Шайхи Муфид

Муҳаммад ибни Муҳаммад ибни Нуъмон маъруф ба Шайхи Муфид (ар.

Шайхи Муфид
Иттилооти инфиродӣ
Касб, шуғл: илоҳиётшинос
Таърихи таваллуд: 22 май 948
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: 29 ноябр 1022 (74 сол)
Маҳалли даргузашт:
Кишвар:
Эътиқод: ислом ва шиъа
Самти фаъолият: ислом
Устодон: Shaykh Saduq[d], Ibn al-Janid al-Saskafi[d], Ibn Ghulavi Qum[d], Abu Ghalib Al-Zorari[d] ва Abu Bakr Muhammad ibn Omar Ibn al-Ja'abi[d]
Шогирдон: Шайхи Тӯсӣ[d]
Осор:

Иттилооти иловагӣ
Лоиҳаҳои алоқаманд: Шайхи Муфид Викианбор  
Шайхи Муфид Вироиши Викидода

Табор ва зиндагӣ

Муҳаммад ибни Муҳаммад ибни Нуъмон дар 11 зилқаъдаи соли 336ҳ.қ. ё 338ҳ.қ. дар Укбарии атрофи Бағдод ба дунё омад.

Падараш шуғли муаллимӣ дошт ва бад-ин ҷиҳат Шайхи Муфид ба «Ибн-ул-муаллим» машҳур будааст. Укбарӣ ва Бағдодӣ низ ду лақаби дигари ӯ ҳастанд. Дар хусуси мулаққаб шудан ба муфид ҳам гуфтаанд: дар мунозирае, ки бо Алӣ ибни Исои Румонӣ, донишманди мӯътазилӣ дошт, тавонист истидлолоти тарафи муқобилро ботил кунад; пас аз он Румонӣ ӯро «Муфид» хонд.

Дар манобеи торихӣ, ду фарзанд барои Муфид зикр шудааст: 1- Абулқосими Алӣ, 2- духтаре, ки исмаш дар манобеъ наёмадааст ва ҳамсари Абуяъло Ҷаъфарӣ будааст.

Шайхи Муфид дар ҷумъа, дувум ё сеюми моҳи Рамазони сол 413 қамарӣ даргузашт. Шайхи Тӯсӣ, издиҳоми мардуми ҳамаи мазоҳиб барои намози ҷаноза ва гиристан дар марги ӯро бесобиқа тавсиф кардааст. Ӯ чанд соле дар хонааш мадфун буд ва сипас ба самти қабристони Қурайш, наздики қабри Имом Ҷавод (а) бурда шуд. Мақбараи ӯ акнун дар ҳарами Козимайн қарор дорад.

Таҳсилот

Муфид, Қуръон ва улуми муқаддамотиро назди падар фаро гирифт. Сипас барои идомаи таҳсил, ҳамроҳи ӯ ба Бағдод рафт ва тавонист аз муҳаддисон, мутакаллимон ва фуқаҳои барҷастаи шиаву суннӣ баҳра бибарад.

Шайхи Садуқ (даргузашти 381ҳ.қ.), Ибни Ҷунайди Аскофӣ (даргузашти 381ҳ.қ.), Ибни Қуливайҳ (даргузашти 369ҳ.қ.), Абуғолиби Зурорӣ (даргузашти 368ҳ.қ.) ва Абубакр Муҳаммад ибни Умари Ҷиъобӣ (даргузашти 355ҳ.қ.) аз машҳуртарин устодони шиъии ӯ будаанд.

Шайхи Муфид назди Ҳусайн ибни Алии Басрӣ маъруф ба Ҷуъал аз асотиди бузурги мӯътазила ва Абуёсир шогирди мутакаллими номии Абулҷайши Балхӣ илми калом омухт. Ӯ ҳамчунин бо пешниҳоди Абуёсир дар маҷлиси дарси Алӣ ибни Исои Румонӣ, донишманди маъруфи мӯътазилӣ иштирок кард.

Вай аз ҳудуди 40 солагӣ, раёсати шиаёнро дар фиқҳ, калом ва ҳадис ӯҳдадор шуд ва дар дифоъ аз ақоиди шиа, бо уламои дигар мазоҳиб мунозира мекард.

