Пол Гоген

Эже́н Анри́ Пол Гоге́н (фр. Eugène Henri Paul Gauguin ; 7 июн 1848, Порис — 8 май 1903, Атуона) — рассоми фаронсавӣ, яке аз саромадони импрессионизм ва символизм дар санъати тасвирӣ.

Пол Гоген
фр. Paul Gauguin
Суратҳо
Таърихи таваллуд 7 июн 1848(1848-06-07)[…]
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт 8 май 1903(1903-05-08) (54 сол)
Маҳалли даргузашт
Мамлакат:
Жанр такчеҳра, наққошии манзара[d], figure[d], жанри ҳунар[d] ва табиъати беҷон
Имзо Пол Гоген
Пол Гоген Парвандаҳо дар Викианбор

Зиндагинома

Пас аз хидмати сарбозӣ (1871) дар Порис ба наққошӣ алоқа пайдо мекунад (К. Кора, Э. Манэ, Гоген Курбе аз идеалҳои ӯ буданд) ва тадриҷан худ ба кашидани расму тасвир мепардозад. Соли 1876 дар Солона бори нахуст мусаввараи хешро ба намоиш мегузорад; осори импрессионистҳоро ҷамъоварӣ карда, бо К. Писсаро, ки дар ташаккули ҳунарии ӯ таъсири бузурге гузоштааст, ошно мешавад. Солҳои минбаъда ба таври муназзам дар намоишгоҳҳои импрессионистҳо ширкат карда, дар доираҳои мусаввирон машҳур мешавад. Аммо бар асари буҳрони соли 1883 аз шуғли хеш маҳрум гашта, баъдан бо тасмими қатъӣ куллан ба санъат рӯ овард. Осори муосиронаш П. Сезанна, ки дар ин муддат аз импрессионизм хеле дур рафта буд ва Ж. Сёра ба Гоген таъсири бузург расониданд. Аммо тасвирҳои ӯ ба мисли дигар импрессионистҳову рассомони наздик ба онҳо дар миёни ҷамъият муваффақият пайдо накарданд. Соли 1887 аввал ба Панама, сипас ба ҷазираи Мартиник сафар мекунад. Гоген зери таъсири табиати тропикӣ дар он ҷо бо шавқи тамом як силсилаи наққошиҳое дар матоъ меофарад, ки бори нахуст нишонаҳои сабки хосси ӯ намоён мегарданд. Аммо аз фақру нодорӣ дубора ба Порис баргашта, баробари рассомӣ ба сафолсозӣ ва ҳайкалтарошӣ низ мепардозад ва аз пешсафони ҷараёни навзуҳуре мегардад, ки он баъдан постимпрессионизм ном гирифт. Соли 1891 ӯ ба Полинезия (воқеъ дар ҷазираҳои Таити) рафта, то охири умр дар он ҷо монд ва дар асарҳояш бештар ҳаёти мардуми ин кишварро тасвир намуд. Гоген (дар қиёс бо академистҳову реалистҳову импрессионистҳо) на ҳар он чӣ, ки дидааст, ба тасвир кашидааст, балки тимсолҳои хешро омехта бо тахайюли бадеияш барои ифодаи мароми хеш истифода бурдааст. Асарҳои намоёни Гоген: «Зуҳур пас аз саҷда» (1888), «Масеҳои зард» (1889), «Қаҳвахона дар Арл» (1888), «Гузаргоҳи дарё» (1901), «Заринбаданҳо» (1901) ва ғ.

Нигористон

Эзоҳ

Адабиёт

  • Кантор-Гуковская А. С. Поль Гоген. Жизнь и творчество. М., 1965.
  • Энциклопедияи советии тоҷик. Ҷ. 2. Д., 1980;
  • Новая российская энқиклопедия. Т. IV (2). М., 2008.

Сарчашма

Tags:

Пол Гоген ЗиндагиномаПол Гоген НигористонПол Гоген ЭзоҳПол Гоген АдабиётПол Гоген СарчашмаПол Гоген7 июн8 майd:Q2178729d:Q37693Алифбои овонигории байналмилалӣЗабони фаронсавӣПорисРассомСоли 1848Соли 1903

🔥 Trending searches on Wiki Тоҷикӣ:

АврупоРӯзи ҒалабаПӯсидагии дандонСурайё ҚосимоваТахачХизматчии давлатӣФотосинтезПеруПанҷакентВебНоҳияи ШаҳристонҶаббор РасуловҚирғизистонВакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии ТоҷикистонСифатГвардияи миллии Ҷумҳурии ТоҷикистонДаосизмАдлияorcniҲиндуияКалисои протестантӣТелевизиони ТоҷикистонСарезХадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии ТоҷикистонТоҷикон (китоб)ЗарафшондарёБарномаи таълимӣНоҳияи ВарзобСаноати ТоҷикистонҲокимияти сиёсӣВикиманияҲуқуқшиносӣИнтернетВавилон-МобайлВашингтон (шаҳр)ИстаравшанФирдавсӣАрастуПуркунандаДмитрий МенделеевФоробӣЗабони порсии миёнаПизишкӣДавлати исломии Ироқу ШомСозмони ҳамкории ШанхайWindows XPВикипедияҶомеаи шаҳрвандӣАкти ҳуқуқи истифодаи заминМаркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии ТоҷикистонҲиссача (дастури забон)ВитаминҳоВарзишАҳолии ЗаминҶонибеки МуродАбулқосим Фирдавсӣ. «Шоҳнома» (Дастхат)Нишони ТоҷикистонИдеологияИдҳои ТоҷикистонГалактикаСаломатӣРамзҳои давлатии ТоҷикистонАндози заминТабхолАбдуллои СултонБиогеосенозЗабони тоҷикӣИсмоилияҲормонРамзнигорӣАдабиёти кӯдакГардиши хунҲуқуқи оилавӣДонишгоҳи славянии Русияву ТоҷикистонБемориҳои дилИттиҳоди Аврупо🡆 More