёти кӯдакДушанбеМелиоратсияМирсаид МиршакарҲикояҳои хурд-хурдВараҷаЧарлз ДарвинҶанги ҷаҳонии якум🡆 More