Коргоҳи пойафзолбарории Маҳина — дар шаҳри Гулистон вилояти Суғд вокеъ аст.
Коргоҳи пойафзолбарории "Маҳина" 14 ноябри соли 2022 бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Гулистон вилояти Суғд ба истифода дода шудааст.Коргоҳ дорои 13 дастгоҳи истеҳсолӣ мебошад, ки аз хориҷи кишвар оварда, васлу насб карда шудаанд. Тавассути дастгоҳҳо дар як рӯз зиёда аз 300 ҷуфт пойафзоли чармӣ истеҳсол карда мешавад. Бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани коргоҳи пойафзолбарории “Маҳина” бештар аз 20 нафар сокини маҳаллӣ бо кор ва маоши хуб таъмин гардиданд. Ашёи хом дар шакли чарм аз хориҷи мамлакат ворид гардида, бо истифода аз технологияи муосир ва дастӣ 20 намуди пойафзоли кӯдакона, мардонаву занона ва ҳарбӣ дӯхта мешавад. Бинои коргоҳ 2-ошёна буда, маҳсулоташ ба талаботи замон ҷавобгӯст ва он ҳамчун ивазкунандаи воридот истеҳсол мегардад. Коргоҳи мазкур дар шаҳри саноатии Гулистон аввалин ба шумор рафта, маҳсулоти он ба бозорҳои шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ интиқол дода мешавад.
Коргоҳи мазкур аз ҷониби соҳибкорзани ватанӣ Ҷаннатой Абдалиева дар доираи эълон гардидани солҳои 2022-2026 ҳамчун Солҳои рушди саноат бунёд гардид.
This article uses material from the Wikipedia Тоҷикӣ article Коргоҳи пойафзолбарории “Маҳина”, which is released under the Creative Commons Attribution-ShareAlike 3.0 license ("CC BY-SA 3.0"); additional terms may apply (view authors). Муҳтаво таҳти иҷозатномаи CC BY-SA 4.0 ва ё дигар дастрас аст. Images, videos and audio are available under their respective licenses.
®Wikipedia is a registered trademark of the Wiki Foundation, Inc. Wiki Тоҷикӣ (DUHOCTRUNGQUOC.VN) is an independent company and has no affiliation with Wiki Foundation.