Воқеъоти Кашмир

«Воқеоти Кашмир» (форсӣ: واقعات کشمیر‎) — асари таърихнигор, суфии муҷаддидии нақшбандӣ ва шоири форсизабони Ҳиндустон Муҳаммадаъзами Дидеҳмарӣ, ки ба султон Муҳаммадшоҳ (1719–1748) бахшида шудааст.

Воқеъоти Кашмир
Забони навиштаҷот ё осор/асар форсӣ

«Воқеъоти Кашмир» дар пайравии мактаби таърихнигории маҳаллӣ таълиф ёфта (1755), оид ба таърих, шарҳи ҳоли олимон, орифон ва шоирони Кашмир маълумот медиҳад. Ба қавли муаллиф, сабаби таълифи китоб дар он буд, ки таърихнигорони пешин Мулло Ҳусайни Қорӣ ва Мирзо Муҳаммадҳайдари Дуғлот – муалифи «Таърихи Рашидӣ» зимни навиштани таърихи минтақа ба ситоиши ҳокимони замон пардохта, аз сабти рӯйдодҳои муҳим чашмпӯшӣ кардаанд. «Воқеъоти Кашмир» аз муқаддима, се фасл ва хотима иборат аст. Муқаддимаи «Воқеъоти Кашмир» ба тавсифи Кашмир, фасли аввал ба таърихи тоисломии минтақа, фасли дуввум ба таърихи давлатдории мусулмонон то давраи забт шудани Кашмир аз ҷониби Акбаршоҳ бахшида шуда, фасли сеюм таърихи Кашмирро дар давраи ҳукмронии Темуриёни Ҳинд дар бар мегирад. Забони асар содаву равон буда, муаллиф шарҳи ҳоли донишмандон ва шоиронро ба тартиби замонӣ, дар охири ҳар давраи ҳукмронии шоҳон зикр кардааст. «Воқеъоти Кашмир» соли 1886 дар Лоҳур бо номи «Таърихи кашмири Аъзамӣ» чоп шудааст.

Эзоҳ

Адабиёт

  • دانشنامۀ ادب فارسی. ادب فارسی در شبه قاره (هند، پاکستان، بنگلادش). جلد چهارم، بخش سوم. تهران، ۱۳۸۰ هـ. ش.ر

Сарчашма

Tags:

Забони форсӣТаърихнигор

🔥 Trending searches on Wiki Тоҷикӣ:

Хамсаи Хусрав (дастхат)СаратонСиғаҳои феълҚонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид»Салмони ФорсӣШоҳаншоҳии АшконӣИёлоти Муттаҳидаи АмрикоРоҳи КаҳкашонФеҳристи мамнуъгоҳҳои ТоҷикистонОлами набототҚоидаҳои имлои забони тоҷикӣАхлоқОсиёАҳолӣАбулмаъолӣ Насруллоҳи МуншӣЗебоҷон БобоеваАрастуХуфтанДар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд (тафсир)Давлати ҳуқуқбунёдДонишкадаи давлатии омӯзгории Тоҷикистон дар ПанҷакентРӯзномаи «Оила»Фарҳангҳои тоҷикӣ-форсӣБонки миллии ТоҷикистонДушанбеПойтахтКумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии ТоҷикистонМиллионери зоғанишинАбулқосим Фирдавсӣ. «Шоҳнома» (Дастхат)ШиъаСомониёнБритониёи КабирВикипедияи ТоҷикӣВавилон-МобайлУнсурулмаъолии КайковусТахачЗабонҳои ҷаҳонАнгиштСотим УлуғзодаҶопонЗарфи маконИбни СиноШамсиддини ШоҳинТаърихБемории вабоТабКарбогидратҳоБритониёАсри сангВНМОЗабони арабӣЁддоштҳо (Айнӣ)Ҳаёти ҷинсӣНавзодВазорати адлияи Ҷумҳурии ТоҷикистонСиёсатшиносӣes3j0ТоҷиконИқтисоди ТоҷикистонСулҳДарсАннотатсияСаноати ТоҷикистонАрманистонМикробиологияНизоми сиёсӣЗабони инглисӣЮсуф ва ЗулайхоАвфАлишер НавоӣШафтолу (мева)АвестоҚоҳир РасулзодаИсаак НютонБемориҳои гӯшСоиби ТабрезӣМаҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид🡆 More