Россини Ҷоаккино

Ҷоаккино Россини (1792-1868) — композитори барҷастаи итолиёӣ.

Россини Ҷоаккино
итол. Gioachino Antonio Rossini
Россини Ҷоаккино
Иттилооти асосӣ
Ном ба ҳангоми таваллуд итол. Gioachino Antonio Rossini
Таърихи таваллуд 29 феврал 1792(1792-02-29)[…]
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 13 ноябр 1868(1868-11-13)[…] (76 сол)
Маҳалли даргузашт
Солҳои фаъолият аз 1810
Кишвар
Пеша(ҳо) оҳангсоз
Соз виолончел
Сабк опера, Кантата ва мусиқии килоссик[d]
Ҷоизаҳо
Grand Officer of the Legion of Honour Pour le Mérite for Sciences and Arts order Order of Saint Stanislaus
Соядаст
Соядаст
Россини Ҷоаккино Парвандаҳо дар Викианбор

Зиндагинома

Ҷоаккино Россини таҳсили мусиқиро дар литсеи Болонск гирифт ва дар сини 14-солагӣ узви Академияи филармонияи Болонск интихоб гардид. Ӯ фортепиано, скрипка, виолончелро хеле хуб менавохт, дар шаҳрҳои Италия бомуваффақият консерт намоиш медод ва де-ре нагузашта дар ин кораш обрӯманд гашт. Россини ҳамчун композитори операнавис машҳур гардид. Махсусан операҳои «Танкред» ва «Итолиёвидухтар дар Алжир», ки ҳарду с. 1813 офарида шуданд, ба ӯ шуҳратмандии зиёд оварданд. Операи ҳаҷвии «Сартароши севилӣ» дар таърихи санъати мусиқӣ, яке аз беҳтарин офаридаҳои Россини ба шумор меравад. Дар арафаи инқилоби Фаронса (1830), ӯ операи қаҳрамонӣ – патриотии «Вилгелм Телл» (аз Шиллер)-ро менависад, ки дар инкишофи жанри операи калони фаронсавӣ нақши муҳим бозидааст. Эҷодиёти операвии Россини бо мавзӯъҳои ҳаётӣ, хушоҳангии бардавом, коркарди бисёр хуб, маводи вокалӣ, моҳирона, ҷиллои устодонааш фарқ карда меистод. Ӯ санъати операи ҷаҳониро бой гардонида, ба инкишофи театри мусиқавии Итолиё ва Фаронса боис шуд. Осораш – аз 39 опера, 2 симфония барои оркестр, кантатаҳо, гимнҳо, ансамблҳои камеравӣ – созӣ, пиесаҳо барои фортепиано, барои овоз бо фортепиано, мусиқии нафасӣ ва ғ. иборат аст.

Эзоҳ

Tags:

🔥 Trending searches on Wiki Тоҷикӣ:

C++Ҳабиб ЮсуфӣМуҳаррики дарунсӯзАритмияи дилАмир ОлимхонТақсимкунандаи асосӣҲизби халқии демократии ТоҷикистонФормулаи химиявӣҒуриёнАмнияти байналмилалӣАморати БухороЗабони ӯзбекӣҚонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии ТоҷикистонНасим РаҷабҶалолуддини БалхӣИттиҳоди АврупоМисри ҚадимҲормонЮсуф ва ЗулайхоВикипедияи ТоҷикӣТандурустӣ дар ТоҷикистонАндози иҷтимоӣАгентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии ТоҷикистонАфсонаНавдаДонишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди ТоҷикистонКалила ва ДимнаЗайнуддин Маҳмуди ВосифӣВилояти МаскавАввалин Бонки Молиявии ХурдХати АвестоКонодоБритониёВазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии ТоҷикистонТомирисСотим УлуғзодаРоғунМушаки компютерБайт (шеър)Ёддоштҳо (Айнӣ)Олами набототи ТоҷикистонОфтобВаксинаЛайлӣ ва МаҷнунИқлимБаробарҳуқуқии зану мардДонишномаЭкологияДонишгоҳи миллии ТоҷикистонБемориҳои ирсӣҚоқуАбдурраҳмони ҶомӣНишони ТоҷикистонСаноӣСадриддин АйнӣСанҷидАрманистонАҳолии Британияи КабирРӯзномаи «Оила»СосониёнНишонҳо ва парчамҳои ТоҷикистонЗарафшондарёАлишер НавоӣДонишгоҳи давлатии БохтарАсри санг дар ТоҷикистонРӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии ТоҷикистонЭронТерроризмНавоварӣҲол (забоншиносӣ)4 декабрНамозБиосфераФарҳангҳои тоҷикӣ-форсӣШайбониёнПудина🡆 More