Сергей Прокофев

Сергей Прокофев (23 апрел 1891, Сонтсивка, губернияи Екатеринослав, Русияи подшоҳӣ — 5 март 1953, Маскав, ҶШФСР, ИҶШС) — оҳангсоз, пианинонавоз ва дирижёри барҷастаи шӯравӣ.

Артисти халқии РСФСР (1947).

Сергей Прокофев
русӣ: Сергей Сергеевич Прокофьев
Сергей Прокофев
Иттилооти асосӣ
Таърихи таваллуд 23 апрел 1891(1891-04-23)[…]
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 5 март 1953(1953-03-05)[…] (61 сол)
Маҳалли даргузашт
Кишвар
Пеша(ҳо) оҳангсоз, пиёнунавоз, раҳбари мусиқӣ
Соз фортепиано
Сабк опера, симфонӣ, Балет ва мусиқии килоссик[d]
Ҷоизаҳо
Соядаст
Соядаст
sprkfv.net(англ.)
Сергей Прокофев Парвандаҳо дар Викианбор

Зиндагинома

Прокофев дар 5-солагӣ фортепиано навохта, мусиқӣ эҷод мекард. Прокофев мавриди ба Консерваторияи Петербург (ҳоз. Санкт-Петербург) дохил шуданаш (1904) ба ҳайати комиссия зиёда аз 50 пиеса барои фортепиано ва 3 опера пешниҳод кард. Дар давраи таҳсил аз фанҳои тахассусӣ аз беҳтарин мутахассисон дарс гирифт (Н.Римский-Корсаков, А.Лядов, А.Есипова, Н.Черепнин). Прокофев консерваторияро бо ихтисосҳои композитсия, фортепиано ва дирижёрӣ бо мувафақият хатм кард. Солҳои 1910—1917 ӯ 2 консерт барои фортепиано ва скрипка, «Сюитаи скифӣ», «Симфонияи классикӣ», операи «Бозингар», силсилаи пиесаҳои фортепианӣ, афсонаи вокалии «Мурғобичаи бадафт» ва ғ. эҷод кард. Баҳори соли 1918 Прокофев бо сафари ҳунарӣ ба хориҷи кишвар рафт ва он ҷо то соли 1932 монд. С. 1932 ба ватан баргашта, ҳама маҳораташ кушода шуд ва ӯ асарҳои бисёре дар жанрҳои гуногун офарид. Аз ҷумла кантатаи «Александр Невский», операи «Семён Котко», «Ҷанг ва сулҳ», оратория ва ғ., балетҳои «Ромео ва Ҷулиетта», «Золушка», «Гули сангӣ»; сонатаҳои фортепианӣ; симфонияҳо, аз ҷумла, Ҳафтум, бо ҷоизаи Ленинӣ сарфароз гардид. Бахши муҳимтарини эҷодиёташ-мусиқӣ барои бачагон мебошад: сурудҳо, пиесаҳои фортепианӣ, афсонаи симфонии «Петя ва гург» мебошанд. Осори эҷодиёти Прокофев ҳама жанрҳои мусиқиро фаро гирифтанд.

Эзоҳ

Tags:

23 апрел5 мартd:Q2184d:Q4238606d:Q49481d:Q49518Империяи РусияИттиҳоди ШӯравӣМаскавОҳангсозСоли 1891Соли 1953

🔥 Trending searches on Wiki Тоҷикӣ:

Амир ОлимхонГандумВазорати мудофиаи Ҷумҳурии ТоҷикистонСотим УлуғзодаГурдаГули садбаргШоҳаншоҳии АшконӣСаломатӣДонишгоҳи давлатии омӯзгории ТоҷикистонБешаи палангонАфлотунҚирғизистонҶиноятСаттор ТурсунЗардуштФарҷ (узв)АдабиётЗабони форсӣТағйирпазирӣЛоиқ ШералӣПадари сарватманд, падари фақирАдабиёти кӯдакБахилӣВиҷдонБободархон (деҳа, н. Ашт)МисСуръатФутболДавлати СалҷуқиёнВазифаи ҳифзи табиатБайт (шеър)Бемории вабоВилояти ХатлонПешояндҳои аслӣТемурСомонБоғҶӯрабек НазриевКумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии ТоҷикистонАҳмади ДонишАдабиёти муосирШоирБиосфераУзвҳои пешобЗабони тоҷикӣВилояти Мухтори Кӯҳистони БадахшонДилКобулМучалҶадидияНоҳияи ЁвонФурӯпошии ИҶШСИсломАкадемияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии ТоҷикистонСоли НавРӯзномаи «Оила»Дастгоҳи иҷроияи Президенти ТоҷикистонҶумҳурият (рӯзнома)ОсиёШом (намоз)ҚасидаВараҷаҲикояҳои хурд-хурдКалимаҳои забони тоҷикӣ аз ҷиҳати сохтРусияБактерияҳоАндози иҷтимоӣМисрБеморӣРамазон РаҳимзодаСифати нисбӣХалиҷи ФорсОморБемориҳои гӯшГули бобунаАкбар ТурсунҶумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон🡆 More