Амнияти Байналмилалӣ

Амнияти байналмилалӣ — низом ва услуби муносибатҳои байналмилалӣ, ки шомили суботи бомароми рушди иқтисодӣ, сиёсӣ ва дигар муносибатҳои байни давлатҳо буда, ба рафъи таҳдидҳои таҷовузи беруна, таъмини ҳамзистии осоиштаи давлатҳо дар пояи баробарҳуқуқӣ, истиқрори истиқлоли миллӣ, соҳибихтиёрӣ ва мустақилияти комили халқҳо асос меёбад.

Фароҳам овардани чунин шароити мусоид яке аз вазифаҳои умда ва муҳиму пурмасъули ҳар як давлат буда, дар ҳуқуқи байналхалқии муосир, аз ҷумла дар Оинномаи СММ ифода ёфтааст.

Пас аз Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ (1939–45) бар асари қувват гирифтани таҳдид ва хатари ҷанги ҷаҳонии атомӣ ва термоядроӣ мубориза ва талошҳо барои таҳкими сулҳ ва таъмини амнияти халқҳо таъхирнопазир гардиданд. Ин талошҳову муборизаҳо тамоми халқи ҷаҳонро фаро гирифта, ба ташкили системаи томи давлатҳои мустақили Осиё, Африка ва Америкаи Лотинӣ оварда расонданд. Санадҳои таърихии ҷаласаҳои машваратии байналхалқӣ шоҳиди онанд, ки мубориза барои амнияти байналмилалӣ, халъи силоҳ (яроқпартоӣ), истиқлоли миллӣ, ҳамкорӣ ва сулҳ ҳақиқатан хусусияти умумиҷаҳонӣ ва умумихалқӣ пайдо кардаанд. Воситаҳои асосиву умдаи таъмини амнияти байналмилалӣ мушоҳидаҳои дуҷониба, бароҳандозии бехатарии тарафайн, муттаҳид сохтани давлатҳо дар иттиҳодҳои бисёрҷанба, тааҳҳуди ташкилотҳои байналмилалии умумиҷаҳонӣ, демократикунонии ҷомеа, демилитаризатсия ва гуманизатсияи тартиби сиёсии байналмилалӣ, истиқрори авлавияти (муқаддамӣ, афзалиятнокӣ) ҳуқуқӣ дар муносибатҳои байналмилалӣ мебошанд. Мутаносибан аз доираи зуҳур сатҳҳои зерини амният фарқ карда мешаванд:

  • миллӣ
  • минтақавӣ
  • глобалӣ – умумӣ.

Эзоҳ

Сарчашма

Tags:

Давлат

🔥 Trending searches on Wiki Тоҷикӣ:

Рӯзи ҷаҳонии коргарСозҳои мусиқӣАминҷон ШукӯҳӣРӯзномаи «Оила»Салоҳияти Маҷлиси намояндагонСифатНуқраГипотеза (ҳуқуқ)Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдудКалила ва ДимнаОсорхонаи таърихии вилояти СуғдКомиссияи оштии миллӣАврупои ҒарбӣЗабони тоҷикӣБемории вабоДонишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди ТоҷикистонМаҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии ТоҷикистонҶонишинҳои таъйинӣШерМир Сайид Алии ҲамадонӣОрҳан БийиклӣХуҷандСурайё ҚосимоваКитоби сурхЧароғи роҳнамоВилояти ХатлонАлгоритмВоситаҳои нақлиётСомонМоҳиҳоСамаки айёрАминҳоАлександр ПушкинАдабиёти тоҷик дар садаи ХХАгенти андозХилофати УмавиёнҲаракати МаздакияИнтернетПӯлод ТолисҶадвали электронӣАбумуслими ХуросонӣҶуғрофиёПайрав СулаймонӣЛондонАҳолии ӮзбекистонНомаСаразмНерӯгоҳи барқи обии РоғунДориюши IIIПешояндҳои аслӣСӯхторСайёраНизомии ГанҷавӣВирусҳоМодда (физика)ПойтахтТазкирату-л-авлиёАвестоИслом дар ТоҷикистонМаскавКалимасозӣНасим РаҷабТиргонИродаИскандари МақдунӣДмитрий МенделеевНигора ХоловаДавлати СалҷуқиёнСамарқандҲисорШавкат МирзиёевАсри биринҷӣҒазалИлмMicrosoft Word🡆 More