Ордени Зарринтоҷ

Ордени Зарринтоҷ  — ордени давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо он ходимони давлатию ҷамъиятӣ ва дигар шаҳрвандон барои хидматҳои бузург дар назди давлат, фаъолияти босамари давлатӣ ва ҷамъиятию сиёсӣ, барои саҳми шоиста ҷиҳати татбиқ намудани ислоҳоти демократӣ ва иқтисодӣ, рушди илм ва фарҳанг, барои хидматҳои махсус дар ҳифзи Ватан, барои фидокорӣ ва шуҷоати шаҳрвандӣ дар истиқрори сулҳ, устуворӣ ва таҳкими давлатдории тоҷикон сарфароз гардонида мешаванд.

Ордени Зарринтоҷ
Кишвар
Дараҷаи болотар Ситораи Президенти Тоҷикистон
Дараҷаи пойинтар Ордени Исмоили Сомонӣ
Service ribbon image
Гурӯҳи барандагони ҷоизаҳо Гурӯҳ:Дорандагони ордени Зарринтоҷ

Дараҷаҳо

Ордени Зарринтоҷ дорои дараҷаҳои зерин мебошад:

  • ордени Зарринтоҷ дараҷаи I;
  • ордени Зарринтоҷ дараҷаи II;
  • ордени Зарринтоҷ дараҷаи III.

Аз рӯи дараҷа ордени Зарринтоҷ дараҷаи I эътибори баландтар дорад. Сарфарозгардонӣ бо тартиби пайдарҳамӣ — ордени Зарринтоҷ дараҷаи III, II ва I амалӣ карда мешавад.

Ордени Зарринтоҷ дараҷаи I

Ордени Зарринтоҷ дараҷаи I дорои нишон ва ситора буда, нишон бо тасма аз болои китфи рост ва ситора дар тарафи чапи сина овехта мешавад.

Бо ордени Зарринтоҷ дараҷаи I сарфароз гардонида мешаванд:

  • роҳбарони давлатҳо, ҳукуматҳо ва парламентҳои давлатҳои хориҷӣ;
  • роҳбарони вазорату идораҳои давлатҳои хориҷӣ;
  • роҳбарони намояндагиҳои ташкилотҳои минтақавӣ ва дигар ташкилотҳои байналмилалӣ;
  • роҳбарони мақомоти ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • шахсе, ки мансаби давлатии ҳокимияти давлатиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ишғол менамояд ва вазъи ҳуқуқиаш бо Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад;
  • шахсе, ки мансаби сиёсии хидмати давлатиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ишғол менамояд ва чун қоида бо ордени Исмоили Сомонӣ дараҷаи I ё ордени Ситораи Президенти Тоҷикистон дараҷаи II ё ордени Зарринтоҷ дараҷаи II мукофотонида шудааст;
  • дигар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастовардҳои нав, ки қаблан бо ордени Исмоили Сомонӣ дараҷаи I ё ордени Ситораи Президенти Тоҷикистон дараҷаи II ё ордени Зарринтоҷ дараҷаи II мукофотонида шудаанд.

Ордени Зарринтоҷ дараҷаи II

Ордени Зарринтоҷ дараҷаи II дорои нишон буда, онро мардҳо бо тасма дар гардан ва занҳо бо тасмабанд дар тарафи чапи сина меовезанд.

Бо ордени Зарринтоҷ дараҷаи II сарфароз гардонида мешаванд:

  • шахсе, ки мансаби давлатии ҳокимияти давлатиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ишғол менамояд ва вазъи ҳуқуқиаш бо Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад;
  • шахсе, ки мансабҳои сиёсӣ ва категорияи олии маъмурии хидмати давлатиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ишғол менамояд ва чун қоида бо ордени Исмоили Сомонӣ дараҷаи II ё ордени Ситораи Президенти Тоҷикистон дараҷаи III ё ордени Зарринтоҷ дараҷаи III мукофотонида шудааст;
  • дигар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастовардҳои нав, ки қаблан бо ордени Исмоили Сомонӣ дараҷаи II ё ордени Ситораи Президенти Тоҷикистон дараҷаи III ё ордени Зарринтоҷ дараҷаи III мукофотонида шудаанд.

Ордени Зарринтоҷ дараҷаи III

Ордени Зарринтоҷ дараҷаи III дорои нишон буда, он бо тасма дар тарафи чапи сина овехта мешавад.

Бо ордени Зарринтоҷ дараҷаи III сарфароз гардонида мешаванд:

  • шахсе, ки мансаби категорияи олии маъмурии хидмати давлатиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ишғол менамояд;
  • дигар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастовардҳои нав, ки қаблан бо на камтар аз ду орден ё медал ва унвони фахрӣ мукофотонида шудаанд.

Эзоҳ

Tags:

Ордени Зарринтоҷ ДараҷаҳоОрдени Зарринтоҷ ЭзоҳОрдени ЗарринтоҷҶумҳурии Тоҷикистон

🔥 Trending searches on Wiki Тоҷикӣ:

Маориф дар ТоҷикистонВилояти Мухтори Кӯҳистони БадахшонНусратулло МахсумНизоми сиёсӣМаҷмӯъи маҳсулоти дохилӣҲуқуқ ба фаъолияти соҳибкорӣДавлати соҳибихтиёрҶумҳурии Шӯравии Сотсиалистии ТоҷикистонВилояти Бин ДинБемориҳои дилҲуқуқу озодиҳои сиёсӣРӯзи ваҳдати миллӣ (Тоҷикистон)Аркони исломВаҳдат ҲанноновҲахоманишиёнҶӯрабек НазриевҶонишинҳои ишоратӣГулназар КелдӣМаркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии ТоҷикистонКарбонТаърихи ТоҷикистонШерДмитрий МенделеевСулолаи МанғитияАнтонимҳоШӯриши СпитаменМаорифпарварӣАфғонистонСутунмуҳраЧилдухтарон (кӯҳ)Фотеҳ НиёзӣОлами ҳайвоноти ТоҷикистонОшобаВарзиш дар ТоҷикистонАдабиёти кӯдакHTMLИнсонВазорати мудофиаи Ҷумҳурии ТоҷикистонМӯрчаВитамини DБободархон (деҳа, н. Ашт)Кореяи ҶанубӣРивояти суғдӣ (китоб)Водии ЗарафшонЛайлӣ ва МаҷнунДаҳонгирдонТемурмаликАломатҳои роҳСӯҳонАкадемияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии ТоҷикистонФормулаи химиявӣҚонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид»ЧистонФарзонаи ХуршедШуурАлгоритмИнтихоботи президентӣ дар Тоҷикистон (2020)Низоми бонкии ТоҷикистонСармояТобеъшавии Осиёи Миёна ба империяи РусияЗабоншиносӣТоҷмаҳалВазифаи ҳифзи меҳнатЗабони тоҷикӣШоҳаншоҳии СосонӣВазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии ТоҷикистонТаълимЗарфи маконВазифаи ҳифзи ВатанТахачСоиби ТабрезӣМуносибатҳои Тоҷикистон бо РусияАнтисептикаНерӯгоҳи барқи обии РоғунНосири ХусравМуодилаи квадратӣ🡆 More