Раҳии Муъаййирӣ

Муҳаммадҳасан «Биюк» Муъаййирӣ (форсӣ: محمدحسن «بیوک» معیری‎, бо тахаллуси Раҳӣ (форсӣ: رهی‎); 30 апрел 1909, Теҳрон — 15 ноябр 1968, Теҳрон)  — шоир, ғазалсаро, таронасаро ва таснифсарои баноми муосири Эрон.

Муҳаммадҳасан Раҳии Муъаййирӣ
форсӣ: رهی معیری
Раҳии Муъаййирӣ
Тахаллусҳо: Раҳӣ
Таърихи таваллуд: 30 апрел 1909(1909-04-30)
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: 15 ноябр 1968(1968-11-15) (59 сол)
Маҳалли даргузашт:
Шаҳрвандӣ (табаият):
Навъи фаъолият: шоир, нависанда
Забони осор: форсӣ
Раҳии Муъаййирӣ Парвандаҳо дар Викианбор

Зиндагинома

Муҳаммадҳасан Раҳии Муъаййирӣ дар соли 1909 дар Теҳрон ба дунё омад ва пас аз таҳсилоти олӣ вориди машоғили идорӣ шуд ва солҳо бо родию ҳамкорӣ дошт. Девони комили ӯ ҳовии «Сояи умр», «Озода», «Таронаҳо», ки шомили ғазалиёт, қитъаот, маснавиҳо, таронаҳо ва дигар сурудаҳои ӯст. Вай дар танзу фукоҳанависӣ ва таронасароӣ низ устод буд, аммо умдаи шуҳрати Раҳии Муъаййирӣ ба хотири ғазалиёти ӯст, ки омезае аз латофат ва фасоҳати забони Саъдӣ, қуввату инсиҷоми баёни Низомӣ, шӯру ҳарорати каломи Мавлавӣ ва нозукхаёлиҳои Соиб аст. Раҳии Муъаййирӣ баёне пок ва пироста ва табъе гарму ҳассос дошт.

Даргузашт

Раҳии Муъаийирӣ, ки то охири умр муҷаррад зист, 15 ноябри соли 1968 пас аз ранҷи тӯлонӣ аз бемории саратони меъда даргузашт ва дар мақбараи Заҳируддавлаи Шамирон ба хок сипурда шуд.

Намунаи ашъор

Аз ғазалиёт

    Ҳадиси ҷавонӣ

Ашкам, вале ба пои азизон чакидаам,
Хорам, вале ба сояи гул орамидаам.
Бо ёди рангу бӯйи ту, эй навбҳори ишқ,
Ҳамчун бунафша сар ба гиребон кашидаам.
Чун хок, дар ҳавои ту аз по фитодаам,
Чун ашк, дар қафои ту бо сар давидаам.
Ман ҷилваи шубоб надидам ба ъумри хеш,
Аз дигарон ҳадиси ҷавонӣ шунидаам.
Аз ҷоми офият, майи нобе нахӯрдаам
В-аз шохи орзу, гули айше начидаам.
Мӯйи сапедро, фалакам ройгон надод,
Ин риштаро ба нақди ҷавонӣ харидаам.
Эй сарви пойбаста, ба озодагӣ маноз,
Озода ман, ки аз ҳама олам буридаам.
Гар мегурезам аз назари мардумон, Раҳӣ
Айбам макун, ки оҳуи мардумнадидаам.

Даймоҳи 1333

Абёти пароканда

Бояд харидорам шавӣ, то ман харидорат шавам,
В-аз ҷону дил ёрам шавӣ, то ошиқи зорат шавам.
Ман нестам чун дигарон, бозичаи бозигарон,
Аввал ба дом орам туро в-онгаҳ гирифторат шавам.

Эзоҳ

Адабиёт

  • Алиасғари Шеърдӯст. Шеъри муосири Эрон. Пажӯҳишгоҳи фарҳанги форсӣ-тоҷикии Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон. — Душанбе 2012. — С. 363

Tags:

Раҳии Муъаййирӣ ЗиндагиномаРаҳии Муъаййирӣ ДаргузаштРаҳии Муъаййирӣ Намунаи ашъорРаҳии Муъаййирӣ ЭзоҳРаҳии Муъаййирӣ АдабиётРаҳии Муъаййирӣ15 ноябр30 апрелЗабони форсӣСоли 1909Соли 1968ТеҳронШоирЭрон

🔥 Trending searches on Wiki Тоҷикӣ:

Эмомалӣ РаҳмонИҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии ТоҷикистонБемории қандСубҳи ҷавонии моТеатри ЛоҳутӣРусияУқёнуси ОромМанчестер Сити (бошгоҳи футбол)АлгебраАхтаршиносӣШиркати Алюминийи ТоҷикИнститути таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. ДонишҲуқуқи меҳнатӣТӯби футболАбдулҳақ БетобБактериофагҳоБадминтонСозмони Милали МуттаҳидСоли 446Таърихи адабиёти тоҷикСиғаҳои феълИқлимДонишгоҳи миллии ТоҷикистонGmailЗабти давлатҳои Осиёи Миёна аз ҷониби РусияЭронБандак (забоншиносӣ)Давлати ягонаМаҷмӯъи маҳсулоти дохилӣДонишгоҳи аграрии ТоҷикистонФарҳанги забони тоҷикӣИллинойсБачадонВазорати фарҳанги Ҷумҳурии ТоҷикистонКонвенсияи ҳуқуқи кудакҲисорНерӯгоҳи барқи обии РоғунДонишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати ТоҷикистонМуҳаммад ибни Ҷарири ТабарӣApple Inc.ВаҳйСиёҳалафАсри сангЗарф (дастури забон)Камоли ХуҷандӣГардиши сармояАрманистонҶомеаи иттилоотӣУтришЗардуштЧистонХуфтанАломатҳои астрономӣСамаки айёрСохти сифатҳои феълӣТахачПарандаСохти шумораҳоШутурКитобхонаи миллии ТоҷикистонГурӯҳи хунӣБеларусДастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии ТоҷикистонБаробарҳуқуқии зану мардБешаи палангонРӯзи ҷаҳонии занонЛогистикаИфторТемурмаликСӯхтагӣБарқи ТоҷикМасеҳиятАлагоасИстраСафар Сулаймонӣ🡆 More