Вижагиҳои ахлоқӣ

Гуфтаанд, Шайхи Муфид бисёр садақа медод, фурутан буд, бисёр намоз мехонду рӯза мегирифт ва либоси хашин бар тан мекард, то онҷо ки ӯро «шайхи машойихуссуфия» (устоди устодони суфиён) хонданд. Абуяъло Ҷаъфарӣ, домоди ӯ гузориш кардааст, ки ӯ шабҳо кам мехобид ва бештари вақташ сарфи мутолиа, намоз, тиловати Қуръон ва ё тадрис мешуд. Дар номае, ки Имом Замон (а) барои Шайхи Муфид навишта, ӯро бо ановине монанди: садид (устувору рост), валийи рашид хитоб кардааст.

Ҷойгоҳи илмӣ

Шайхи Тӯсӣ дар китоби ал-Феҳрист, Муфидро фарде тезфаҳм, ҳозирҷавоб, пештоз дар илмҳои калом ва фиқҳ муаррифӣ кардааст. Ибни Надим аз Муфид бо иборати раиси мутакаллимони шиа ёд карда, дар илми калом бар дигарон муқаддам дониста ва беҳамто тавсиф кардааст.

Шайхи Муфидро намояндаи мактаби каломии Бағдод ва барҷастатарин шахсияти он шуморидаанд, ки ба нақди андешаҳои мактаби каломии Қум мепардохт. Гуфта шудааст мактаби фикрии Бағдод дар Шайхи Муфид ба авҷ расид. Гуфта шудааст, Шайхи Муфид, на ақлгарои ифротӣ буд ва на, ҳадисгарои ифротӣ, балки ӯ, як рӯйкарди эътидолӣ ва миёна дошт.

Шайхи Муфид шогирдони бисёре парвариш дод, ки бархе аз онон уламои соҳибноми шиа будаанд. Афроди зер аз ҷумлаи онҳо ҳастанд:

  • Сайиди Муртазо (даргузашти 436ҳ.қ.)
  • Сайиди Разӣ
  • Шайхи Тӯсӣ (даргузашти 460ҳ.қ.)
  • Наҷҷошӣ (даргузашти 450ҳ.қ.)
  • Саллори Дайламӣ (даргузашти 463ҳ.қ.)
  • Абулфатҳи Кароҷакӣ (даргузашти 449ҳ.қ.)
  • Абуяъло Муҳаммад ибни Ҳасани Ҷаъфарӣ (даргузашти 463ҳ.қ.).

Равиши ҷадиди фиқҳӣ

Шайхи Муфид равише мутафовит бо давраи пеш аз худ дар фиқҳи шиа поягузорӣ кард. Ба гуфтаи Субҳонӣ ва Гурҷӣ, пеш аз Шайхи Муфид ду равиши фиқҳӣ ривоҷ дошт: равиши нахуст ба сурати ифротӣ бар ривоёт мубтанӣ буд ва дар он дар хусуси санад ва матни ривоёт диққати кофӣ сурат намегирифт. Равиши дувум ба ривоёт тавваҷуҳи лозимро надошт ва беш аз ҳад бар қавоиди ақлӣ таъкид мекард, ҳарчанд монанди қиёс бо нусуси динӣ дар таоруз бошанд. Шайхи Муфиди роҳи миёнаеро эҷод кард ва равиши фиқҳии ҷадиде бино кард, ки дар он ибтидо ба кумаки ақл усул ва қавоиде барои истинботи аҳком тадвин мешуд. Сипас ба василаи ин усул, истинботи аҳком аз мутуни динӣ анҷом мегирифт. Ба ин ҷиҳат ӯро тадвинкунандаи илми усули фиқҳ донистаанд.

Пас аз Шайхи Муфид, шогирдонаш Сайиди Муртазо дар китоби аз-Зариъату ило усул-иш-шариъат ва Шайхи Тӯсӣ дар китоби ал-Уддату фи-л-усул, ин роҳро идома доданд.

