Лев Берг

Лев Семёнович (Симонович) Берг (2 (14) март 1876 (1876-03-14) — 24 декабри 1950, Ленинград) — ҷуғрофидон ва зистшиноси шӯравӣ, академики АИ ИҶШС (1946).

Лев Берг
русӣ: Лев Семёнович Берг
Лев Берг
Таърихи таваллуд 2 (14) март 1876
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 24 декабр 1950(1950-12-24) (74 сол)
Маҳалли даргузашт
Кишвар
Фазои илмӣ Ихтиология, evolutionism[d], ҷуғрофиё, evolution of fish[d] ва систематикаи биологӣ
Ҷойҳои кор
Алма-матер
Роҳбари илмӣ Василий Докучаев[d]
Шогирдон Anatoly Isachenko[d]
Ҷоизаҳо
Лев Берг Парвандаҳо дар Викианбор

Зиндагинома

Соли 1898 факулети табиатшиносии Университети Маскавро хатм кардааст. Солҳои 1904–13 дар Осорхонаи зоологияи АИ Петербург фаъолият дошт. Солҳои 1914–18 профессор ихтиологияи Институти хоҷагии қишлоқи Мас­кав, аз соли 1916 профессори кафедраи ҷуғ­ро­фияи табиии Университети Петербург. Яке аз асосгузорони Ин-­ти ҷуғрофия, ки соли 1925 ба факултети ҷуғрофияи донишго­ҳи Ленинград табдил ёфт. То ох. умр роҳбари кафедраи ҷуғ­ро­фияи табиии ҳа­мин до­нишгоҳ буд. Солҳои 1922–34 мудири шуъбаи ихтиологияи амалии Институти агрономияи таҷрибавӣ, 1918–30 мудири шуъ­баи кӯлшиносии Институти давлатии гидро­логӣ, аз соли 1934 мудири ташхисгоҳи моҳишиносии Институти зоология, 1940–50 Президенти Ҷамъияти ҷуғрофиядонҳои ИҶШС. Муаллифи таҳқиқоти бунёдӣ дар соҳаи иқлимшиносӣ ва полеоиқлимшиносӣ, асосгузори таълимот дар бораи ландшафтҳо (манзараҳо) буда, таълимоти В. В. Докучаевро дар бораи минтақаҳои табиӣ такмилу инкишоф додааст. Б. кӯлҳои Сибири Ғарбӣ, Балхаш, Иссиқкӯл, Севан, Ладога ва Баҳри Аралро тадқиқ кардааст. Ӯ аввалин бор нақшаи релйефи ноҳияи Осиёи Миёнаро пешниҳод намудааст. Соли 1906 якчанд пиряхи қ-кӯҳи Туркистонро кашф намуда, коллексияҳои бойи зоологӣ ҷамъ овард. Монографияи ӯ доир ба моҳиҳои Туркистон (1905) аҳам­мияти калон дорад. Барои асари «Моҳиҳои оби ширини СССР ва мамлакатҳои ҳам­шафат» (Ҷ. 1–3, 1948–49) сазовори Мукофоти давлатии СССР (ба номи Сталин) шуд (1951). Ба яке аз қулла ва пиряхҳои Помир, инчунин ба вулкани ҷаз. Уруп (ҷаз-ҳои Курил), димоғаи ҷаз. Инқи­ло­би Октябр (Замини Шимолӣ), пиряхи Алатови Чунгар номи Б.-ро гузоштаанд. Номи лотинии зиёда аз 60 набототу ҳайвонот ба шарафи Б. гузошта шудааст.

Ҷоизаҳо

Бо 2 орден ва медалҳо сарфароз гаштааст.

Эзоҳ

Адабиёт

Tags:

Лев Берг ЗиндагиномаЛев Берг ҶоизаҳоЛев Берг ЭзоҳЛев Берг АдабиётЛев Берг14 март195024 декабрЛенинградСоли 1876

🔥 Trending searches on Wiki Тоҷикӣ:

Кислотаи сулфат872АнқараНовгонсолорНавзодТемурмаликОриёӣҶумҳурии Мардумии ЧинБемориҳои пӯстҚазоқистонСамарқандАмрикои ШимолӣҶамъияти дорои масъулияти маҳдудЛоиқ ШералӣВилояти МаскавФеъл (дастури забон)МусулмонҲуқуқи конститутсионии Ҷумҳурии ТоҷикистонГенерал-губернатории ТуркистонПрезиденти ТоҷикистонФитри рӯзаРагҳои хунЮҷин ВигнерИдеологияFinancial TimesТоҷикистонИбора (дастури забон)Падари сарватманд, падари фақирАмниятРоберт ДювалНимҳимоятгар (футбол)Имом Фахруддини ТовусӣХусрави VЗарбулмасалБаёнотТиҷорати электронӣГеннади БондарукАббоси IШвейтсарияЧилахон ХоловКишоварзӣ дар ТоҷикистонХизматчии давлатӣЗокир НайкКлодуалдоАлӣ ибни АбутолибНоҳияҳои ТоҷикистонБуддоияКрасноярскИсмҳои танҳо ва ҷамъТаълимРибосомаКарлос ГерманоМаҳбалФурудгоҳи Байн‌алмиллалии КансайШаҳодатРамазон РаҳимзодаУзвҳои таносули мардонаСомонАбуюсуфи ВобканӣБелгияАхлоқу-л-ашрофБемории силБедилҲусомуддин СолорРӯзномаи «Оила»Карим БенземаБомдод (намоз)Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии ЛитваЗарфи замонАттори НишопурӣНизомии ИсфаҳонӣМуҳаммад БузиафЮНИСЕФҶанги шаҳрвандии РусияАминҷон Шукӯҳӣ🡆 More