Конститутсияи Ҷшс Тоҷикистон

Конститутсияи ҶШС Тоҷикистон - Қонуни асосии ҶШС Тоҷикистон, ки сохти чамъиятию давлатии онро инъикос менамуд, принсипҳои ташкилёбию фаьолияти органҳои ҳокимият ва идоракунии давлатӣ, ҳуқуқу вазифаҳои гражданҳо ва системаи интихоботи советиро ба тариқи қонунӣ мустаҳкам мекард ва барои қонунгузории чумҳурӣ базаи ҳуқуқӣ мебуд.

Нахустин Конститутсияи Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон 25 феврали соли 1931 дар Анҷумани 4-уми Шӯроҳои ҶШС Тоҷикистон қабул гардид, ки он аз лиҳози қонунӣ раванди таъсисёбии давлати соҳибистиқлоли тоҷиконро дар ҳайати ИҶШС таҳким бахшид.

Мутобиқ ба мафкураи марксистӣ-ленинӣ, нимаи солҳои 30-юми қарни ХХ сотсиализм дар ИҶШС бо пуррагӣ дар доираи як мамлакат ғалаба намуд. Ин маънои онро дошт, ки нақшаи ленинии сохтмони сотсиализм, яъне индустриякунонии сотсиалистӣ, коллективонии сотсиалистии хоҷагии қишлоқ ва инқилоби маданӣ амалӣ гардида, зарурияти қабули Конститутсияи нав ба миён омад.

Аз ин лиҳоз, мувофиқ ба Конститутсияи соли 1936-уми ИҶШС, 1 марти соли 1937 Конститутсияи нави ҶШС Тоҷикистон қабул карда шуд. Ин Конститутсияи Тоҷикистони шӯравӣ (Конститутсияи ҶШС Тоҷикистон) 41 сол амал намуд.

Конститутсияи охирини ҶШС Тоҷикистон мутобиқ ба Конститутсияи соли 1977-уми ИҶШС, апрели соли 1978 таҳия ва қабул шуда, бо ворид карда шудани якчанд тағйиру иловаҳо 16 сол ҳамчун Қонуни Асосии Тоҷикистон амал намуд.

Нигаред

Эзоҳ

Tags:

Қонуни асосӣҶШС Тоҷикистон

🔥 Trending searches on Wiki Тоҷикӣ:

Баробарҳуқуқии зану мардҲизби демократи ТоҷикистонПорисИсмҳои танҳо ва ҷамъБароккоДавлати ФаластинБаҳри ХазарОриёӣВикипедияи ТоҷикӣСолшумории мелодӣГулгардонӣОрдени КанадаНамозБуддоияБактерияҳоАбдуҷаббор РаҳмонзодаАбдурраҳмони ҶомӣҶигарГумрукСайёҳӣ дар ТоҷикистонНоҳияи СангворАртиши ТоҷикистонИроқТеатри ЛоҳутӣСурияКамоли ХуҷандӣСафар СулаймонӣСаттор ТурсунВолейболМусаввирПиряхИсроилҒалтаки индуктивӣСаффориёнРухсатии ҳарсолаи пардохтшавандаи меҳнатӣНоҳияи Абдураҳмони ҶомӣСамаки айёрЗабонҳои ҳиндуаврупоӣКӯлобАвестоНоҳияи ПанҷакентДонишкадаи исломии ТоҷикистонДастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии ТоҷикистонХабари феълӣСуруди миллии ПокистонХурмоСифати нисбӣБедилВазорати фарҳанги Ҷумҳурии ТоҷикистонБарфНоҳияи ҶайҳунНишони давлатии Ҷумҳурии ТоҷикистонBЗаминларзаТемурмаликСадонокҳоМуҳаммад ибни Мӯсои ХоразмӣИонДонишкадаи кӯҳию металлургии ТоҷикистонМучалДушанбеҚарзАспАлагоасЧингизхонАлишер НавоӣИбни ЯминИдҳои ТоҷикистонБемориҳои сироятӣҚазоқистонТоҷикон дар аҳди муғулҳоЗайнуддин Маҳмуди ВосифӣСиёсатмадорСаъдӣ3 июл🡆 More