Аҳмад Абдуллоев

Аҳмад Абдулло́ев (тав.

15 марти 1936, деҳаи Бибиширини ноҳияи Бойсуни Ӯзбекистон) — адабиётшиноси тоҷик, доктори илмҳои филология (1984).

Аҳмад Абдуллоев
Таърихи таваллуд 15 март 1936(1936-03-15) (88 сол)
Зодгоҳ ноҳияи Бойсун
Фазои илмӣ филология
Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои филология (1984)

Зиндагинома

Хатмкардаи Институти давлатии педагогии Душанбе (1957). Муаллими мактаби миёна дар Бойсун (1957 – 59), аспиранти АИ ҶТ (1959 – 62), ходими илмии ИЗА ба номи Рӯдакии АИ ҶТ (1962 – 88), профессор УДТ (1988 – 90), мудири кафедраи забон ва адабиёти тоҷики ДАТ (1990 – 96). Аз соли 1996 профессор кафедраи филологияи Донишкадаи давлатии шаҳри Тирмизи Ҷумҳурии Ӯзбекистон.

Фаъолияти илмӣ

Зиёда аз 10 монография ва 200 рисолаву мақолаи илмӣ, илмӣ-оммавӣ ва илмӣ-методӣ таълиф намудааст. Абдуллоев асосан ба адабиёти форс-тоҷики асрҳои 11 – 12 ва намояндагони он Адиб Собири Тирмизӣ, Заҳири Форёбӣ, Унсурӣ, Фаррухӣ, Манучеҳрӣ, Абулфараҷи Рунӣ ва дигар таваҷҷуҳи хосса дорад. Дар баробари омӯзиши ҳаёт ва эҷодиёти шоирону адибони мазкур дар навиштаҳои Абдуллоев ҷараёни адабии ин қарнҳо, масъалаҳои анвоъ ва услуби шеър, махсусан ашъори ғиноӣ, майлу равияҳои адабӣ, хусусиятҳои иҷтимоии адабиёт, оҳангҳои демократӣ ва оҳангҳои «деҳқонӣ»-и назм, хусусияти адабиёти дарборӣ ва ғайра таҳлилу баррасӣ шудаанд. Бозёфтҳои Абдуллоев дар омӯзиши осори Рӯдакӣ, кашфи абёти нав, қасидаи «Фиғония»-и Рӯдакӣ ҷолиби диққатанд. Абдуллоев дар баробари таҳқиқи ҳаёт ва эҷодиёти як зумра шоирону нависандагон осори онҳоро низ ба табъ расонидааст. Девони комили Адиб Собири Тирмизии омоданамудааш соли 2001 ба табъ расид ва барои ин кор ӯ ҷоизаи махсуси Президенти ҶИЭ Сайид Муҳаммади Хотамиро гирифт. Аз охири солҳои 90 садаи XX Абдуллоев ба омӯзиши масъалаи басо муҳимми адабиётшиносии тоҷику ӯзбек – равобити адабии ин ду халқ дар мисоли Абдурраҳмони Ҷомӣ ва Алишери Навоӣ, Навоӣ ва таваҷҷуҳаш ба ашъори Рӯдакӣ, Анварӣ, Навоӣ ва шоирони Бадахшон машғул аст. Абдуллоев натанҳо муҳаққиқи адабиёти классикии форс-тоҷик, балки муҳаққиқи адабиёти муосири тоҷик низ мебошад. Дар бораи С. Айнӣ, М. Турсунзода, С. Улуғзода, Лоиқ, М. Қаноат, Гулназар, Б. Собир ва диг. мақолаҳои пурмӯҳтаво нигоштааст. Китоби «Мирзо Турсунзодасри Шеър ва достонҳо» (бо ҳамкории П. Турсунзода, Д., 1991) намунае аз заҳмати Абдуллоев дар ин бобат аст. Таҳти роҳбарии Абдуллоев 10 нафар рисолаҳои номзади илмро дифоъ намудаанд. Абдуллоев дар конференсияҳои байналмилалӣ ва ҷумҳуриявӣ иштирок кардааст.

Осор

  • Адабиёти форсу тоҷик дар нимаи дуюми асри XI ва аввали асри XII (ҳамроҳи С. Саъдиев), Д., 1986;
  • Сабақи Рӯдакӣ, ҷилдҳои 1, 2, Д., 1984, 1991;
  • Абулқосими Фирдавсӣ, Д., 1987;
  • Адабиёти тоҷик (китоби дарсӣ барои синфи 9), Д., 1990;
  • Тасаввуф ва намояндагони он, Тошкент, 2009.

Эзоҳ

Сарчашма

Tags:

Аҳмад Абдуллоев ЗиндагиномаАҳмад Абдуллоев Фаъолияти илмӣАҳмад Абдуллоев ОсорАҳмад Абдуллоев ЭзоҳАҳмад Абдуллоев СарчашмаАҳмад Абдуллоев15 март1936АдабиётшиносӮзбекистон

🔥 Trending searches on Wiki Тоҷикӣ:

Дмитрий МенделеевНизоми андози Ҷумҳурии ТоҷикистонТобистонЭмомалӣ НасриддинзодаДастгоҳи давлатӣМоҳиҳоҶангВазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии ТоҷикистонСосониёнАҳолии ЗаминРақобатТазкирату-л-авлиёШоҳномаФарҷ (узв)Маликушшуаро БаҳорВилояти ХатлонМаҷмӯъи маҳсулоти дохилӣВазорати фарҳанги Ҷумҳурии ТоҷикистонВикипедияи ТоҷикӣРамзҳои давлатии ТоҷикистонБолта ОртиқовНоҳияи ЗафарободБемориҳои асабАкадемияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии ТоҷикистонАломатҳои математикӣАҳмад ЗоҳирДостонТемурОлами набототи ТоҷикистонПайвандак (дастури забон)Пӯлод ТолисЗарбулмасалШавкат МирзиёевСалмони ФорсӣБадруддин ҲилолӣАфсонаКалила ва ДимнаҚалъаи ХуҷандБарномаи зиддивирусӣОмӯзгорҶумҳурии Мардумии ЧинМеъёри ҳуқуқМаҳбалҲуқуқи конститутсионии Ҷумҳурии ТоҷикистонСомонхудотМоҳӣМавзуна ЧориеваDokuWikiАҷамДонишкадаи исломии ТоҷикистонСоиби ТабрезӣСаттор ТурсунМаркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии ТоҷикистонМудофиаи гражданӣОдинаФаронсаСотим УлуғзодаЗумуррадДориюши IIIХалиҷи ФорсОбхезӣҚоқуТаърихи Ҷумҳурии ТоҷикистонШоҳаншоҳии СосонӣШоҳаншоҳии ҲахоманишӣСиёсати хориҷии ТоҷикистонҚазоқистонМуғулистонИсаак НютонТуркияШоҳроҳи АбрешимЧингизхонСаймумин ЯтимовАннотатсияАтмосфераМусиқӣҲаёти ҷинсӣ🡆 More