Ҳузур дар мунозироти илмӣ

Дар давраи Шайхи Муфид гуфтугӯҳои илмие байни уламои бузурги мазоҳиби мухталифи исломӣ дар Бағдод баргузор мешуд. Бисёре аз ин мунозирот дар ҳузури хулафои аббосӣ сурат мегирифт. Шайхи Муфид дар ин ҷаласот ҳозир шуда, ба нақдҳое ки ба мазҳаби шиа мешуд, посух медод.

Дар хонаи Шайхи Муфид низ маҷлиси баҳс барпо мешуд, ки уламои мазоҳиби гуногуни исломӣ аз ҷумла мӯътазила, зайдия ва исмоилия дар он иштирок мекарданд.

Осор

Таълифоти Шайхи Муфид бар асоси феҳристи Наҷҷошӣ 175 китобу рисола аст. Гуфта шудааст ниме аз ин осор дар бораи имомат аст. Маъруфтарин асари Шайхи Муфид дар илми фиқҳ, ал-Муқниъа, дар илми калом, Авоил-ул-мақолот ва дар шарҳи ҳолнигории имомон, ал-Иршод аст.

Эзоҳ

Адабиёт

  • Ибни Надим, Муҳаммад ибни Абияъқуб Исҳоқ, ал-Феҳрист, таҳқиқи Ризо Таҷаддуд, Теҳрон, бе то, 1350ҳ.ш.
  • Ибни Тағарии Бардӣ, ан-Нуҷум-уз-зоҳира фи мулуки Мисри ва-л-Қоҳира, Қоҳира, Вазорат-ус-сақофати ва-л-иршод-ил-қавмӣ, бе то.
  • Ҷабраилӣ, Муҳаммадсафар, Сайри татаввури каломи шиа, дафтари дувум: аз асри ғайбат то Хоҷанасири Тӯсӣ, Теҳрон, интишороти пажӯҳишгоҳи фарҳанг ва андешаи исломӣ, чопи аввал, 1389ҳ.ш.
  • Ҷаъфарӣ, Яъқуб, «Муқоиса байни ду мактаби фикрии шиаи Қум ва Бағдод, қарни чаҳоруми ҳиҷрӣ», дар мақолоти форсӣ (маҷмуаи мақолоти конгресси Шайхи Муфид, ҷ.69), Қум, конгресси ҷаҳонии ҳазораи Шайхи Муфид, чопи аввал, 1413ҳ.қ.
  • Хатиби Бағдодӣ, Аҳмад ибни Алӣ, Таърихи Бағдод, таҳқиқи Ато, Мустафо Абдуқодир, нашри Дорулкутубилъилмия, Бейрут, 1417ҳ.қ.
  • «Хуршеди шаб дар ойфилм», торнамои хабарии дунёии синамо, таърихи боздид: 7 мурдоди 1398, таърихи дарҷ: 29 меҳри 1397.
  • Субҳонӣ, Ҷаъфар, Мавсуъату табақот-ил-фуқаҳо, муқаддима (алқисмуссонӣ), муассисаи Имом Содиқ (а), Қум, 1418ҳ.қ.
  • Шубайрӣ, Сайидмуҳаммадҷавод, «Гузаре бар ҳаёти Шайхи Муфид», дар мақолоти форсии конгресси ҷаҳонии ҳазораи Шайхи Муфид, шумораи 55, 1372ҳ.ш.
  • Шубайрӣ, Сайидмуҳаммадҷавод, «Ногуфтаҳое аз ҳаёти Шайхи Муфид», дар мақолоти форсии конгресси ҷаҳонии ҳазораи Шайхи Муфид, 1372ҳ.ш.
  • Тӯсӣ, Муҳаммад ибни-л-Ҳасан, ал-Феҳрист, таҳқиқи Ҷавод Қайюмӣ, бе ҷо, муассисаи нашр-ул-фақоҳат, 1417ҳ.қ.
  • Фармониён, Маҳдӣ ва Мустафо Содиқии Кошонӣ, Нигоҳе ба таърихи тафаккури имомия; аз оғоз то зуҳури сафавия, Қум, пажӯҳишгоҳи улум ва фарҳанги исломӣ, чопи аввал, 1394ҳ.ш.
  • Каримиён, Маҳмуд, «Воковии фатвои мансуб ба Шайхи Муфид», дар маҷаллаи ҳадиси ҳавза, шумораи 9, поиз ва зимистони 1393ҳ.ш.
  • Гурҷӣ, Абулқосим, Таърихи фиқҳ ва фуқаҳо, Теҳрон, самт, 1385ҳ.ш.
  • Муҳаммадии Иштиҳордӣ, Муҳаммад, Ҳазрати Маҳдӣ, фурӯғи тобони вилоят, Қум, масҷиди муқаддаси Ҷамкарон, 1387ҳ.ш.
  • Наҷҷошӣ, Аҳмад ибни Алӣ, Риҷоли Наҷҷошӣ, тасҳеҳи Сайидмусо Шубайрии Занҷонӣ, Қум, дафтари интишороти исломӣ, 1407ҳ.қ.
  • Наҳовандӣ, Алиакбар, ал-Абқарий-ил-ҳисон фи аҳволи мавлоно Соҳиб-из-замон, таҳқиқ ва тасҳеҳи Ҳусайни Аҳмадии Қумӣ ва Содиқи Барзгар, Қум, масҷиди муқаддаси Ҷамкарон, 1386ҳ.ш.

Tags:

Шайхи Муфид Табор ва зиндагӣШайхи Муфид ТаҳсилотШайхи Муфид Вижагиҳои ахлоқӣШайхи Муфид Ҷойгоҳи илмӣШайхи Муфид Равиши ҷадиди фиқҳӣШайхи Муфид Ҳузур дар мунозироти илмӣШайхи Муфид ОсорШайхи Муфид ЭзоҳШайхи Муфид АдабиётШайхи Муфид22 май29 ноябрБағдодЗабони арабӣСоли 1022Соли 948Таърихнигор

🔥 Trending searches on Wiki Тоҷикӣ:

Тоҷикон (китоб)ТаваррумДонишгоҳи давлатии омӯзгории ТоҷикистонЗабони барноманависӣНамози тасбеҳУтришБекдорСайёҳӣ дар ТоҷикистонВилояти СуғдРухсатии ҳарсолаи пардохтшавандаи меҳнатӣКитоби сурхи Ҷумҳурии ТоҷикистонНоҳияи ПанҷакентКуруши КабирВазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии ТоҷикистонГардиши хунСоли 1995Ноҳияи Ҷалолиддин БалхӣРӯдакӣҶанги ҷаҳонии дувумЭкологияБадминтонИсроилСоли 1992Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии ТоҷикистонИмлоМартВазорати мудофиаи Ҷумҳурии ТоҷикистонДанияСохти сифатҳои феълӣҲазрати ИсоСармоягузорӣ (инвеститсия)Ҷанги ҷаҳонии якумМасдарУмари ХайёмҶашни СадаШералӣ МирзоТурсунзода (шаҳр)Соиби ТабрезӣИллинойсРӯйхати кишварҳо аз рӯи аҳолӣЗуф (барги зулф)Сайидои НасафӣДонишкадаи исломии ТоҷикистонСарвазири Ҷумҳурии ТоҷикистонАмир ОлимхонЗиндагӣДонишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории ТоҷикистонҲизби халқии демократии ТоҷикистонФарҳанги ТоҷикистонHTMLНоҳияи ҒафуровСадриддин НаҷмиддинСурайё ҚосимоваТоҷикистонИстиораНосири ХусравОсиёФеълҳои монда ва гузарандаБадруддин ҲилолӣАминоспиртҳоТемурНишони давлатии Ҷумҳурии ТоҷикистонДонишномаҶумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии ТоҷикистонНамози қасрДавлати ягонаҶумҳурии ТоҷикистонБемориҳои ҷигарИёлоти Муттаҳидаи АмрикоҶонишинҳои манфӣИнформатикаЭнсиклопедияи советии тоҷикГенAdobe FlashИбораҳои исмӣБароккоШумора🡆 More